Предыдущая публикация
▶Ишқ ва дарду ғам◀ →Қиссаҳои ҳаёти←

▶Ишқ ва дарду ғам◀ →Қиссаҳои ҳаёти←

7 апр

Бархурд

Қисми 49 Суҳбати Шоҳина бо Фарҳод ҳақиқати мудҳишро ошкор кард. Шоҳина на танҳо маъшуқаи Маматбой, балки қасоскорие буд, ки ӯро дидаю дониста ба сӯи марг мебурд. "Дар рӯйхат будани ӯ маънои онро дошт, ки вай ба вируси ОИВ (ВИЧ) гирифтор аст ва ин дардро огоҳона ба Маматбой сироят кардааст. ​— Фарҳод, — Шоҳина ба камераи пеши телефони худ нигоҳ карда, лабҳояшро газид. — Ман ҳамроҳи худам ӯро ҳам ба гӯр бурда истодаам. Аз ин зиёдтар қасос намешавад. Акнун маро ором гузор. Мехоҳам боқимондаи умрамро мисли одам зиндагӣ кунам. ​Шоҳина сумкаашро гирифту Фарҳодро танҳо гузошта аз қаҳвахона баромад. Вай акнун намедонист ба куҷо равад, вале холигии дарунаш ӯро ба сӯи қабри модараш мекашид. ​Маматбой дар ҳуҷрааш танҳо, аз тиреза ба иморати нави дар ҳоли сохтмон нигоҳ карда нишаста буд. Ӯ имрӯз ба ҳеҷ ҷо набаромад. Хайрият, ки шаб ягон ҳодисаи шармандавор рух надод. Донаҳои сурхи баданаш ва арақкунии беист ӯро на танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, балки аз ҷиҳати рӯҳӣ ҳам азоб медоданд. Дар миёни фикрҳояш телефонаш занг зад — ин аз шифохона буд. ​— Маматбой ака, таҳлилҳои хун омодаанд. Шумо бояд фавран ба марказ биёед. Дар бадани шумо на танҳо вирус, балки заҳролудшавии сахт аз маводи доруворӣ низ муайян карда шуд. Ҳар як дақиқа ғанимат аст... ​Маматбой телефонро аз дасташ афтонд. Тамоми ҳаёташ аз пеши чашмонаш гузашт. Наход бо вуҷуди истеъмоли ин қадар доруҳои гаронбаҳо, боз ҳам натавонад умри дароз бинад? Маматбой бо азобе назди оина рафта, ба акси худ нигарист. Дар он ҷо дигар он бойи "оламро ларзонанда" не, балки як шарпае меистод, ки чашмонаш фурӯ рафта ва дар рӯяш доғҳои зарду сиёҳ пайдо шуда буданд. ӯ аз акси худ тарсид. ​— Пул... пул ҳама чизро ҳал мекунад, — пичиррос зад ӯ бо овози ларзон.  Беҳтарин духтурҳоро меорам. Ба Олмон, ба Исроил меравам... ​Аммо ӯ ҳанӯз намедонист, ки он доруҳои "гаронбаҳо"-е, ки менӯшид, дар асл аз ҷониби Фарҳод ба заҳр табдил дода шудаанд ва ҷигари ӯ аллакай ба таҷзия (пусидан) шурӯъ кардааст. Вирус бошад, бадани бе масуниятро бераҳмона хӯрда истода буд. Акнун бо пул харидани шифо аз эҳтимол дур буд. ​Маматбой сейфи ҳуҷраашро кушод. Дар он ҷо даста-даста долларҳо, маснуоти тиллоӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳим меистоданд. ӯ боигарии худро ба оғӯш кашид, вале тиллоҳо дарди баданашро пахш накарданд ва долларҳо нафаскашиашро осон нанамуданд. Ду баста долларро гирифта ба ҷайбаш андохту сейфро аз нав баст. Сипас ба назди духтур равон шуд. ​Вақте Шоҳина ба қабристони канори шаҳр расид, офтоб дар авҷи фалак буд. У дар болои қабри модараш зону зад. Пешонаашро ба санги сард гузошту аламҳое, ки солҳо дар дарунаш ҷамъ шуда буданд, ба шакли ашк ҷорӣ шуданд. ​— Модарҷон... — пичиррос зад ӯ. — Он одаме, ки шуморо хор кард ва боиси марги падарам шуд, акнун ҷазояшро гирифт. Ман ба хуни ӯ заҳр ҳамроҳ кардам, умраш ба охир расида истодааст. Акнун бо ҳазор азоб мемирад. Вале... вале чаро дар қалбам оромӣ нест? Чаро худро мисли қотил ҳис мекунам? ​Шоҳина акнун фаҳмид: интиқом одамро наҷот намедиҳад, балки ӯро ҳам ҳамроҳи худ ба қаъри варта мекашад. — Қасоси худро аз инсоне, ки боиси бадбахтии оилаи мо шуда буд, гирифтам. Оё аз ман розиед, оча? Шоҳина гиря кард ва сипас ба бахшиш пурсидан шурӯъ намуд: — Маро бубахшед... Духтари гунаҳгори худро бубахшед. ​Соҳиба аз пулҳои додаи Гулзора бозорӣ карда, бо мазза хӯрдаву нӯшида, телевизор тамошо карда мешинад. Фақат кӯдакаш сиҳату саломат таваллуд шавад, тамом. ӯро ба он апаи бой месупорад. Баъд агар ба касе зани дуюм шуда гирад, марра аз они ӯст. ​Феруза рӯз дар миён ба ӯ паём менависад, вале занг намезанад. Афташ, намехоҳад ӯро безобита кунад. Дар асл, Феруза метарсад, ки Соҳиба кӯдакашро намедиҳад. Мана, Феруза ҳозир шоколадҳои гаронбаҳо ва витаминҳоро дода, аз қабули духтур мебаромад, ки ӯро як ҷавоне садо кард. Он ҷавон чунон озода буд, ки ҳатто ба ягон ҷои либосаш гард нанишаста буд ва пойафзолҳояш дурахшида меистоданд. ​— Апаи Феруза. — Шумо маро фарёд мекунед? — Ҳа, шуморо. — Тинҷӣ аст? Ба фикрам, мо бо ҳам шинос нестем. — Ҳа, шинос нестем. Аммо ман бояд ба шумо як-ду гап гӯям. — Майлаш. Панҷ дақиқа кифоя аст? — Ҳа. Як акс нишон медиҳам, ҳамонро тасдиқ кунед, тамом. ​Онҳо ба курсии шифохона нишастанд. Ҷавони ношинос аз ҷайбаш аксе бароварда нишон дод. — Ин кӣ дар акс? ӯро мешиносед? Чашмони Феруза калон кушода шуданд. — Ҳа. — Ман ҳам медонистам, ки шумо ӯро мешиносед. ​Имрӯз рӯзи сеюми азодорӣ аст. Бо ҳамин тамоми маросимҳо ба охир мерасанд. Висола дар назди Лайло нишастааст. — Дирӯз омада натавонистам. Аҳволат хуб аст? — Хуб, раҳмат. — Бо домод гап зада гирифтӣ? — Ҳа апа, ҳамааш ҷояшба. Хавотир нашавед. — Акнун мегӯӣ, ки чаро вай он гапҳоро (дар бораи интиқом) гуфта буд? — Гуфт, ки модараш ба сабаби оилаи мо азоб кашидааст ва баъд додараш ҳам ба ҳамин сабаб мурдааст. — Ҳммм, фаҳмо. Ба фикрам, мо ба рӯзе расидаем, ки ҳама чиз ошкор мешавад. Бо ин гапҳо чӣ гуфтан мехоҳед, апа? — Ман бояд бо шавҳарат гап занам. То кай модарам бегуноҳ гунаҳкор ҳисоб мешавад? Дадаам бояд ҳақиқатро бидонад. — Агар гунаҳгорон ба гардан нагиранд-чӣ? Агар хусурам дар ҳақиқат айбдор бошад-чӣ? — Малик бо мубориза бо ту издивоҷ кард-ку, то охир туро ҳимоя мекунад. Ба ин бовар дорам. ​Мурод аз он ки ҳама чиз ҳамвор рафта истодааст, хеле хурсанд аст. — Пас, он одаме, ки меҷустӣ, пайдо шуд-да? — устод бо ифтихор ба шогирдаш нигариста гап зад. — Албатта, шумо медонед, ки ман кӣ ҳастам. Метавонам гӯям, ки барои ин кор умрамро додам. — Дар асл фикр мекардам, ки аз баҳраш намебароӣ. Ҳатто молҳои ғайриқонуниро ҳам аниқ кардаӣ. — Дар ин ҷо савдои доруҳое, ки аз хориҷа пинҳонӣ оварда мешаванд, низ ҳаст. Бо як-ду дорухона шартнома баста, ба фурӯш баровардаанд. Ҳоло инро боздошта истодаам. — Эҳтиёт шав. — Эҳтиётем, "дасти рости" шумо ҳамеша аз об хушк мебарояд. — Агар чунин намебуд, аз чунин шогирд даст мекашидам. Ҳарду хандиданд. ​Зарнисо суханҳои Алиро бо диққат гӯш карда, пай намебурд, ки чӣ тавр торафт ба ӯ одат карда истодааст. ​— Зарӣ, тӯйро кай мекунем? Аз саволи ногаҳонӣ духтар худро гум кард. Вай ҳанӯз ҳам худро сазовори Алӣ намедонад. — Алӣ ака, шумо фикри маро дар ин бора медонед-ку. — Ту чаро номи он одамро ба ман намегӯӣ? — Намедонам. — Медонӣ, чашмонат дурӯғ гуфта наметавонанд. Дар қалби Зарнисо аз суханҳои Алӣ тарс ва алам бо ҳам бархӯрданд. Гарчанде нигоҳи пур аз меҳри Алӣ барояш мисли як қалъаи наҷот менамуд, вале хотираи сарди он шаби машъум мисли занҷир аз пояш мекашид. ​Алӣ дастҳои ларзони Зарнисоро сахт фишурд. Дар нигоҳи ӯ на танҳо ишқ, балки мардӣ ва хоҳиши ҳимоя кардан шӯъла мезад. ​— Зарӣ, он касе, ки набошад, барои азобе, ки ба ту додааст, ҷавоб хоҳад дод. Барои ман гузаштаи ту не, балки ояндаат муҳим аст. Агар ту нагӯӣ, ман худам ӯро меёбам. Вай кист? ​Лабҳои Зарнисо ларзиданд. Вай мехост ба Алӣ тамоми ҳақиқатро гӯяд — гӯяд, ки он пасткаш аслан бегона нест ва Алӣ ӯро хуб мешиносад. Аммо медонист, ки агар ин ҳақиқат ошкор шавад, боз хун рехта мешавад. ​— Агар... агар боз дар ин мавзӯъ гап занед, бовар кунед, маро дигар намебинед. — Бубахш, ки захматро нав кардам. Аммо тоқат карда наметавонам, ки вай дар куҷое кайфу сафо карда гардад. ​Зарнисо ҳарчанд мехост бигӯяд, вале лаб фурӯ баст. Ошкор шудани пастиҳои падараш дар назди Алӣ ӯро боз ҳам бештар дар назди замин шармсор мекард. ​Висола он китоби Қуръонеро, ки аз сӯхтор монда буд, мехонд. Аз байнаш як-ду сураро ҳам нусха бардошта гирифт. Бояд инҳоро ба Суҳроб ёд диҳад. ​Ҳангоми варақ задани китоб, вай ногаҳон хатеро аз байни он ёфта, ҳайрон шуд. Гумон намекард, ки дар байни китоб чизе бошад. Хат дар коғази хеле тунук навишта шуда буд ва дар байни саҳифаҳо аслан маълум намешуд. Ин хат ба Зебо (модари Суҳроб) тааллуқ дошта, ду рӯз пеш аз маргаш навишта шуда буд. ​Вай оҳиста ба хондани хат шурӯъ кард: ​"Медонам, ки шоми умрам наздик шудааст. Танҳо аз он афсӯс мехӯрам, ки як сир ҳамроҳи ман ба қабр меравад. Ҳамсари пеш аз ман ро шавҳарам куштааст. Инро вақте ки вай бо хоҳараш гап мезад, фаҳмида мондам. Ба хотири оилаам ин қадар сол дар дарунам ниҳон доштам. Аммо пушаймонам. Вақтҳои охир хеле беқарорам, ҷасади Олима бояд аз ҳамин хона ёфт шавад. Аниқашро намедонам. Инро ба ғайр аз худи шавҳарам каси дигар намедонад. Чунки ҳатто хоҳараш ҳам хабар надорад. ​Ман бошам ба он хонаҳои кӯҳна шубҳа дорам. Дар ҳақиқат хонаи беҳаловат ва бефайз буд. Ҳар бор, ки медаромадам, оятҳо мехондам. Шояд дар боғ гӯр шуда бошад. Аммо аниқ аст, ки аз ин хона берун нарафтааст. Ҳар касе ин хатро ёбад, ба милитсия супорад. Бигзор рӯҳи он зани бечора ҳам оромӣ ёбад." ​Дастҳои Висола ларзиданд. Пас, он овози гиряе, ки аз хона меомад, бесабаб набудааст-да? Вай фавран ба Суҳроб занг зад. ​— Алло. — Висола, тинҷӣ аст? — Тез биёед. Наоед, намешавад. ​Дар зарфи ним соат Суҳроб ба хона расид. То он вақт барои Висола вақт гӯё мисли сол дароз менамуд. — Чӣ гап? — Суҳроб ба ҳуҷра даромада аз занаш пурсид. Висола хатро ба ӯ дароз кард. ​Суҳроб ҳангоми хондани хат дар ҳайрат монд. — Ин... ин хати модарам аст. — Аз байни китобҳои модарҷон баромад. Кори Аллоҳро бинед, дар миёни он қадар сӯхтор ин китоб ва хати дарунаш солим мондаанд. Аҷиб, ҳа? — Акнун чӣ кор кунем мегӯӣ? — Суҳроб дар ҳолати карахтӣ буд. — Намедонам, вале оё шумо метавонед он хонаро вайрон кунед? ​Суҳроб сарашро хорид. Баъд суханҳои падараш дар ёдаш зинда шуданд. Чанд бор, ки устоҳо мегуфтанд: "Ин хонаҳои кӯҳна ҳусни ҳавлиро вайрон мекунанд", падараш якравӣ карда, мегуфт: "Ин аз падарам мондааст". Пас, дар ин ҷо гапи дигар будааст-да. ​— Пеш аз он ки инро ба милитсия супорем, бояд бо аммаам гап занам. — Дар хат навишта шудааст-ку, ки вай намедонад? — Бигзор танҳо кушта шуданашро тасдиқ кунад, кифоя. — Магар хати модарҷон кофӣ нест? ​ДАВОМ ДОРАД...
Бархурд - 5358799997734

Агар хоҳен давомаш тез барояд. Дастгириро фаромуш накунед.

Комментарии 8

Барфаки Зимистон
Барфаки Зимистон
Офарин. Каламатон доимо бурро бошад
7 апр
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Гулбону Гулбону
    Гулбону Гулбону
    Худоë одами вахшиям, будаастдаа? Муаллиф рахмат тезтез нависед
    7 апр
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    О s i я ♑♑♑
    О s i я ♑♑♑
    Ооо бехтарин саломат бошед хама вакт!
    7 апр
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    О s i я ♑♑♑
    О s i я ♑♑♑
    50 умро интизорем бесаброна....
    7 апр
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Абубакр Саидов
    ответил Гулбону
    Одами вахши кашидани азобу дардаша сар каросад давомаша интизорем
    7 апр
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    МУХАММАДИ ДОВУД
    Худкардаро даво нест
    7 апр
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    МУХАММАДИ ДОВУД
    Асои Аллоҳ садо надорад Агар занад даво надорад
    7 апр
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    МУХАММАДИ ДОВУД
    Раҳмат ба муаллиф
    7 апр
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    ▶Ишқ ва дарду ғам◀ →Қиссаҳои ҳаёти←

    ▶Ишқ ва дарду ғам◀ →Қиссаҳои ҳаёти←

    ЛентаТемы 3 707Фото 4 181Видео 1Участники 49 193
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 3 707
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться