
Фильтр
Нома пеш аз марг...
Ин сатрҳоро рўзе мехонӣ, ки муаллифаш хуфта зери хок, орзую ҳавасҳои ҷавониро надида, бо ормонҳои зиёд рафта аз ин дунёи бевафо. Бо орзуҳои неку ҳавасҳои ҷавонӣ ба шавҳар баромадам. Шавҳарам Ҳофиз дўст медошт марою ман ўро, меҳрубон буд бо ман. Диламро пур намуд, ки бахтамон завол намеёбад то охири умр, шодию ғамро бо ҳам мебинем, нигаҳбон мешавем якдигарро дар солимию маризӣ. Зиндагии бо муҳаббати пок оғоз ёфта ширин асту гуворо ва фаромўш ношуданӣ. Тавлиди тифлаки якум шавҳарро боз меҳрубону пурнавозиш намуд бо ман, олами афсонавие кушод ба рўямон. Самари умр дида, меболидам аз бахту шукр мегуфтам насибаи тақдирро. Фарзанди дуюм ҳам ба дунё омаду зиндагӣ рангу тар- Класс!40
- Класс!369
- Класс!320
- Класс!98
добавлена вчера в 18:58
Бархурд
Қисми 59 Ҳангоми ба хок супоридани майит, танҳо Суҳроб воқеан сӯхту афсӯс хӯрд, зеро падарашро хеле дӯст медошт. Сардор бошад, чун ҳамеша тарафдори модараш буд, хомӯш меистод. Комилро бошад, ҳисси пушаймонӣ ва андеша азоб медод: падараш дар он дунё барои гуноҳҳояш чӣ гуна ҷавоб медода бошад? Вақт гузашт. Рӯзҳои азодорӣ ба охир расиданд ва ҳаёт дубора ба маҷрои худ баргашт. Вақт номи Маматбойро оҳиста-оҳиста аз хотираҳо пок мекард. Як рӯз Алӣ ва Зарнисо барои меҳмонӣ омаданд ва дар гирди дастурхони шом нишастанд. — Мо бо як хушхабар омадем, — Алӣ пас аз каме суҳбат оғози сухан кард. — Чӣ хел хушхабар? — пурсид Комил бо ҳайрат. — Хоҳарамро ба Сардор медиҳем. Мо бехабар, онҳо аллакай- Класс!22
добавлена вчера в 02:45
Бархурд
Қисми 58 Вақте ашки Маматбой ба фарши намноки маҳбас мечакид, ӯ бори аввал дарк кард, ки то чӣ андоза паст рафтааст. Ӯ аллакай ҳамон дасташро, ки бо он Олимаро корд зада буд, аз даст дода буд, акнун бошад, тамоми баданаш ба ӯ хиёнат мекард. На таҳдидҳои нозирон ва на муносибати сарди табибон оташи дӯзахи даруни ӯро хомӯш карда наметавонистанд. Чизи охирине, ки ӯ ба ёд овард — нигоҳи Олима дар лаҳзаи маргаш буд. Он вақт ҳам Олима на бо нафрат, балки бо раҳм ба ӯ нигариста буд. — Эҳ, ин чоли бадбӯй боз шалворашро тар кардааст. Нигоҳ кунед ба ин! Нозирон низ биниашонро гирифта, аз наздаш мегузаштанд. Пас аз даҳ рӯз суханони Алӣ амалӣ шудан гирифтанд. Имшаб ҳамон шаби бахтест, ки Зарн- Класс!22
добавлена 17 апреля в 18:00
Бархурд
Қисми 57 Фишори хунаш паст шуда истодааст! — дод зад ёвари ҷарроҳ. Дар шуури Маматбой бошад, манзараи комилан дигар намоён мешуд. Ӯ дар ҳамон ҳавлии кӯҳна, дар ҳуҷрае, ки фаршаш ҳанӯз канда нашуда буд, меистод. Дар рӯ ба рӯяш Олима... Дар гардани ӯ ҳамон занҷири тиллоӣ медурахшид. Олима ба ӯ ҳеҷ чиз намегуфт, танҳо бо нигоҳи маҳзун ба ӯ даст дароз мекард. — Бубахш... — пичиррос заданд лабҳои Маматбой дар дунёи воқеӣ. Шифокор сарашро бо афсӯс ҷунбонд: — Дастро наҷот дода наметавонем. Аммо дар ин ҳолат худи бемор ҳам дер нахоҳад зист. Организм аллакай заҳролуд шудааст. Маматбой дарк намекард, ки дасте, ки Олима дар олами хаёл дошта буд, дар ҳаёти воқеӣ бурида мешуд. — Ба фикрам, заҳ- Класс!20
добавлена 17 апреля в 07:34
Бархурд
Қисми 56 Кай худамро канор кашидам? Зарнисо лабашро бо ноз дур кард. — Барои падарат мутаассифам. Бубахш, — Алӣ оҳи сарде кашид. — Ман ҳам... Аммо тавре ки модарам мегуфтанд, ҳар кас ҳар чӣ корад, ҳамонро медаравад. — Падарат имконият дошт. Ман борҳо ба ӯ ёдрас кардам, вале гӯш накард. — Умри модарам ҳам фақат бо даъват кардани дадаам ба роҳи рост гузашт. Чашмони Зарнисо пур аз ашк шуданд. Алӣ суханро идома дод: — Вақте акаат Сардор дар бораи зане бо номи Ҳамида гап зад, ман ӯро ҷустуҷӯ карда, ки буданашро ёфтам. Маълум шуд, ки ӯ хоҳари Фарҳод будааст. Дар ҳоле ки Алӣ гап мезад, зеричашмӣ Зарнисоро бодиққат назорат мекард. — Фарҳод барои интиқом гирифтани хоҳараш ба оилаи шумо наз- Класс!26
добавлена 16 апреля в 08:35
Бархурд
қисми 55 Бел боз як бори дигар ба чизи сахте бархӯрд. Устоҳо ба якдигар нигоҳ карданд. Садои баланди атроф якбора хомӯш шуд ва диққати ҳама ба ҳамин нуқта равона гашт. — Эҳтиёт бошед! — гуфт Алӣ. Хокро бо даст канор заданд. Вақте гӯшаи матоъро кашида бароварданд, кӯрпаи кӯҳнаи пахтааш пӯсида намоён шуд. Дили Суҳроб таҳ кашид. — Кушоед... — гуфт ӯ бо душворӣ. Вақте матоъро кушоданд, яке аз устоҳо худро ба ақиб кашид. — Астағфируллоҳ... Дар дохили кӯрпа устухонҳои одам намоён буданд. Аз ҳама аҷибаш он буд, ки занҷири тиллоӣ дар он ҷо медурахшид ва вақте хокашро пок карда хонданд, навиштаҷоти "Олима" соҳиби ҷасадро ошкор кард. — Пас рост будааст... — пичиррос зад ӯ. Алӣ нафаси амиқ ка- Класс!25
добавлена 12 апреля в 18:36
Бархурд
Қисми 54 Росташро гӯям, дар ҳайратам ва бовар карда наметавонам. — Вақте акаатонро дидед, ин гапро мегӯед. Феруза табассум кард. Вақте мошин дар назди як хонаи зебои дуошёна таваққуф кард, Зарнисо фаҳмид, ки акааш зиндагии осудаву бадавлат дорад. — Дароед, худро мисли хонаи худ ҳис кунед. Дар асл, ман имрӯз ҳама шароитро тайёр карда будам, то шуморо ба меҳмонӣ даъват кунем. Феруза духтарро ба меҳмонхонаи ороёфтаву зебо даровард. Соҳиба аз дарди шадиди шикамаш дод зад. Нафаҳмид, ки чаро ин тавр мешавад. Дирӯз ба назди духтур рафта буд, ҳама чиз хуб баромада буд. Дард паст нашуд. Соҳиба нолакунон худро аз ин сӯ ба он сӯ мезад. Кӯдакаш шашмоҳа шудааст. Ҳанӯз барои таваллуд барвақт аст- Класс!24
добавлена 11 апреля в 18:25
Бархурд
Қисми 53 Сардор ба дасти падараш нигоҳ карда, фаҳмид, ки вазият воқеан ҷиддӣ аст. Дар ҳамин вақт Ҳамзаро дид, ки вориди ҳавли шуд ва ба истиқболи ӯ шитофт. — Хуш омадед, амаки Ҳамза. — Он падари ифлосат дар куҷост? Сардор бори аввал Ҳамзаро бо чунин қаҳру ғазаб медид. — Кист он? Ҳамза ба самте, ки овози Маматбой баромад, равон шуд ва Темур аз паси ӯ. — Биё, Ҳамза. Маматбой хост аз ҷой хезад, вале натавонист. Ҳамза бо дидани Маматбой шах шуда монд. Гӯё рӯи ӯ ба пӯсидан шурӯъ карда буд. — Бигӯ, ман ба ту чӣ бадӣ карда будам? Маматбой бо дидани Темур, ки дар паси Ҳамза меистод, ба ҳама чиз сарфаҳм рафт. Фарҳод дар дискотека бо дӯстонаш машрубот нӯшида, маишат мекард. — Фарҳод, биё, т- Класс!27
добавлена 10 апреля в 19:22
Бархурд
Қисми 52 Суҳроб пас аз суханони Алӣ ба фикри амиқ фурӯ рафт. Пас, дӯсти наздиктарин ва домоди ояндааш дар асл корманди махфие будааст, ки солҳо боз падарашро зери назорат доштааст. Ҳарчанд ин ҳақиқат қалбашро мешӯрид, вале дар вазияти кунунӣ Алӣ ягона такягоҳи ӯ буд. — Фарҳод? — Суҳроб абрӯвонашро чин кард. — Вай ҷавони орому камгап буд-ку. Наход ҷуръат карда бошад, ки ба Зарнисо зарар расонад? — Гап дар ин ҷост, — гуфт Алӣ бо ҷиддият, — оилаи Фарҳод дар як шаб дар миёни оташ мондаанд. Хоҳараш Ҳамида, пас аз он ки дарро аз дарун маҳкам кард, хонаро оташ задааст. Афсӯс, вай интизор набуд, ки падару модараш ҳам ҳамроҳи ӯ хокистар мешаванд. ӯ барои қасос омадааст. Далелҳо дорам, ки ду- Класс!24
добавлена 9 апреля в 16:25
Бархурд
Қисми 51 Алӣ нафаси вазнин кашид ва дасташро ба китфи Суҳроб гузошт. Аз нигоҳаш фаҳмидан душвор буд, ки дар чӣ фикр аст. — Ин тасодуф нест, Суҳроб, — гуфт Алӣ бо овози паст. — Вақте ки корҳои Маматбойро таҳқиқ мекардам, дар миёни ҳуҷҷатҳои кӯҳнаи бойгонӣ (архив) ба як маълумоти ҷолиб дучор шудам. Падарат он вақт барои он ки кӯдакро расман "мурда" нишон диҳад, ба кормандони тиб маблағи калон дода буд. Лекин яке аз ҳамшираҳои он шифохона — Тамара-апа — аз азоби виҷдон кӯдакро бе ягон ҳуҷҷат бо худ бурдааст. Дар хонаи маъюбон кӯдак ба марг маҳкум шуда буд. Дар он вақт мурдани як кӯдаки дигар ба даст дод ва номҳои онҳоро иваз карданд. Алӣ ба сӯи Комил нигариста, табассум кард: — Ман К- Класс!30
добавлена 8 апреля в 14:58
Бархурд
Қисми 50 Ин ёфтаи даҳшатнок фош кард, ки "салтанат"-е, ки Маматбой дар давоми солҳо сохтан мехост, дар асл дар болои хун ва устухонҳо бино шудааст. Тарси Висола асос дошт — вазнинии рӯҳии хона ва овози нолаҳои пайвастае, ки ба гӯш мерасиданд, акнун на хаёл, балки меваи ҳақиқати талх буданд. Суҳроб хатро борҳо аз назар гузаронид ва хотираҳои даврони кӯдакиаш дар пеши чашмонаш зинда шуданд. Ин ки падараш ҳеҷ касро ба он иморати кӯҳнаву бефайз наздик шудан намемонд ва ҳамеша корҳои таъмириро ба қафо мепартофт, акнун асоси мантиқӣ пайдо кард. Олима — ҳамсари аввали Маматбой — расман "бедаракшуда" маҳсуб мешуд. Акнун маълум гашт, ки хоки ӯ дар як гӯшаи ҳамин ҳавлӣ мунтазири адолат хобид- Класс!27
добавлена 7 апреля в 17:12
Бархурд
Қисми 49 Суҳбати Шоҳина бо Фарҳод ҳақиқати мудҳишро ошкор кард. Шоҳина на танҳо маъшуқаи Маматбой, балки қасоскорие буд, ки ӯро дидаю дониста ба сӯи марг мебурд. "Дар рӯйхат будани ӯ маънои онро дошт, ки вай ба вируси ОИВ (ВИЧ) гирифтор аст ва ин дардро огоҳона ба Маматбой сироят кардааст. — Фарҳод, — Шоҳина ба камераи пеши телефони худ нигоҳ карда, лабҳояшро газид. — Ман ҳамроҳи худам ӯро ҳам ба гӯр бурда истодаам. Аз ин зиёдтар қасос намешавад. Акнун маро ором гузор. Мехоҳам боқимондаи умрамро мисли одам зиндагӣ кунам. Шоҳина сумкаашро гирифту Фарҳодро танҳо гузошта аз қаҳвахона баромад. Вай акнун намедонист ба куҷо равад, вале холигии дарунаш ӯро ба сӯи қабри модараш мекашид. - Класс!23
добавлена 6 апреля в 15:10
Бархурд
Қисми 48 Дастони Маматбой ларзиданд, ӯ мизро сахт дошт. Тамоми ҳаёти ӯ — боигарии ҷамъкардааш, нақшаҳои сохтааш ва тасаввури худаш ҳамчун «соҳиби дунё» дар як сония барбод рафт. Бадани ӯ акнун танҳо як гӯшти пӯсида буд. Наход ӯ ба ОИТС гирифтор шуда бошад? — Ин... ин метавонад хато бошад? — пичиррос зад ӯ. — Мо таҳлили хун мегирем, — гуфт духтур бо чеҳраи ҷиддӣ. — Аммо донаҳои сурхи баданатон ва ҳолати шабона (арақ кардан, аз даст додани назорат) аз он шаҳодат медиҳанд, ки иммунитет тамоман аз байн рафтааст. Оё шумо метавонед ба ёд оред, ки аз кӣ сироят ёфтаед? Дар зеҳни Маматбой аввалин шуда Шоҳина пайдо шуд, вале аниқ буд, ки аз ӯ сироят наёфтааст. Чунки вай бори аввал худро б- Класс!26
добавлена 5 апреля в 18:20
Бархурд
Қисми 47 Дар ҳуҷраи дарунӣ Лайло ҳанӯз дар рӯи замин, дар миёни гулҳои парешон ва орзуҳои саробшуда нишаста буд. Ӯ хабари марги Сороро нашунида буд; барои ӯ дунё дар ҳамон лаҳзае, ки Малик аз дар баромад, аз ҳаракат монда буд. Дар ин вақт Висола ба ҳуҷра даромад. Ӯ дар бораи марги Сора шунида, фаҳмид, ки бояд дар канори хоҳараш бошад. Аммо ҳолати Лайло ва ғамгинии шахшуда дар чашмони ӯро дида, Висола ҳайрон шуд. — Лайло... хоҳарҷон, хез, либосҳоятро иваз кун, — Висола бо овози ларзон кӯшиш кард ӯро аз ҷояш бардорад. — Апа, ӯ маро "беномус" гуфт... Гуфт, ки ба ҳама мегӯяд... — Лайло мисли робот гап мезад. — Акнун ман ба куҷо меравам? Падарам маро зинда ба зинда пӯст меканад-ку? —- Класс!23
добавлена 4 апреля в 18:07
Бархурд
Қисми 46 Висола ҳангоми даст гирифтан ба дастаки дари ҳуҷраи хусураш, бӯи тунду нохушеро, ки аз дарун меомад, ҳис кард. Ин бӯй ба омехтаи дору, чизи пӯсида ва боз кадом як моддаи ношинос шабоҳат дошт. Дарро кушода, як қадам ба дарун гузошту аз манзараи дидааш ба даҳшат афтод ва дарҳол ақиб гашта, дарро пӯшид. Ҳолати Маматбой дар болои рахти хоб аз пеши назараш дур намешуд: болои кати кушодамондаи хусураш тар буд ва дар ҳуҷра бӯи тоқатфарсои пешоб меомад. Висола бо вуҷуди ин, боз вориди ҳуҷра шуд ва дару тирезаҳоро кушода монд. Аз афташ, хусураш шаб худашро идора карда натавониста буд. Дар поён бошад, либосҳои таршудаву печонида ба як сӯ партофташуда мехобиданд. Висола ҳарчанд дилаш- Класс!22
добавлена 3 апреля в 10:05
Бархурд
Қисми 45 Маматбой бо қаноатмандӣ ба бастаи пулҳои рӯи стол нигоҳ кард. Барои ӯ роҳи ҳалли ҳар гуна мушкили дунё маҳз ҳамин коғазҳои ранга буданд. Ӯ аслан пай намебурд, ки дар паси нигоҳҳои маъсумонаи Шоҳина чӣ гуна қасоси хунин пинҳон аст ва ашкҳои холаи Ҳуррият танҳо як "спектакл"-и бомаҳорат иҷрошуда мебошанд. Ӯ ба нақше, ки худаш бозида истода буд, қоил шуда, торафт ба тӯре, ки онҳо густурда буданд, мепечид. — Хавотир нашавед, опа, — гуфт Маматбой бо кибр. — Ҳамин фардо дар беҳтарин тарабхонаи шаҳр ҷой банд мекунам. Шоҳина аз ҳеҷ чиз камӣ намебинад. ӯро мисли духтари худам... не, аз он ҳам болотар таьмин хоҳам кард. Вақте ӯ калимаи "мисли духтари худам"-ро ба забон овард, чойн- Класс!30
добавлена 2 апреля в 18:05
Бархурд
Қисми 44 Хумор бошад, аз рафтани духтар (Лайло) бениҳоят хурсанд аст. Ҳар чӣ бошад, як дарди сараш кам мешавад. Агар падараш ин духтарро ба шавҳар диҳад, шояд онҳо боз ба Русия баргарданд. — Мебели духтаратонро ҳам аз беҳтаринаш интихоб кунед. Бигзор даҳони бинандаҳо воз монад. Хумор худаш дар оилаи бой ба воя расида буд, барои ҳамин ҳама чизро, аз ҷумла либосҳоро, аз навъи асл ва гаронбаҳояш мехост. Мебелҳои қиматбаҳоро ҳам якҷоя интихоб карда, ба хонаи домод фиристоданд. Висола нав ба пухтани хӯрок барои устоҳо шурӯъ карда буд, ки Суҳроб омада монд. — Чӣ кор карда истодаӣ? — Хӯрок мепазам. — Бирав ба ҳуҷраамон даро. Дирӯз гуфта будам-ку, ки хӯрок намепазӣ. — Лекин... Дадаҷон (Ма- Класс!21
добавлена 1 апреля в 18:06
Бархурд
Қисми 43 Темур пас аз гусели духтур, муддати тӯлонӣ ба такягоҳи дар такя карда нишаст. Як моҳ... Шояд аз он ҳам камтар. Вақте ӯ ба дохили ҳуҷра ворид шуд, Соро дар миёни болиштҳои сафед мисли шамъи обшаванда мехобид ва чашмонаш бенур менамуданд. — Темур-ака... — овози Соро базӯр ба гӯш расид. — Духтур чӣ гуфт? Ҳамааш тамом шуд? — Не, хавотир нашав, — Темур ангуштони яхбастаи ӯро ба байни кафҳои худ гирифт. — Танҳо гуфт, ки бояд истироҳат кунӣ. Ҳамааш хуб мешавад. Соро заифона табассум кард. ӯ дурӯғро дар чашмони шавҳараш мефаҳмид, вале дар ин дақиқаҳои охир бовар кардан ба ин дурӯғ барои ӯ ягона наҷот буд. — Малик дар куҷост? — Шояд назди келин рафта бошад. Маматбой бо мошини хор- Класс!25
добавлена 31 марта в 17:00
Бархурд
Қисми 42 Сардор ба рақамҳо ва навиштаҷоти рӯйи экран нигариста, нафасаш дар дарун афтид. Дар телефон маълумотҳое буданд, ки нишон медоданд Соҳиба дар як моҳи охир бо кӣ ва чӣ миқдор пул иваз кардааст. Даъватҳо ба бозӣ ва аксҳо бо либосҳои нимурён... — Ин... Соҳиба-ку? — ангуштони Сардор ларзиданд. — Маҳз худаш, — Алӣ овозашро паст карда, ба миз наздиктар шуд. Соҳибаи «бечораи» ту барои Дамаи қиморбоз маблағи калон кор карда истодааст. Акнун худат фикр кун: Соҳиба ин корро беҳуда накардааст. Дама маъшуқаҳои худро ба ин бозӣ мегузорад. Соҳиба танҳо як лӯхтаки дасти ӯст. Сардор карахт шуд. Ҳисси раҳму шафқате, ки нав дар қалбаш бедор шуда буд, ҷойи худро боз ба шубҳа ва нафрат холӣ- Класс!26
добавлена 30 марта в 09:44
Бархурд
Қисми 41 Нигоҳи сарди Сардор қалби Соҳибаро пора-пора кард. Соҳиба, макратро ба кор андоз! Гапи Сардор: «Медонӣ-ку, кӯдак аз ман нест?», барои духтар гӯё ҳукми қатл буд. — Ба ман нигоҳ кун, — гуфт Сардор китфҳои ӯро сахт фишурда. — Агар маро аҳмақ карданӣ бошӣ, хато мекунӣ. Лекин агар... агар дар ҳақиқат ӯ хуни ман бошад, вайро ятими зинда намегузорам. Фақат як шарт дорам: ҳамаашро ошкоро мегӯӣ. Туро бо падарам чӣ мепайвандад? Соҳиба бо хавотир ба телефони ба замин афтодааш нигарист. ӯ медонист, ки Маматбой то чӣ андоза ваҳшӣ буда метавонад. Инро ба зидди худи ӯ истифода мебарад. — Падаратон... — Соҳиба бо овози ларзон гап сар кард. — Вай одами хеле хатарнок аст, Сардор ака. Маро- Класс!31
добавлена 29 марта в 05:20
Бархурд
Қисми 40 Чеҳраи Маматбой якбора дигар шуд. Ин савол ба нуқтаи нозуки ӯ расид. Ӯ ба ҳамсинфаш бо заҳрхандае нигарист, вале кӯшиш кард, ки исёни дарунашро нишон надиҳад. — Саги ман ҳам, муҳофизи ман ҳам — мана ҳамин писаронам, — гуфт ӯ ба Сардор ва Суҳроб ишора карда. — Аммо ту аз куҷо медонӣ, ки хонаро оташ задаанд? Ё худат ёрдам додӣ? — Девона шудӣ? Дар ҳама ҷо ҳамин гап-ку. — Хона аз носозии техникӣ сӯхтааст. Касе оташ назадааст. Аммо хаёли Маматбой дар ҷойи дигар буд. Ӯ дар байни издиҳоми гузар ҷустуҷӯкунон ба думболи тафтишгар мегашт ва ногаҳон чашмаш ба ӯ афтод. Пас, ҳар як қадами ӯро зери назар доранд. — Дар атрофи хонаат милитсия хеле зиёд мегардад. Дар омади гап, раҳматии Оли- Класс!27
загрузка
Показать ещёНапишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!