Бархурд
Қисми 48
Дастони Маматбой ларзиданд, ӯ мизро сахт дошт. Тамоми ҳаёти ӯ — боигарии ҷамъкардааш, нақшаҳои сохтааш ва тасаввури худаш ҳамчун «соҳиби дунё» дар як сония барбод рафт. Бадани ӯ акнун танҳо як гӯшти пӯсида буд. Наход ӯ ба ОИТС гирифтор шуда бошад?
— Ин... ин метавонад хато бошад? — пичиррос зад ӯ.
— Мо таҳлили хун мегирем, — гуфт духтур бо чеҳраи ҷиддӣ. — Аммо донаҳои сурхи баданатон ва ҳолати шабона (арақ кардан, аз даст додани назорат) аз он шаҳодат медиҳанд, ки иммунитет тамоман аз байн рафтааст. Оё шумо метавонед ба ёд оред, ки аз кӣ сироят ёфтаед?
Дар зеҳни Маматбой аввалин шуда Шоҳина пайдо шуд, вале аниқ буд, ки аз ӯ сироят наёфтааст. Чунки вай бори аввал худро ба Маматбой бахшида буд. Сипас, садҳо заноне, ки дар давоми солҳо бо онҳо хушгузаронӣ мекард. Ӯ намедонист, ки аз кӣ заҳролуд шудааст, аммо акнун дар бораи он ки кӯдаконро заҳролуд кардааст, фикр карда, ба даҳшат афтод. Дар даруни ӯ гӯё як махлуқе бедор шуда бошад.
Аз вена хун супурд. Барои он ки таҳлил тезтар барояд, пули иловагӣ (барои суръат) ҳам супурд. Вақт бошад, хеле оҳиста мегузашт.
— Мумкин нест, ман касал нестам.
Маматбой ҳарчанд мекӯшид худро фиреб диҳад, фоидае надошт. Ӯ аллакай ба касалӣ гирифтор шуда буд ва ҳатто ба хотири синну солаш баданаш барои мубориза ба он заифӣ мекард.
Офтоб ғуруб кард. Хонаводаи мотамдорро хешу табор тарк карданд, агар як-ду нафар наздиконро ҳисоб накунем, ҳавлӣ ором шуд. Малик хомӯш менишаст ва ҳатто хӯрок намехӯрд. Холааш ба назди ӯ омад. Дар ҳамон лаҳза, вақте ки Висола барои хоҳараш хӯрок мебурд, дар чашмонаш шарораҳои ғазаб пайдо шуданд.
— Малик, худат арӯсро дуруст ёфтӣ? Ба ин шумқадамияш нигоҳ кун. Апаи бечораи ман... Вай ба ин хона омаду амонаташро супурд. Наход духтар ин қадар шумқадам бошад.
Суханҳои заҳролуди Одинамоҳ— холаи Малик — гӯё равғане буданд, ки ба рӯи оташ рехта шуданд. Дар ин хонавода ҷустуҷӯи гунаҳгори ҳар як мусибат аз берун, дар асл як роҳи тасалло додани худ буд.
Висола дар остонаи дар шах шуд. Табақ дар дасташ меларзид; вай намедонист дарояд ё барояд. Аммо аҳд кард, ки Лайлоро дар миёни ин морҳо танҳо намегузорад. Табақро ба як тараф гузошта, ба онҳо наздик шуд.
— Апаи Одинамоҳ, — гуфт Висола, — вақте аҷал ояд, қадами келин не, балки он чизе, ки ба пешонии банда навишта шудааст, иҷро мешавад. Вақту соати апаи Соро расида будааст. Дар ин ҷо Лайло чӣ гуноҳ дорад?
— Забонатро нигоҳ дор, духтар! — Одинамоҳ ба сӯи Малик рӯ овард. — Нигоҳ кун, инҳо аз ҳозир гиребони моро мегиранд. Малик, ба ту дар бораи ин духтар чӣ гуфта будам? Чаро хомӯш нишастаӣ? Инҳоро пеш кун! Ин шумқадамро дар болои сарат мебардорӣ?
Малик сарашро бардошт. Чашмонаш фурӯ рафта ва нигоҳаш сард буд. Вай на ба Висола, балки ба холааш нигарист.
— Хола, бас кунед. Ҳозир вақташ нест... — гуфт Малик бо беҳолӣ. Вай ҳанӯз ҳам дар миёни ҳақиқати покдомани Лайло ва кори кардаи худ азоб мекашид. Аз он ки ба маҳбубааш озор дода буд, пушаймонӣ ӯро мехӯрд ва ҷуръат намекард, ки ба назди Лайло дарояд.
— Малик, бачаам, чӣ мегӯӣ?
— Зани ман шумқадам нест. Шумо аз ман беҳтар медонистед, ки рӯзҳои охирини модарам аст. Чӣ лозим ӯро айбдор кардан? Вай ба ин хона ҳамчун ҳамсари ман омадааст. Ҳақорате, ки ба ӯ гуфта мешавад, ба ман гуфта шудааст. Забонатонро нигоҳ доред.
Хола гиребонашро дошт:
— Вой намурам, ту барои зани якрӯзааш шуда ба зане, ки бароят мисли модар буд, заҳрханда мекунӣ? Туф ба ту! Ҳайфи апаам... Ҳайфи апаам... Ман рафтам. Апаам мурд ва иззати ман ҳам дар ин хона тамом шуд.
Одинамоҳ бо қадамҳои тез ба сӯи дарвоза рафт. Вай гумон дошт, ки ҷиянаш аз қафояш медавад, вале хато кард.
— Апаи Висола, илтимос ба Лайло хуб нигоҳ кунед. Ман ӯро ноҳақ хафа кардам. Наметавонам ба наздаш дароям.
— Малик, ман ҳозир меравам. Дар ин лаҳзаҳои душвор ба ҳамдигар такя бошед. Боҷаатон (Суҳроб) ҳам ҳозир меояд.
— Майлаш, то он вақт дар наздаш бошед. Ман... то ҳадди имкон кӯшиш мекунам ба наздаш дароям.
Дар қалби Малик виҷдон бедор шуд, аммо пушаймонии дермонда мисли теғи заҳролуд даруни ӯро медарид. Вай мехост бо зиддият нишон додан ба тӯҳматҳои холааш худро каме сафед кунад, вале медонист, ки он ноумедии охирин ва ҷароҳати онрӯзаро аз чашмони Лайло пок карда наметавонад.
Малик дар ҳавлӣ танҳо монд. Нигоҳаш ба тирезаи ҳуҷрае, ки Лайло нишаста буд, дӯхта шуд. Лайло дар он ҷо на танҳо аз вафоти Сора, балки пас аз интиқоми ваҳшиёнаи Малик ба як мурдаи зинда табдил ёфта буд. Вақте Висола хӯрокро ба дарун бурд, Лайло мисли ҳайкал дар назди тиреза шах шуда нишаста буд.
— Лайло, хоҳарҷон... Каме хӯрок хӯр. Бовар намекунӣ, ҳозир як воқеа шуд. Холааш туро шумқадам гуфта ба Малик чизҳое мегуфт, вале Малик туро ҳимоя кард. Холаи Одинамоҳ қаҳр карда рафт. Малик ҳатто як бор нагуфт, ки "бимонед", — гуфт Висола барои дилбардории хоҳараш. Вай фикр мекард, ки шояд ин суханҳо рӯҳияи ӯро беҳтар кунанд.
— Акнун чӣ фарқ дорад, апа? — овози Лайло базӯр аз гулӯяш мебаромад. — Вай маро кушт, орзуҳоямро бо хок яксон кард. Акнун агар маро аз ҳазор холааш ҳимоя кунад ҳам, магар ҳолати аввалаам бармегардад? Магар метавонад орзуҳоямро баргардонад, магар дили шикастаамро пайванд карда метавонад?
Висола хомӯш монд. Рост, барои хоҳараш хеле вазнин буд ва дар он лаҳза намедонист ба ӯ чӣ гуна тасалло диҳад.
— Ӯ туро дӯст медорад, чашмонаш инро мегӯянд.
— Агар дӯст медошт, ин корро намекард. Агар модараш вафот намекард, ҳоли ман чӣ мешуд?
— Бас аст, биё, каме хӯрок хӯр.
Аммо Лайло ба хӯрок даст нарасонда менишаст.
— Лайло, язнаат меояд. Ман меравам. Маликро мегӯям, ки ба наздат дарояд.
— Илтимос апа, нагӯед, ки дарояд. Намехоҳам ӯро бинам.
Дар бақайдгирии шифохона номи Маматбой садо дод. Дастони ӯ ларзиданд ва коғазеро, ки духтур дароз кард, гирифт. Танҳо як калима дар он коғаз — гирифторӣ ба СПИД — тамоми вуҷуди ӯро сӯзонда партофт.
— Маматбой ака, вазият ҷиддӣ аст, — гуфт духтур бо оҳи вазнин. Иммунитети шумо хеле паст шудааст. Донаҳои сурхи баданатон аз марҳилаи фаъоли вирус шаҳодат медиҳанд. Мо бояд фавран табобатро оғоз кунем, аммо худатон хуб медонед, ки ин бемориро комилан табобат карда намешавад. Инро медонед, ҳамин тавр не?
Вақте Маматбой аз шифохона берун мешуд, ба назараш чунин мерасид, ки одамони гирду атроф ба ӯ бо ҳазар ва нафрат менигаранд. Ӯ ҳис мекард, ки боигарӣ ва обрӯе, ки дар давоми солҳо ҷамъ карда буд, дар назди ин вирус ҳеҷ арзише надоранд. Акнун ӯ на танҳо як бемор, балки мисли мавҷуде буд, ки аз ҷомеа ронда шудааст. Ӯ наметавонист ҳазм кунад, ки номашро ба рӯйхати махсуси беморон ворид кардаанд. Вай дар мошинаш нишаста, рулро бо мушт зад: «Аз кӣ сироят ёфтам? Аз Шоҳина? Ё аз каси дигар?»
Вақте Маматбой ба хона омад, дар он ҷо танҳо Зарнисо ва Сардор буданд.
— Дигарон куҷоянд?
— Ҳозир аз таъзияхона бармегарданд.
— Ҳмм.
Маматбой ба иморати наве, ки аз нав қомат меафрохт, нигоҳ кард. Дили ӯ каме ором шуд.
— Устоҳо бад кор намекунанд, аз афташ.
— Ҳа, зӯр.
Сардор бо беҳавсалагӣ ҷавоб дод. Маматбой , ки табъаш хира буд, дигар чизе нагуфта ба ҳуҷрааш даромад. Ҳуҷрааш тоза ва чойшабҳои оҳардор густурда шуда буданд.
Костюмашонро кашида, худро ба болои каровват партофт. Ҳанӯз чанде нагузашта буд, ки аз овози гиряи як зан чашмонаш калон кушода шуданд. Ин гиря ба ӯ бисёр чизҳоро хотиррасон мекард.
— Мумкин нест...
Маматбой аз тиреза ба сӯи боғ нигарист. Дар миёни торикии мутлақ ҳеҷ чиз наменамуд. Овоз гӯё аз ҳуҷраи дигар омад. Танҳо ҳамон вақт бой як қад парид.
Пас аз рафтани Висола, Малик барои он ки Лайло натарсад, ба назди ӯ даромад. Лайло ӯро дида, ба кунҷи ҳуҷра гузашт. Малик ҳам ба сӯи ӯ рафт.
— Наздик наоед!
Лайло дасташро ҳамчун ишораи "наоед" боло кард.
— Лайло... Маро бубахш.
Вай инро чунон бо дард гуфт, ки чашмони Лайло пур аз ашк шуданд.
— Кай маро пеш мекунед?
— Мехоҳӣ биравӣ? — Малик бо хастагӣ пурсид.
— Ҳа, дар хонаи одаме, ки маро дӯст намедорад ва танҳо барои интиқом бо ман издивоҷ кардааст, чӣ кор мекунам?
Малик боз ҳам наздиктар шуда, ӯро ба оғӯш кашид.
— Маро тарк накун.
Вақте ба гардани Лайло қатраҳои гарм рехтанд, вай фаҳмид, ки Малик гиря мекунад. Беихтиёр дастонаш Маликро ба оғӯш гирифтанд.
— Гиря накунед. Модаратон... ҷои модарам ҷаннат бошад.
— Дили ман месӯзад. Тоқат карда наметавонам.
— Малик , модари шумо то ин рӯз дар паҳлӯятон буданд. Ман бошам ҳанӯз дар гаҳвора будам, ки модарам маро партофта ба он дунё рафтанд.
— Мани номардро, ки ба ту озор додам, бубахш. Гарчанде сазовори бахшиши ту набошам ҳам.
— Каме истироҳат кунед. Аз дирӯз боз дар по истодаед.
Малик сарашро ҷунбонда, либосҳояшро сабук кард. Баъд дасти Лайлоро, ки намедонист чӣ кор кунад, гирифта, чароғи шабро хомӯш кард.
— Ман... бо шумо... нияти дар як ҷо хобидан надорам.
— Ҷои зан дар паҳлӯи шавҳар аст.
Малик дар ҳоле ки Лайлоро ба оғӯш гирифта буд, чашмонашро пӯшид.
Висола вақте бо Суҳроб ба ҳуҷраашон даромаданд, хеле хаста буданд. Баъд доруи дирӯза ба ёдаш афтод ва онро ба Суҳроб дароз кард.
— Ин чӣ хел дору аст?
Суҳроб доруро гирифта тамошо кард ва ба хондани номаш шурӯъ намуд. Чунки ӯ забони англисиро хуб медонист, хондани он барояш душвор набуд.
— Инро аз куҷо ёфтӣ?
— Аз ҷайби падаратон баромад.
Дастони Суҳроб мушт шуданд. Рост, ӯ ҳам дар вақташ корҳои бади зиёде карда буд, аммо шояд то ин ҳад ба пастиву разолат нарафта бошад.
— Чӣ шуд, Суҳроб ака?
— Ту ягон бор аз падари худ ор (шарм) кардаӣ?
— То вақте ки ба шумо ба шавҳар баромадам, ман падар надоштам. Аммо тамоми умр мунтазир будам, ки ҳамон падарам омада маро ҳимоя кунад.
— Ман бошам... — Суҳроб хомӯш монд. Оҳи амиқе кашиду боз гуфт: — Барои умри барбодрафтаи модарам месӯзам.
— Чаро барбод рафта бошад? Охир фарзандоне мисли шумо доранд-ку.
— Аммо фарзандоне, ки ҳатто наметавонанд аз паси модарашон тиловат (дуо) кунанд... Имрӯз Малик дар қабристон барои модараш худаш тиловат кард. Ман бошам, ҳатто ба ин ҳам наарзидам. Мисли он ҷавон шуда натавонистам. На танҳо ман, ҳар сеи мо ҳам барои модарамон ҳеҷ коре накардаем.
— Барои ин ҳеҷ гоҳ дер нест. Агар хоҳед, аз китобҳои Модарҷон бароятон менависам ва шумо ёд мегиред.
— Ҳамин тавр кун. Ман ҳам ҳамчун писар барои модарам коре кунам.
Дили Висола равшан шуд. Ба шавҳараш нигоҳ карда, меҳраш дучанд гашт. Шукр, ки ӯ писари Маматбой бошад ҳам, ба ӯ монанд нест.
Шоҳина дар телефонаш чизеро кофта истодааст. Дар наздаш Фарҳод дар ҳоли нӯшидани "Кола" ба ӯ чизеро мефаҳмонад.
— Шаҳӣ, худат мешунавӣ?
— Фарҳод, бас аст, ҳа? Агар ман одаме бошам, ки фардо мемирам, пул ба ман чӣ лозим? Оё ҳамин ки он ифлосро ба касалии марговар гирифтор кардам, бароят кам аст?
— Ин ҳам барои ӯ кам аст.
— Ман хаста шудам. Дигар намехоҳам ӯро бинам. Агар назди духтур рафта бошад, ба ҳар ҳол маро ҳам тафтиш мекунад. Медонӣ, ки ман дар рӯйхат (беморони Спид) ҳастам.
— Пас чӣ кор кардан мехоҳӣ?
— Намедонам. Аммо бовар кун, ҳоло маро танҳо истироҳат ҷолиб аст.
— Шаҳӣ, ту зуд таслим шуда истодаӣ.
— Майлаш, бобой (Маматбой) ба манзилаш расид. Ман дигар дахолат намекунам.
ДАВОМ ДОРАД...
Комментарии 11