
Бархурд
Қисми 59
Ҳангоми ба хок супоридани майит, танҳо Суҳроб воқеан сӯхту афсӯс хӯрд, зеро падарашро хеле дӯст медошт. Сардор бошад, чун ҳамеша тарафдори модараш буд, хомӯш меистод. Комилро бошад, ҳисси пушаймонӣ ва андеша азоб медод: падараш дар он дунё барои гуноҳҳояш чӣ гуна ҷавоб медода бошад?
Вақт гузашт. Рӯзҳои азодорӣ ба охир расиданд ва ҳаёт дубора ба маҷрои худ баргашт. Вақт номи Маматбойро оҳиста-оҳиста аз хотираҳо пок мекард.
Як рӯз Алӣ ва Зарнисо барои меҳмонӣ омаданд ва дар гирди дастурхони шом нишастанд.
— Мо бо як хушхабар омадем, — Алӣ пас аз каме суҳбат оғози сухан кард.
— Чӣ хел хушхабар? — пурсид Комил бо ҳайрат.
— Хоҳарамро ба Сардор медиҳем. Мо бехабар, онҳо аллакай аҳду паймон кардаанд, .
Тамара-ая Зарнисоро ба оғӯш гирифта, табассум кард:
— Фарзандони ман, занҷирҳои гузашта канда шуданд. Акнун дар ин хона танҳо рӯзҳои хушро бинед.
Висола хеле нозук шудааст ва бо Суҳроб зуд-зуд ҷанг мекунад. Ӯ Суҳробро пайваста рашк мекунад, ҳатто аз рафтан ба ҷои кори ӯ ҳам наметарсад.
— Висола, ба ту чӣ шудааст? Мо бо сад азоб падарату аммаамро оштӣ кунонидем, акнун худамон ҷанҷол карда мешинем?
— Чаро ба шумо духтарҳо занг мезананд? Гапро дигар накунед!
— Гуфтам-ку, барои кор аст. Дар назди худат гап занам ҳам, бовар намекунӣ?
— Умуман занг назананд!
Суҳроб зарда ва ашки чашмони Висоларо дида, дар дил хандид. Дар асл ӯ аз ин қадар рашк кардани ҳамсараш хурсанд буд — пас, дӯсташ медорад. Аммо нози Висола гоҳо аз ҳад мегузашт.
— Майлаш, шуд, — гуфт Суҳроб хандида ва китфи ӯро ба оғӯш гирифт. — Мана, телефонамро ба ту месупорам. Ҳар касе занг занад, худат ҷавоб деҳ ва бигӯ: “Ман котибаи акаи Суҳроб ҳастам”, тамом.
Висола лабашро инҷиқ карда телефонро гирифт, вале боз ҳам бо зарда ба он тараф рафт. Суҳроб ба ин рафтори ӯ табассум кард. Чанде нагузашта, аз ҳаммом садои доду фарёди Висола баланд шуд. Суҳроб чунон тарсид, ки чӣ тавр ба он ҷо расиданашро нафаҳмид. Вақте ба дарун даромад, дид, ки ҳамсараш ба тести ҳомиладорӣ нигоҳ карда, гиря мекунад.
— Заҳраамро кафондӣ-ку!
Висола табассум кард:
— Бигзор кафад, магар падар шудан осон аст?
Суҳроб ҳамсарашро ба оғӯш кашид.
Зарнисо аз вақте ки аз Тамара-ая омӯхтани забони арабиро сар кардааст, сарашро аз болои китоб намебардорад. Алӣ бошад, пайваста ба ӯ шӯхӣ мекунад.
— Хонум, фаромӯш накунед, ки шумо шавҳар доред.
— Акаи Алӣ-и-и, охир дарс хонда истодаам-ку.
— Магар барои ту дар навбати аввал ман муҳим нестам?
— Худатон медонед, ки муҳим ҳастед.
Зарнисо лабашро каҷ кард.
(Ӯ шаби тӯй, вақте ки рӯяш дар назди шавҳараш сурх беайб баромад, нафаси сабук кашида буд. Барои он ки Фарҳод ба ӯ осебе нарасонида буд, ба Аллоҳ ҳамду сано мегуфт.)
— Агар Тамара-аям пурсанд, ки чаро дарс нахондӣ, мегӯям, ки домодатон нагузошт.
— Майлаш, гӯй, ман кафил мешавам, ки онҳо тарафи маро мегиранд.
Алӣ китоби Зарнисоро оҳиста пӯшида, дастҳои ӯро гирифт.
— Тамара-аям туро ҳамеша мефаҳманд, — гуфт ӯ бо меҳрубонӣ. — Чунки эшон бахт чист ва оромӣ дар оила то чӣ андоза азиз аст, аз ҳама беҳтар медонанд. Дар навбати аввал — розигии шавҳар.
Зарнисо табассум кард. Дар нигоҳи ӯ дигар аз нигарониҳои пешина асаре намонда буд. Хотираҳои сарди гузашта дар назди самимияти Алӣ об шуда рафтанд.
— Акаи Алӣ, ташаккур, ки ба ҳаёти ман ворид шудед. Шумо... Шумо маро дубора ба зиндагӣ баргардонидед. Агар шумо намешудед, ман...
— Дарҳол гиря мекунӣ, магар дар чашмонат кран насб шудааст, ки зуд обашро сар медиҳӣ? Нигоҳ кун, мо чӣ қадар хушбахтем.
Зарнисо сарашро ба китфи Алӣ гузошт. Ягона ҷое дар ин дунё, ки ӯ оромии комил меёфт, китфони шавҳараш буд.
Ҳавлии Маматбойро фурӯхтанд. Ҳеҷ кас нахост, ки дар он ҷо зиндагӣ кунад. Чанд нафар аз онҳое, ки аз дасти ӯ ҷабр дида буданд, муайян карда шуданд ва аз мероси ӯ ба онҳо ҳисса дода шуд. Дар байни онҳо Шоҳина низ буд. Барои ӯ дар қишлоқ тамоми шароитҳо муҳайё карда шуд, то ба дӯзандагӣ машғул шавад.
Танҳо Соҳиба роҳи худро дар зиндагӣ наёфт. ӯ ҳанӯз ҳам бо роҳи ба доми худ афкандани мардон ва пулёбӣ овора буд.
Ягона некие, ки Маматбой дар ин дунё анҷом дод, ин сабабгори ба дунё омадани фарзандони боимон гаштанаш буд.
Дигар ҳеҷ кас ягон некии ӯро ба ёд оварда натавонист. Рӯзҳои вазнини гузашта оҳиста-оҳиста фаромӯш мешуданд. Захмҳои қалбҳо шифо ёфта, субҳҳои наву дурахшон дамидан гирифтанд...
Дар миёни ин ҳама шодиҳо, Сардор низ бахти худро ёфта буд. ӯ, ки ҳамеша сояи модарашро меҷуст ва қалбаш аз бемеҳрии падар захмдор буд, дар симои Алмира на танҳо ҳамсар, балки як дӯсти содиқро пайдо кард.
Тӯйи онҳо мисли тӯфонҳои гузашта пур аз ҷанҷолу моҷаро набуд, балки мисли борони баҳорӣ нарму фараҳбахш гузашт. Алмира бо он либоси сафеди арӯсӣ, дар ҳоле ки чеҳраи ҷиддии корияшро табассуми малеҳе иваз карда буд, ба ҳавлии Комил нур овард.
Сардор дар шаби тӯй ба чашмони Алмира нигариста гуфт:
— Алмира, модарам ҳамеша мегуфт, ки пас аз ҳар торикӣ рӯшноӣ меояд. Ту ҳамон рӯшноие ҳастӣ, ки зиндагии маро аз нав сохтӣ. Акнун мо на танҳо бо Алӣ қудо, балки бародар шудем.
Алмира, ки дар мақомот кор мекард ва ҳамеша бо қонуну адолат сарукор дошт, дастҳои Сардорро фишурда ҷавоб дод:
— Қонуни бузургтарини ин дунё муҳаббат аст, Сардор. Бигзор дар оилаи мо дигар ҳеҷ гоҳ садои "бархӯрд" ва ҷанг шунида нашавад, танҳо хандаи кӯдакон бошад.
Комил ва Суҳроб аз дидани хушбахтии бародари хурдии худ сарашон ба осмон мерасид. Онҳо фаҳмиданд, ки занҷири бадиҳои Маматбой билохира канда шуд ва насли онҳо акнун бо оилаи Алӣ — оилае, ки пок ва боимон буд, пайванд гашт.
Баьди 4 сол...
Дар як рӯзи офтобии баҳор, Зарнисо дар ҳавлии калону босафои худ нишаста буд. Акнун дар дастонаш на китоби дарсӣ, балки кӯдаки хурдсолеро медошт, ки чашмонаш мисли падараш Алӣ дурахшон буданд. ӯ ба сӯи теппае нигарист, ки дар он ҷо Суҳроб ва Висола бо фарзандони худ сайр мекарданд.
Зарнисо ба ёд овард... Ҳамон рӯзҳои сиёҳро, ҳамон тарсу воҳимаҳо ва ҳамон корди хунолуди падарашро. Аммо имрӯз дар қалбаш на нафрат буд ва на кина. Танҳо як шукронаи амиқ дошт. ӯ фаҳмид, ки зиндагӣ на бо интиқом, балки бо бахшиш ва сохтани ҳаёти нав зебо мешавад.
Ногаҳон Алӣ аз дарвоза даромад ва бо табассум ба сӯи ҳамсараш омад. ӯ як гулдастаи зебои лолаҳои баҳориро ба Зарнисо дод ва гуфт:
— Медонӣ, Зарӣ... Мо исбот кардем, ки муҳаббат аз ҳар гуна "бархӯрд" қавитар аст. Мо сояи бадиро бо нури покӣ шикаст додем.
Зарнисо ба китфи Алӣ сар гузошт ва як қатра ашки шодӣ аз чашмонаш чакид. Ин ашк дигар ашки дард набуд. Ин ашки поёни як қиссаи пур аз захм ва оғози як зиндагии пок буд.
Дар гӯшае аз ҳавлӣ, Тамара-ая бо лабханди нуронӣ ба онҳо менигарист ва зери лаб дуо мекард:
— Худоё, ҳеҷ фарзандро ба роҳи хато набар ва ба ҳар қалби захмдор чунин субҳи оромиро насиб гардон...
🌹 ХОТИМАИ ҚИССАИ «БАРХӮРД» 🌹
Ин ҳам охирин сатрҳои қиссае буд, ки мову шуморо чанд вақт боз ҳамроҳӣ мекард. Мо дидем, ки чӣ тавр зулм ва боигарии бо хун олуда оқибат соҳибашро ба хорӣ кашид. Дидем, ки чӣ тавр сабр ва покии қалб Зарнисоро аз вартаи ноумедӣ наҷот дод.
Зиндагӣ мисли як оина аст — ҳар он чӣ дар он нишон диҳӣ, ҳамонро ба ту бармегардонад. Маматбой бо дастҳои худ қалбҳоро шикаст ва дар охир ҷисми худаш дар танҳоӣ ва бӯи бад пӯсид. Вале ҷавононе, ки роҳи имон ва муҳаббатро интихоб карданд, субҳи нави хушбахтиро диданд.
Азизони дил!
Ҳамеша дар ёд дошта бошед: Ҳеҷ бархӯрде дар зиндагӣ бе ҳикмат нест ва ҳеҷ зулме бе ҷазо намемонад. Бигзор дар қалбҳои шумо ҳамеша нури меҳр бошад, на сояи нафрат.
🏁 Поёни қисса.
✍️ Муаллиф: Шамсинур (Моҳичеҳра Ғафурова)
🔄 Тарҷума ва таҳияи: Mahadsharif
📢 Махсус барои гуруҳи: «Ишқ ва дарду ғам — Қиссаҳои ҳаётӣ»
Ташаккур, ки то лаҳзаҳои охир бо мо будед. Агар ин қисса ба қалби шумо асар карда бошад, фикру мулоҳизаҳои худро дар коментария нависед. Ин беҳтарин мукофот барои заҳматҳои мост! 🙏💔
6 комментариев
7 классов
Бархурд
Қисми 58
Вақте ашки Маматбой ба фарши намноки маҳбас мечакид, ӯ бори аввал дарк кард, ки то чӣ андоза паст рафтааст. Ӯ аллакай ҳамон дасташро, ки бо он Олимаро корд зада буд, аз даст дода буд, акнун бошад, тамоми баданаш ба ӯ хиёнат мекард. На таҳдидҳои нозирон ва на муносибати сарди табибон оташи дӯзахи даруни ӯро хомӯш карда наметавонистанд.
Чизи охирине, ки ӯ ба ёд овард — нигоҳи Олима дар лаҳзаи маргаш буд. Он вақт ҳам Олима на бо нафрат, балки бо раҳм ба ӯ нигариста буд.
— Эҳ, ин чоли бадбӯй боз шалворашро тар кардааст. Нигоҳ кунед ба ин!
Нозирон низ биниашонро гирифта, аз наздаш мегузаштанд.
Пас аз даҳ рӯз суханони Алӣ амалӣ шудан гирифтанд. Имшаб ҳамон шаби бахтест, ки Зарнисо ҳам аз он метарсид ва ҳам мехост, ки фаро расад. Вақте барои гирифтани фотиҳаи падар рафтанд, онҳоро ба дарун роҳ надоданд. Дурусттараш, Маматбой нахост. Ӯ намехост, ки фарзандонаш аҳволи залолатбори ӯро бубинанд.
Ҳарчанд тӯйи Зарнисо ва Алӣ чандон бодабдаба набуд, вале хеле бофайз гузашт. Тамара-ая аз аввал то охири тӯй ҳамчун модар дар канори онҳо буд ва Зарнисоро ҳатто аз фарзанди худ зиёдтар иззат карда, ба шавҳар дод. Маълум шуд, ки Алӣ аҳли оила доштааст, вале онҳо дар вилояти дигар зиндагӣ мекарданд, аз ин рӯ таърихи зиндагии ӯ то ин вақт номаълум монда буд.
Комил ҳамчун акаи калон ба хоҳараш фотиҳаи сафед дод ва сипас ӯро ба хонаи Алӣ гусел карданд. Чизи аз ҳама ҷолиб дар ин ҷо рӯй дод: хоҳари Алӣ — Алмира, ки мисли акааш дар мақомоти корҳои дохилӣ кор мекард, дар ҷараёни ташвишҳои тӯй бо Сардор хеле наздик шуда буд. Дар тӯли ин рӯзҳо онҳо корҳои зиёдеро бо ҳам анҷом доданд: аз интихоби ороишҳо сар карда, то омода кардани сарпову туҳфаҳои тӯёна...
Ниҳоят, Алӣ ба назди Зарнисо даромад. Духтар аз ҳаяҷон гӯё забонашро фурӯ бурда бошад, садояш намебаромад.
Наздик буд, ки барои интизории саломи ту тамоми умрам гузарад-а.
Алӣ ба ӯ наздик шуд.
— Ҳоло мегӯед, ки ман як мӯсафеди пир ҳастам?
— Не, то он дараҷа нарафтаам. Вале агар боз маро интизор мегузоштӣ, аниқ ба ягон мӯсафед шавҳар мекардам.
— Ҳммм, майлаш. Рӯсариамро кушоед. Ман хеле хаста шудам.
Алӣ хандаи шухиомез кард.
— Ту ҳанӯз коре накардаӣ, ки хаста шавӣ.
Ӯ оҳиста рӯсарии духтарро бардошт. Дар чашмони Зарӣ ашк медурахшид.
— Мехостам, ки ин рӯзҳои маро модарам... ва падарам медиданд.
Алӣ ӯро оҳиста ба оғӯш гирифт ва мӯйҳояшро бӯй кашид.
— Гиря накун, фариштаи ман. Агар ту хушбахт бошӣ, онҳо ҳам шод мешаванд. Канӣ, як табассум кун.
Зарнисо маҷбуран лабханд зад.
— Акнун бошад...
Алӣ бо маънӣ чашмак зад.
— Шояд лозим набошад...
— Чӣ тавр ба одаме, ки аз ташнагӣ муштоқ аст, мегӯӣ, ки об нанӯш? То ин дам нафси худро ҷилавгирӣ мекардам. Фикр мекунам, акнун сабрам тамом шуд...
Маматбой хирросзанон, гӯё чизе гулӯяшро мефишурд, ором шуд. Назоратчиён ҳатто аз ӯ хабар нагирифтанд. Аз ҳама бадтараш он буд, ки танҳо саҳар аз шах шудани бадани ӯ хабар ёфтанд. Вақте табибон ӯро муоина карданд, тасдиқ намуданд, ки марги биологӣ аллакай рух додааст. Дасташ дубора ба пӯсидан оғоз карда буд ва ин раванд аз ҳамон ҷои буридашуда идома ёфтааст. Чашмонаш ба шифт нигаронида, шах шуда монда буданд.
Ба назди ҷасади ӯ рафтан имкон надошт, зеро бӯи бад ҳама ҷоро гирифта буд.
— Ба наздиконаш хабар диҳед. Биёянд ва баранд.
Маматбой ҳатто то рӯзи суди худ нарасид. Писаронаш дар як лаҳза ҳозир шуданд. Аз хонае, ки дирӯз тӯй буд, имрӯз бояд тобут мебаромад. Маматбойро аз хонаи Комил бароварданд. Аммо ҳеҷ кас аз марги ӯ афсӯс нахӯрд. Ҳамза ҳатто ба ҷаноза наомад.
Давом дорад
Ба қисмҳои охир наздик шуда истодаем. Дастгириро фаромуш гакунед.
3 комментария
20 классов
Бархурд
Қисми 57
Фишори хунаш паст шуда истодааст! — дод зад ёвари ҷарроҳ.
Дар шуури Маматбой бошад, манзараи комилан дигар намоён мешуд. Ӯ дар ҳамон ҳавлии кӯҳна, дар ҳуҷрае, ки фаршаш ҳанӯз канда нашуда буд, меистод. Дар рӯ ба рӯяш Олима... Дар гардани ӯ ҳамон занҷири тиллоӣ медурахшид. Олима ба ӯ ҳеҷ чиз намегуфт, танҳо бо нигоҳи маҳзун ба ӯ даст дароз мекард.
— Бубахш... — пичиррос заданд лабҳои Маматбой дар дунёи воқеӣ.
Шифокор сарашро бо афсӯс ҷунбонд:
— Дастро наҷот дода наметавонем. Аммо дар ин ҳолат худи бемор ҳам дер нахоҳад зист. Организм аллакай заҳролуд шудааст.
Маматбой дарк намекард, ки дасте, ки Олима дар олами хаёл дошта буд, дар ҳаёти воқеӣ бурида мешуд.
— Ба фикрам, заҳри дохили хунаш намегузорад, ки ӯ шифо ёбад, — гуфт духтур бо афсӯс.
— Ман ҳам ҳамин фикрро дорам. Ҳарчанд дасташро буридем, вале заҳр аллакай дар хун аст. Дур намеравад. Метарсам, ки ҳар рӯз баданаш пӯсида рафтан мегирад.
Ниҳоят, ҳама дар гирди як дастурхон ҷамъ шуданд. Висола ва Феруза бо ҳам шинос шуданд. Дар хонадон шодию нишот ҳукмфармо буд.
— Фарзандони ман, бо ҳамаатон шинос шудам. Росташро гӯям, писарам ҳамеша зиқ мешуд, ки акаву хоҳар надорад, ман бошам, мегуфтам, ки танҳо як фарзанд дорам. Мана, шукр, ки ҳамаи шумо фарзандони ман ҳастед. Шукр, ки ба ин рӯзҳо расонд.
Тамара-ая хурсандиашро пинҳон карда натавонист.
Зарнисо ва Феруза намедонам чаро якдигарро бо оринҷ такон медоданд. Комил бо нигоҳи саволӣ ба онҳо нигарист.
— Зарӣ, тинҷӣ аст хоҳарам? Чизе гуфтани доред?
Зарнисо дудила шуд, ки гӯяд ё нагӯяд. Баъд иҷозатро ба Феруза дод.
— Ака, янгаам ба шумо гап доранд.
Комил ба назди ҳамсараш рафт. Баъд ҳамсараш ба гӯши ӯ пичиррос зад.
— Инро хеле интизор шудам... Панҷ сол... Мо фарзанддор мешавем!
Комил аз ҳаяҷон худро гум кард. Ниҳоят... Ӯ ҳамсарашро ба оғӯш гирифт.
— Худоё, ба худат шукр!
Ҳама пайи ҳам ҷуфти хушбахтро табрик мекарданд. Дар чашмони Тамара-ая ашк ҳалқа зад ва ӯ дар ҳаққи онҳо дуои хайр намуд. Феруза, ки аз хабари нобуд шудани фарзанди Соҳиба каме рӯҳшикаста шуда буд, иштиҳояшро гум карда, хӯрок намехӯрд. Он вақт ҳама гумон мекарданд, ки ин аз беҳавсалагиву зиқӣ аст, вале хато карда буданд. Маълум шуд, ки ҳамаи ин нишонаҳои ҳомиладорӣ будаанд.
Суҳроб низ ба Висола бо нигоҳи пурмаъное нигарист. Висола аз шарм сарашро хам кард.
Алӣ, ки дар як гӯша хомӯш менишаст, ин дафъа ба гап ҳамроҳ шуд:
— Шояд сухани ҳозираи ман чандон бамавқед набошад, вале се чизро набояд ба таъхир андохт:
• Хондани намоз дар вақташ.
• Гӯронидани майити фавтида бидуни интизории зиёд.
• Ба шавҳар додани духтари ба балоғат расида. Дар ин бора хеле фикр кардам ва виҷдонам азоб дод. Пас аз ин қадар дилсиёҳиву машаққатҳо, бигзор рӯзҳои хушбахтии ман ҳам фаро расанд. Тавре мегӯянд, дар байни ду номаҳрам ҳамеша шайтон ҳаст, бинобар ин, аз ҳар се акааш хоҳиш мекунам, ки никоҳи ману Зарнисоро тезонед.
Ҳама аз тарзи суханронии Алӣ, ки гапро аз дур оварда буд, хандиданд.
— Дуруст фикр кардӣ, писарам. Ин тавр вохӯрда гаштан дуруст нест. Ман маҳз дирӯз бо Комилҷон дар ин бора суҳбат доштам, — гуфт Тамара-ая.
Суҳроб низ инро маъқул донист, зеро аз Алӣ шунида буд, ки аҳволи падараш хуб нест ва дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Пас аз суханони Алӣ шиддати давра аз байн рафта, ҷои онро ташвишҳои ширин гирифт. Аммо дар дили Суҳроб ҳанӯз як нороҳатӣ боқӣ монда буд. ӯ медонист, ки падараш Маматбой дар беморхона бо марг даст ба гиребон аст, вале нахост файзи ин давраи шодмонро халалдор кунад.
Комил ба китфи Алӣ даст гузошта, табассум кард:
— Дуруст мегӯӣ, Алӣ. Кори хайрро набояд ба таъхир андохт. Зарнисо акнун амонати туст. Вале бидон, ки дар пушти ин духтар се акаи мисли кӯҳ устувор истодаанд!
Ҳама хандиданд. Зарнисо аз шарм суп-сурх шуда, ба сӯи ошхона гурехт. Тамара-ая бошад, дар дил шукрона мекард: кинаву адоват ва "бархӯрдҳо"-е, ки дар тӯли солҳо ҷамъ шуда буданд, маҳз дар гирди ҳамин дастурхони бофайз роҳи ҳалли худро ёфтанд.
Шоҳина дар рӯ ба рӯи холаи Ҳуррият нишастааст. Ин дафъа ӯ ба он духтари дардманди пешина монанд набуд.
— Чунин менамояд, ки сафари хориҷа ба ту таъсири хуб расонидааст.
— Холаҷон, ман аз ҳама чиз даст кашидам. Ба қишлоқ меравам. Бибиам "биё" гуфта фарёд карданд. Шунидам, ки он чол (Маматбой) бо марг даст ба гиребон асту рӯзи саг ба сараш омадааст. Аммо қалби ман аз ин интиқом таскин наёфт. Он чол ҳама чизи моро аз дастамон кашида гирифт. Падарам аз паи ҳамон корҳо вафот кард. Ман бошам, барои доруҳои модари беморам маҷбур шудам, ки ба ин роҳ дароям ва худам ҳам бемор шудам. Барбир модарамро наҷот дода натавонистам. Акнун боқимондаи умрамро ба тавба мебахшам. Ба ман чизи дигаре лозим нест. Дар даст ҳунари хуб дорам, бо ҳамон рӯзгорамро мегузаронам.
Ҳуррият ба ҷияни хондааш чизе гуфта натавонист, зеро дар умқи дил иқрор буд, ки қарори духтар дуруст аст.
Пас аз он ки Маматбойро ба маҳбас баргардониданд, аҳволаш беҳтар нашуд. Ҳар рӯз ягон ҷои баданаш сахт дард карда, азобаш медод. Акнун ӯ ба нозирон илтиҷо мекард:
— Илтимос, ба дӯхтурҳо гӯед, ки маро бикушанд... дигар тоқат надорам...
ӯ ҳар рӯз ҳамин гапро такрор мекард.
Лайло бо Малик бахтиёр аст, ҳарду аз якдигар сер намешуданд. Пас аз гузаштани тамоми маросимҳои азодории Сора, Малик тавре ваъда дода буд, онҳо ба Туркия парвоз карданд. Малик тамоми кӯшишашро мекард, то захмҳои қалби духтарро шифо бахшад. Аммо рашки ӯ тағйир наёфтааст — ӯ Лайлоро маҷбур кард, ки рӯсарӣ (ҳиҷоб) бандад.
Намехоҳам, ки нигоҳи бади дигарон ба ту афтад.
Лайло, ки Маликро дуруст мефаҳмид, табассум кард. Акнун ӯ дигар он қадар саркашӣ намекард ва ҳар чӣ шавҳараш гӯяд, "хӯб" мегуфт.
Дар байни деворҳои намноки маҳбас нолаҳои Маматбой садо медоданд. ӯ акнун на дар бораи нафрат, на дар бораи боигарӣ ва на дар бораи он занҷири тиллоии лаънатӣ фикр мекард. Ягона орзуяш — тезтар ҷон додан буд. Аммо аҷал барои омадан шитоб намекард, гӯё табиат мехост ӯро барои ҷиноятҳояш то қатраи охирин азоб диҳад. ӯ акнун бо тамоми вуҷудаш ҳис мекард, ки чӣ тавр падари Шоҳинаро хонавайрон карда, умри Олимаро хазон намуд ва рӯи писаронашро дар назди мардум сиёҳ кард.
— Ба ман... корд диҳед... Ман мурдан мехоҳам!
Вале нозирон инро гапи ҳамешагии ӯ гумон карда, аҳамият намедоданд.
Маматбой бо Олима танҳо барои боигарӣ издивоҷ карда буд. Олима, ки вориси боигарии калон буд, соҳиби фикри мустақил буд ва корҳои каҷи Маматбойро қабул надошт, аз ин рӯ онҳо зуд-зуд баҳсу талош мекарданд. Як рӯз Маматбой ҳангоми рафтан ба қиморбозӣ аз сейф тилловории занашро гирифт. Олима ба ин тоқат карда натавонист:
— Ба ҳеҷ ҷо намебаред!
Вале Маматбойи маст гапро намефаҳмид. Ҳамон рӯз бо корди ошхона умри Олимаро ба охир расонд. Вақте фаҳмид, ки чӣ кор кардааст, аллакай дер шуда буд. Аз як тараф хурсанд ҳам буд, зеро акнун тамоми пулҳо ва молу мулк моли ӯ ҳисоб мешуданд.
— Тоқат карда наметавонам...
Маматбой билохира ба гиря даромад. Ин дафъа қисмати болоии дасти буридааш дард мекард. Аммо чизи аз ҳама бадтар бадтар рӯй дод — ӯ дигар наметавонист пешобро нигоҳ дорад.
Давом дорад
Ба қисмҳои охир наздик шуда истодаем. Дастгириро фаромуш накунед
6 комментариев
20 классов
Бархурд
Қисми 56
Кай худамро канор кашидам? Зарнисо лабашро бо ноз дур кард.
— Барои падарат мутаассифам. Бубахш, — Алӣ оҳи сарде кашид.
— Ман ҳам... Аммо тавре ки модарам мегуфтанд, ҳар кас ҳар чӣ корад, ҳамонро медаравад.
— Падарат имконият дошт. Ман борҳо ба ӯ ёдрас кардам, вале гӯш накард.
— Умри модарам ҳам фақат бо даъват кардани дадаам ба роҳи рост гузашт.
Чашмони Зарнисо пур аз ашк шуданд. Алӣ суханро идома дод:
— Вақте акаат Сардор дар бораи зане бо номи Ҳамида гап зад, ман ӯро ҷустуҷӯ карда, ки буданашро ёфтам. Маълум шуд, ки ӯ хоҳари Фарҳод будааст.
Дар ҳоле ки Алӣ гап мезад, зеричашмӣ Зарнисоро бодиққат назорат мекард.
— Фарҳод барои интиқом гирифтани хоҳараш ба оилаи шумо наздик шуда буд. Он вақтҳо ба ман намефорид, ки ӯ дар канори ту мегардад. Сабабашро худам ҳам намефаҳмидам. Баъд бо баҳонаҳои гуногун шароит сохтам, ки ӯ биравад.
Алӣ табассум кард.
— Лекин намедонистам, ки ӯ барои хостгории ту одам фиристодааст. Интизор набудам, ки суханҳои пастзанандаи падарат дар он зиёфат ӯро то ин дараҷа аз худ берун мекунад.
Муштҳои Алӣ гиреҳ шуданд. Ашки чашмони Зарнисо бошад, беист ҷорӣ мешуд.
— Гиря накун, Зарнисо. Ман тахминҳои худам ва ҳақиқатро медонам. Акнун навбати ба зиндон фиристодани Фарҳод аст.
Зарнисо бо ҳайрат ба Алӣ нигоҳ кард:
— Шумо аз куҷо фаҳмидед?
— Пай ба пай аз паи воқеаҳо рафтам ва дар Фарҳод таваққуф кардам. Чаро ӯро фош накардӣ?
Суханҳои сарди Алӣ Зарнисоро на танҳо ба ҳайрат оварданд, балки тарсу ҳаросҳои қаъри қалбашро низ берун кашиданд. Ҳақиқат чунон наздик ва чунон талх буд, ки духтар дар ҳазм кардани он душворӣ мекашид.
Алӣ ба пушти курсӣ такя карда, нигоҳашро ба чашмони Зарнисо дӯхт.
— Медонӣ, Зарнисо, — давом дод Алӣ, — Фарҳод танҳо як ҷавони ошиқ набуд. Ӯ медонист, ки бо сабаби кирдорҳои Маматбой зиндагии хоҳараш Ҳамида барбод рафтааст. Ӯ мехост бо ба даст овардани ту, гаронбаҳотарин чизи падаратро — бахти духтарашро кашида гирад ва бо ин роҳ зарба занад. Аммо вақте Маматбой ӯро дар назди мардум паст зад, нақшаи Фарҳод дигар шуд. Ӯ акнун на танҳо интиқом, балки нест кардани ҳамаи шуморо мехост.
Ашк рӯи Зарнисоро мешуст. Ӯ фикр мекард, ки Фарҳод як ҷавони покдил ва ботамкин аст.
— Пас, вақте ӯ ба ман наздик шуд... ҳамааш нақша буд? — пичиррос зад ӯ.
— Ҳамин тавр, — гуфт Алӣ қатъӣ. — Вале ӯ як чизро ба назар нагирифта буд. Ҳарчанд ман барои фош кардани Маматбой далел меҷустам, ҳеҷ гоҳ намегузоштам, ки ту қурбонии ин бозиҳои ифлос шавӣ. Фарҳод ҳозир барои фирор ба хориҷа омодагӣ мебинад, вале ба ӯ рафтан насиб намекунад.
— Ӯ чунон маро идора (манипулятсия) кард, ки гӯё ман маҷбурам барои ҳама чиз товон супорам.
— Гиря накун, Зарӣ. Дар асл, гапе ки ҳозир мегӯям, барои ман аҳамият надорад, вале барои ором шудани қалби ту мегӯям: Фарҳод импотент (оҷизи ҷинсӣ) аст.
Даҳони Зарнисо аз тааҷҷуб боз монд.
Ин... Ин чӣ маъно дорад? Находки?
— Ҳа. Чунки ӯ вақте падару модар ва хоҳарашро дар як рӯз аз даст дод, ба фишори шадиди рӯҳӣ (стресс) дучор шуд. Ман бовар надорам, ки аз дасти ӯ коре ояд.
Ин сухани Алӣ на танҳо Зарнисоро, балки гӯё тамоми ғавғои атрофро ҳам хомӯш кард. Зарнисо пок кардани ашкҳояшро ҳам фаромӯш карда, ба Алӣ хайрон шуда менигарист. Ӯ чунин "зарба"-ро интизор набуд.
— Ин гапҳоро барои он мегӯям, ки ту хотирҷамъ бошӣ. Тавре ки қаблан гуфтам, барои ман фарқе надорад. Ман туро воқеан дӯст медорам. Мисли ҳамон бори аввали диданам, ҳиссиётам умуман дигар нашудааст.
Дар ҳамин вақт ратсия ё телефони Алӣ хабари кӯтоҳе дод. ӯ ба экран нигоҳ карду дасти Зарнисоро гирифт.
— Биё, вақт расид. Ӯ ҳозир ба сӯи фурудгоҳ (аэропорт) равон мешавад. Вале дар он ҷо барояш "пешвози" дигаргуна тайёр карда шудааст. Мехоҳам, ки ту инро бо чашмони худ бубинӣ. Ин нуқтаи ниҳоӣ барои тарсу ҳароси қалби ту хоҳад буд.
Зарнисо бо боварӣ ба Алӣ нигарист. Акнун ӯ он духтари тарсуи пешина набуд. Ба ҳабс гирифтани падараш, вайрон шудани хонаашон ва бозиҳои касифи Фарҳод ӯро дар як шаб калон (пухта) карда буд.
Алӣ бо боварӣ аз дастҳои ӯ гирифт.
— Ин дафъа аз додани шоҳидӣ (гувоҳӣ) нагурез. Дар ҳар ҳолат дар паҳлуят ҳастам.
Маматбой дар паси панҷараҳои оҳанӣ ба шумурдани рӯзҳо шурӯъ кард. Аз надидани офтоб ҳам чанд рӯз гузашт. Дасташ ҳанӯз азоб медиҳад. Шабона таббаш хеле баланд шуд. Дар дасташ дарди тоқатнопазире пайдо шуд, ки гӯё ангуштонаш оташ мегирифта бошанд. Аз дард тоқат накарда дод зад
Доду фарёди Маматбой дар долонҳои танг садо медод, аммо ин дафъа дар овози ӯ ҳайбати пешина набуд — танҳо дарди ҷонкоҳ боқӣ монда буд.
Вақте назоратчиён дари оҳаниро боз карданд, Маматбой рӯ рӯи замин афтода буд ва бо дасти солимаш дасти дигари варамкардаву сиёҳшудаашро сахт мефишурд. Табби баланд ҳуши ӯро хира карда буд ва лабҳояш пичиррос мезаданд:
— Олима... бас кун... гулӯямро нафишор...
— Чунин менамояд, ки гангрена (сиёҳшавӣ) сар шудааст, — гуфт духтури навбатдор ҳангоми муоинаи дасти маҳбус. — Сироят (инфексия) аллакай ба хун гузаштааст. Бояд тезтар ба беморхонаи шаҳрӣ, ба шӯъбаи маҳбусон интиқол дода шавад. Агар дер кунем, на танҳо дасташ, балки ҷонашро ҳам наҷот дода наметавонем.
Вақте Маматбойро бо замбил (носилка) мебурданд, ӯ чашмонашро ба зӯр боз кард. Чароғҳои хираи болои сараш барояш мисли занҷири тиллоии Олима дурахшон менамуданд. "Ин ҳамон... интиқоми ҳамон зан аст", — фикр кард ӯ пеш аз он ки бори охир ҳушашро гум кунад.
Алӣ ва Зарнисо дар назди шӯъбаи парвози фурудгоҳ (аэропорт) меистоданд. Зарнисо дасти Алиро сахт дошта буд ва дилаш босуръат мезад. Ногаҳон дар байни мардум Фарҳод намоён шуд, ки дар сар кулоҳ (кепка), дар чашм айнак ва дар китф сумкаи хурде дошт. ӯ ба атроф нигариста, бо қадамҳои тез ба сӯи қайдгирӣ (регистратсия) мерафт.
Алӣ ишора кард. Дар як сония атрофи Фарҳодро чор ҷавони паҳлавони бо либоси мулки воқеъ иҳота карданд. Фарҳод хост фирор кунад, аммо дастони ӯро зуд ба ақиб гардонида, занҷир (дастбанд) заданд.
Алӣ Зарнисоро пеш андохта, ба назди ӯ рафт. Вақте Фарҳод сарашро бардошта Зарнисоро дид, дар чашмонаш шӯълаи ғазаб дурахшид.
— Зарнисо? Маҳбубаам, намедонистам, ки ин қадар ёдам кардаӣ. Табассуми масхарабозонаи рӯи Фарҳод ва калимаи “маҳбубаам“ дили Зарнисоро беҳузур кард. Ин одам то сонияи охирин аз бозидани нақши худ даст намекашид.
— Барои он ки ёдам кардӣ, маро то фурудгоҳ гусел карданӣ омадӣ? — идома дод Фарҳод бо табассуми каҷ, бидуни эътибор ба кормандони милитсия, ки гирдашро гирифта буданд. — Ин “спектакл“-ро кӣ ташкил кард? Ҳамин Алӣ?
Зарнисо дасти Алиро сар надод.
— Чизи туро ёд кунам? — гуфт ӯ бо нафрат. — Ман омадам, ки башараи аслии туро бубинам.
Алӣ ба дастони занҷирбанди Фарҳод нигоҳе афканд.
— Тамом, бозиат ба охир расид, — гуфт Алӣ бо сардӣ. — “Бизнес“-и ту дар хориҷа ва ҳуҷҷатҳои сохтаат аллакай фош шудаанд. Акнун на дар бораи ишқ, балки дар бораи он фикр кун, ки ба муфаттиш чӣ ҷавоб медиҳӣ.
Табассум аз рӯи Фарҳод якбора парид. Ӯ ба Зарнисо бо нафрат нигоҳ кард.
— Барбир ман ба ту чунин тамғае задаам, ки тамоми умр маро фаромӯш карда наметавонӣ.
Зарнисо аз дарун ларзид; шунидани чунин суханон дар назди Алӣ ӯро ба замин яксон карда буд.
— Шояд, дар бораи корношоям (оҷиз) буданат ҳам бигӯӣ?
Алӣ хомӯш истода натавонист. Аз ин сухани ӯ ранги Фарҳод канд ва муштҳояш гиреҳ шуданд.
— Баред инро!
Бо фармони Алӣ Фарҳодро бурданд.
— Ҳамааш тамом шуд, Зарӣ. Акнун танҳо ба сӯи рӯзҳои хуш қадам мезанем. Бо ман ҳастӣ?
Зарнисо бо ишораи сар тасдиқ кард ва дастони Алиро сахт фишурд.
Маматбой дар болои мизи ҷарроҳӣ ҳанӯз беҳуш хобидааст. Маҷбур шуданд, ки чор ангушти ӯро бурида партоянд. Гангнера ба шиддат паҳн мешуд. Аммо ҳангоми ҷарроҳӣ боздоштани хун хеле душвор гардид.
ДАВОМ ДОРАД...
Ба қисмҳои охир наздик шуда истодаем. Дастгириро фаромуш накунед.
2 комментария
25 классов
Бархурд
Қисми 54
Росташро гӯям, дар ҳайратам ва бовар карда наметавонам.
— Вақте акаатонро дидед, ин гапро мегӯед.
Феруза табассум кард. Вақте мошин дар назди як хонаи зебои дуошёна таваққуф кард, Зарнисо фаҳмид, ки акааш зиндагии осудаву бадавлат дорад.
— Дароед, худро мисли хонаи худ ҳис кунед. Дар асл, ман имрӯз ҳама шароитро тайёр карда будам, то шуморо ба меҳмонӣ даъват кунем.
Феруза духтарро ба меҳмонхонаи ороёфтаву зебо даровард.
Соҳиба аз дарди шадиди шикамаш дод зад. Нафаҳмид, ки чаро ин тавр мешавад. Дирӯз ба назди духтур рафта буд, ҳама чиз хуб баромада буд.
Дард паст нашуд. Соҳиба нолакунон худро аз ин сӯ ба он сӯ мезад. Кӯдакаш шашмоҳа шудааст. Ҳанӯз барои таваллуд барвақт аст.
Аммо доруҳои дардовар таъсир накарданд. Бегоҳирӯзӣ дард чунон шиддат гирифт, ки Соҳиба дигар аз ҷой хеста натавонист. Ҳамин ки хост ба "Ёрии таъҷилӣ" занг занад, дид, ки миқдори зиёди об бо омехтаи хун омад.
Соҳиба бо дастони ларзон ба телефонаш часпид.
— Илтимос... фақат ҳозир не... — Соҳиба нола карда, ба зону афтод. — Ба кӯдакам даст нарасон, Худоё!
Ӯ бо душворӣ рақами "Ёрии таъҷилӣ"-ро чинд. Пас аз даҳ дақиқа садои сирена ошёнаи поёнро пур кард. Вақте духтурон Соҳибаро бардошта ба мошин савор карданд, ӯ аллакай ҳушашро гум мекард.
Банда чӣ нагӯяд, барбир хости Аллоҳ мешавад. Бинобар мавҷудияти сироят (инфексия) дар бадани Соҳиба ва ду аборт (исқоти ҳамл)-и қабланкардааш, ҳомиладорӣ ба таври мӯътадил нагузашт. Кӯдак пеш аз мӯҳлат таваллуд шуд ва ҳатто як соат ҳам зиндагӣ накард.
Аммо ин ҳамааш набуд. Тавре ки духтур қаблан огоҳ карда буд, ин дафъа имкони наҷот додани бачадон (раҳим) мавҷуд набуд. Соҳиба дар синни бисту яксолагӣ ба ҳукми "дигар ҳеҷ гоҳ фарзанд нахоҳад дид" рӯ ба рӯ шуд.
Ҷарроҳӣ вазнин гузашт. Вақте ӯ ба ҳуш омад, ҳеҷ кас аз аҳволаш хабар нагирифт. Ӯ маҳз дар ҳамон лаҳза дарк кард, ки дар ин дунё комилан танҳо мондааст. Наздиконаш аз ӯ даст кашида буданд ва ӯро мисли як ашёи бекора ба як гӯша партофта буданд.
Ин хабар барои Соҳиба мисли охирзамон буд. Ӯ ба шифти палата чашм дӯхта хоб буд ва эҳсос мекард, ки на танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, балки аз ҷиҳати маънавӣ низ маҷрӯҳ шудааст. Бисту як сол... Акнун насли ӯ давом намеёбад ва оғӯшаш ҳеҷ гоҳ аз бӯи кӯдак пур намешавад.
Хушбахтона, ҷони Маматбой сахт будааст. Писаронаш, ки хабари хуб баромадани ӯро аз эҳё (реаниматсия) шуниданд, ба хонаи Комил равон шуданд. Онҳо бори аввал фурсат ёфтанд, ки бо ҳам аз наздик шинос шаванд.
Хонаи Комил хеле бофайз буд ва ҳузури Тамара-ая ба ин хона файзи бештар мебахшид.
— Аз пайдо шудани ҷигарони (бародарони) бачаам сарамон ба осмон расид. Мана, хонаамонро дидед. Акнун зуд-зуд хабар гиред.
Висола дар ҳуҷраи Лайло ба шифт нигариста хоб аст. Мехоҳад Суҳробро бубинад. Дар ин лаҳзаҳо беш аз ҳарвақта ҳис кард, ки чӣ қадар ба ӯ эҳтиёҷ дорад. Суҳроб аллакай ба тамоми вуҷуди ӯ табдил ёфта буд.
Ҳумор ба назди Висола даромад.
— Акнун чӣ кор мекунӣ?
— Намедонам, мунтазирам, ки Суҳробам дадаамро розӣ кунанд.
— Ман... ҳатто пай набурдаам, ки бародарам (Маматбой) то ин дараҷа паст рафтааст.
— Амма, ба фикри шумо ҷасади Олима-апа дар куҷо бошад?
— Росташро гӯям, он вақт ман ҷавон будам, ақлам ба ин чизҳо намерасид.
— Акнун дадаам бо шумо чӣ гуна муносибат мекарда бошанд? Шояд ба хотири бародаратон бо шумо ба зиддият нараванд?
— Висола, ростӣ намедонам. Сарам гаранг шудааст.
Дар ҳоле ки ин суханонро мегуфтанд, Ҳамза вориди ҳавлӣ шуд. Бобои Шодмон ба пешвози ӯ баромад.
— Боз чӣ балоҳоро сар кардаӣ?
— Ҳамааш хуб аст, падар.
— Пас чаро Темурро задӣ? Охир ӯ қудои туст. Дар бораи тақдири духтарат фикр намекунӣ?
— Падар ба духтарам ҳеҷ чиз намешавад.
— Пас чаро инро (Висоларо) дар ин ҷо нигоҳ медорӣ? Шавҳараш омада буд, вале духтарат гуфт, ки "дадаам иҷозат намедиҳанд" ва нарафт. Ақлат дар ҷояш ҳаст?
— Падар шумо ҳеҷ чизро намедонед! — Ҳамза овозашро паст карда гуфт. — Темур қудо не, ӯ хоин аст! Ӯ шарики корҳои касифи Маматбой буд. Солҳо маро аҳмақ карда гаштанд. Акнун Висола ба он ҷо барнамегардад. Тамом!
Бобои Шодмон ба асояш такя карда, ба писараш наздик шуд:
— Ҳамза, ҳушатро ба сарат гир! Оё барои кирдори он Маматбой бояд бачаҳо бисӯзанд? Суҳроб духтаратро болои сараш бардошта мегардад-ку. Ту бо баҳонаи қасос бахти Висоларо қурбон карда истодаӣ!
Ман гапамро гуфтам. Хаста шудам, хоб кардан мехоҳам.
Ҳамза инро гуфту ба ҳуҷрааш даромад. Висола бошад, аз нарм шудани дили падараш умедашро канда, ба гиря иҷозат дод.
— Гиря накун, ман Суҳробро мешиносам-ку, агар лозим шавад, туро дуздида мебарад. Аз ин хавотир нашав.
Суҳроб хост аз фурсати дар беморхона будани падараш истифода барад. Ӯ устоҳоро оварда, ба вайрон кардани хонаи кӯҳна шурӯъ кард. Чизҳои лозимаро бошад, ба хонаи сеҳуҷрагии навсохтааш, ки ба наздикӣ дар назди офисаш харида буд, кӯчонид. Зарнисоро барои он ки танҳо намонад, дар хонаи Комил гузоштанд.
Ду гурӯҳи устоҳо ба кор даромаданд. Суҳроб таваккал кард. Майлаш, агар падараш хафа ҳам шавад, он хонаҳои бефайзро вайрон мекунад.
Рӯзи аввал деворҳоро чаппа карданд. Мошинҳо пайдарпай партовҳоро мекашониданд.
Ниҳоят, дар рӯзи сеюм ҳуҷраи Висола ва ҳуҷраи Маматбойро то фарш (пол) вайрон карданд.
Суҳроб ва Алӣ корро назорат мекарданд ва мунтазир буданд, ки шояд аз хона ягон нишонаи ҷиноят пайдо шавад. Мутаассифона, то вайрон кардани фарш ҳам чизе набаромад. Баъд ба кандани тахтаҳои фарш шурӯъ карданд. Боз ҳам хомӯшӣ. Ҳеҷ чиз набуд. Аммо вақте тахтаҳои ҳуҷраи Висоларо бардоштанд, шоҳиди чизи аҷибе шуданд. Дар зери замин чизе гӯронида шуда буд ва як гӯшаи матоъ ба берун баромада меистод. Алӣ дарҳол атрофро аз назар гузаронд ва ба устоҳо фармон дод:
— Ин ҷоро кобед!
Устоҳо ҳанӯз кофтанро нағз сар накарда буданд, ки бел ба чизи сахте зада бархӯрд.
ДАВОМ ДОРАД...
Давомаш ҳафтаҳои оянда. То маблағ шудана. Имруз охирон руз хайр касеро хафа карда бошам башиш. Шаби хуш..
19 комментариев
25 классов
Бархурд
қисми 55
Бел боз як бори дигар ба чизи сахте бархӯрд. Устоҳо ба якдигар нигоҳ карданд. Садои баланди атроф якбора хомӯш шуд ва диққати ҳама ба ҳамин нуқта равона гашт.
— Эҳтиёт бошед! — гуфт Алӣ.
Хокро бо даст канор заданд. Вақте гӯшаи матоъро кашида бароварданд, кӯрпаи кӯҳнаи пахтааш пӯсида намоён шуд. Дили Суҳроб таҳ кашид.
— Кушоед... — гуфт ӯ бо душворӣ.
Вақте матоъро кушоданд, яке аз устоҳо худро ба ақиб кашид.
— Астағфируллоҳ...
Дар дохили кӯрпа устухонҳои одам намоён буданд. Аз ҳама аҷибаш он буд, ки занҷири тиллоӣ дар он ҷо медурахшид ва вақте хокашро пок карда хонданд, навиштаҷоти "Олима" соҳиби ҷасадро ошкор кард.
— Пас рост будааст... — пичиррос зад ӯ.
Алӣ нафаси амиқ кашид: — Ин тасодуф нест. Ин куштор аст. Олима Эркинова бедарак нашудааст. Ӯро кушта, дар зери фарш гӯронидаанд ва тахтаҳоро тавре задаанд, ки гӯё ҳеҷ гап нашуда бошад ва ҷиноятро пинҳон кардаанд.
Ин кашфиёти ногаҳонӣ ҷараёни воқеаҳоро комилан дигар кард. Сирре, ки Маматбой солҳо пинҳон медошт, акнун ошкор шуд.
— Ин мумкин нест... — Суҳроб ба зону афтод. — Падарам... наҳод падарам ба чунин кор даст зада бошад?
Алӣ ба устоҳо ишора кард, ки дуртар раванд. Ин ҷо дигар на майдони сохтмон, балки макони ҷиноят буд.
— Суҳроб, худро ба даст гир, — гуфт Алӣ китфи дӯсташро фишурда. — Ҳозир кормандони махсус меоянд. Ин устухонҳо солҳои зиёд ин ҷо будаанд. Тасаввур мекунӣ, туву Висола ҳар рӯз дар болои қабр хоб мекардед.
— Висола мегуфт, ки овози гиряи занеро мешунавад. Пас ӯ ҳамеша ноором будааст-да.
— Ҳама чиз ба ҷои худ меафтад. Устухонҳоро бояд ба қабристон баранд.
Алӣ бо телефон касонеро фарёд кард. Дар зарфи ним соат атрофи чуқуриро кормандони милитсия иҳота карданд.
Қудрати Аллоҳро бинед, ки маҳз ҳамон ҷое, ки Олима гӯронида шуда буд, хокаш мисли санг сахт шуда, хоки ҳуҷраҳои дигар мулоиму намнок буд. Хушкии хок нагузоштааст, ки устухонҳо дар тӯли ин солҳо пӯсида нест шаванд. Ин боз як бори дигар нишон медиҳад, ки ҳеҷ кори Аллоҳ беҳикмат нест.
Маматбойро дар рӯзи панҷум дастгир карданд. Вақти ҷавоб додан барои ҷиноятҳояш расида буд.
Алӣ ва Мурод далелҳои зиёде ҷамъ оварда буданд, ки Маматбой ҳеҷ кадомашро инкор карда натавонист. Ӯ танҳо сарашро хам карда менишаст.
Рӯзи суд ҳанӯз муайян нашуда буд. То он вақт Маматбойро дар боздоштгоҳи махсус нигоҳ медоштанд.
Парвандаи Фарҳод ҳоло ошкор нашуда монд. Бинобар набудани далелҳои кофӣ, гапҳо дар бораи Ҳамида исботи худро наёфтанд.
Суҳроб боз ба назди Висола омадааст. Ҳарду ба якдигар нигоҳ карда менишинанд. Ҳамза ҳанӯз аз раъяш нагашта буд. Ӯ пойфишорӣ мекард, ки "бо писари Мамат зиндагӣ намекунӣ".
— Висола, меравем?
— Акаи Суҳроб... Дадаам мегӯянд, ки агар равӣ, оқат мекунам.
Ин сухани Висоларо бобои Шодмон шунида монд.
— Чӣ гуфт?
Ҳарду дар ҷояшон парида, ба бобо нигоҳ карданд.
Бобоҷон...
Висола бо дидани бобояш ҳайрон шуд.
— Ҳамза чӣ мегӯяд?
Висола ҳамаашро нақл кард.
— Ба ин падари бефаросатат ҳеҷ ақл надаромад-да. Ҳамза-а-а!
Бобои Шодмон бо тамоми овоз писарашро фарёд кард:
— Ҳамза-а-а-а!
Ҳамза аз дар баромад.
— Лаббай, дада.
— Тез ин ҷо биё!
Вақте Ҳамза назди падараш омад, фаҳмид, ки гап дар бораи чист.
— Ту чӣ гуфтӣ? Намегузорӣ, ки духтарат бо шавҳараш биравад?
— Намеравад, тамом! Ман барои писари Мамат духтар надорам.
— Ӯ духтари ту нест (манзур: ту ҳаққи бахти ӯро сӯзондан надорӣ). Бирав Висола, чизҳоятро ҷамъ куну бо шавҳарат бирав. Ҳамза, агар ягон гапи зиёдатӣ гӯӣ ё муқобилият кунӣ, аз ин хона гум шав! Ту ҳам дигар падар надорӣ!
Ҳамза боз дар назди падараш забон кӯтоҳ кард ва хомӯш монд.
Висола камзулашро ба китф партофта баромад. Бобояшро ба оғӯш гирифта хайрухуш кард ва ҳамроҳи Суҳроб рафт.
Лайло ва Малик, ки хӯроки шомро омода карда буданд, дар сари дастурхон нишастаанд. Темур бошад, ба куҷое рафтааст.
— Лайлоҷон, бигир охир, чаро кам мехӯрӣ?
Лайло табассум кард. Ӯ ҳанӯз ҳам дар назди Малик аз таъсири суханони онрӯза баромада наметавонист.
— Лайло, ҷони ман, бас кун дигар. Ман хато кардам. Биё, ҳамаашро фаромӯш кунем.
— Фаромӯш кардам. Фақат намедонам чаро иштиҳо надорам.
Малик бо ин қаноат накарда, маҷбурӣ худаш ба Лайло хӯрок медод.
— Агар ҳамин хел давом кунад, хеле лоғар мешавӣ. Агар ту лоғар бошӣ, бачаҳоямон ҳам мисли худат лоғар-лоғар мешаванд? Не-е-е, ман мехоҳам, ки ту бароям бачаҳои (паҳлавонча) таваллуд кунӣ.
Ғубори дили Лайло гӯё шуста шуд.
— Аз вақти тӯй инҷониб хеле зиқ шудӣ, пагоҳ ягон ҷо ба сайругашт меравем? — пурсид Малик дасти Лайлоро дошта.
— Шумо чӣ гӯед, ҳамон, — табассум кард Лайло.
Висола бо Суҳроб ба хонаи навашон ворид шуданд.
— Ин хонаи нави мост.
— Хонаи дигарамон-чӣ? — Висола, ки ҳанӯз аз чизе хабар надошт, пурсид.
— Дар он хона дигар зиндагӣ намекунем. Ман мехоҳам ҳаётамро аз нав оғоз кунам.
— Тинҷӣ ҳаст? Бо дадаатон ҷанг шудед?
— Дадаам дар маҳбас аст, ҷазояшро мегирад. Висола, он овозҳое, ки мешунидӣ, бесабаб набудаанд. Сабабаш он аст, ки... дадаам зани аввалашро кушта, дар ҳамон хона гӯронида будааст.
Висола ба ларза даромад.
— Наход.
— Ҳа, мутаассифона ҳамин тавр.
Суҳроб дастҳои Висоларо гирифт.
— Натарс ҷонам, ман дар паҳлуят ҳастам.
Онҳо ба хона даромаданд. Хона бо тарзи муосир таъмир шуда, ҳама шароит муҳайё буд.
— Акнун ин хонаи мост. Дигар нияти ба он хонаи бехосият баргаштанро надорам.
— Зарнисо дар куҷост? — пурсид Висола, чун хоҳаршӯяшро надид.
— Агар гӯям, гап зиёд аст. Зарнисо "фуурӯхта" шудааст. Ӯ хоҳари акаам шуд ва дар хонаи онҳо монд.
Суҳроб хандид.
— Акаатон...?
— Ҳа, акаам. Дар ёд дорӣ, дар бораи фарзанди маъюби модарам гуфта будам? Ҳамон акаам ҳозир ҳуқуқшиноси ботаҷриба шудааст. Туро ҳанӯз бо апаам (янгаам шинос мекунам.
Ин суханон барои Висола як навгонии воқеӣ буданд. Дар як рӯз ҳам шодӣ, ҳам ҳақиқати даҳшатбор ва ҳам пайвандҳои хешутабории ногаҳонӣ ошкор шуданд.
Висола гаранг шуда монд. Аз пеши чашмонаш он ҳавлии бефайз, нафаси сарди деворҳо ва садоҳои нофаҳмои шабона гузаштанд. Акнун ҳамааш аён шуд: ӯ дар болои қабри як зани мазлум зиндагӣ мекардааст.
— Акаи Суҳроб, пас... он овозҳо рост будаанд-да? — овози Висола ларзид. — Чизҳое, ки ман аз онҳо метарсидам, танҳо хаёл набудаанд?
— Ҳамааш дар гузашта монд, Висола, — гуфт Суҳроб, дар ҳоле ки кӯшиш мекард дастҳои сарди ӯро гарм кунад. — Акнун дар ин ҷо танҳо рӯзҳои хуби мо хоҳанд буд. Пагоҳ туро бо акаам шинос мекунам. Ӯ инсони хеле хуб аст, фикр мекунам, ки ҳамсараш низ ба ту мефорад. Исмаш Феруза, зани хеле кушодачеҳра ва меҳрубон будааст. Боз аз ҳама ҷолибаш ин ки модар хонди акаам, Тамара-ая, Зарнисоро мисли духтари худ қабул кардааст. Ӯро як лаҳза аз наздаш дур намекунад ва "духтари ман" мегӯяд.
Алӣ аз корхона баромада, ба назди Зарнисо рафт. Ҳарду вақтҳои охир фурсати дуруст гап задан наёфта буданд.
Онҳо дар ресторане, ки ба наздикӣ кушода шуда буд, нишаста сӯҳбат мекарданд.
— Акаи Алӣ, шумо худатон одам ҳастед?
Алӣ, ки дар он лаҳза нӯшокии "Кола" менӯшид, қариб буд, ки нафасгир шавад.
— Барои чӣ ин тавр мегӯӣ?
— Бо кадом ҷуръату дил ин ҳама корҳоро анҷом додед?
— Фақат дили як нафарро ба даст оварда наметавонам-да, ҳамеша худро аз ман дур мегирад.
Давом дорад
6 комментариев
25 классов
Ишқи ду ҷавон
Қисми 8.
Агар дудбаро дар ҳуҷраи Зоя Павловна боло рафта бошад, пас метавонам ҳучраҳои се ошёнаи дар болои ҳуҷраи кампирбударо таъмир кунам ва агар аз худи ошёнаи якум берун рафта бошад, он гоҳ аҳвол хароб. Шаш моҳи зимистон боз бекорӣ. Чароғи дастиамро гирифта бо нӯги по аз назди ҳуҷраи Зоя Павловна гузашта, берун баромадам. Чароғи кӯча қисми қафои биноро равшан намекард, бинобар чароғи дастамро гиро карда бовар ҳосил кардан хостам, ки дудбаро боло рафтааст. Дар як лаҳза суроби Ойгул паси парда намудор гардид. "Ин ҳам хоб надорад-чӣ?"
Ойгул ишора кард, ки хона дароям.
- Алла гӯям? - ҷиддӣ гуфт Ойгул маро дар назди дар пешвоз гирифта.
- Пасттар, кампир бедор нашавад...
- Бедор кампир, дузд барин дар паси хона чӣ кор мекунед?
- Сӯрохӣ меҷӯям.
- Нишон диҳам сӯрохиро?
- Канӣ, дар куҷо?
- Чӣ хел сӯрохӣ?
- Дудбаро.
- Безор кардед қатӣ дудбаротон, соат чор шуд, шумо истироҳат мекунед? Ё моро истироҳат кардан мемонед? Шаб доду фиғон карда хоб рафтан намондед.
- Ин қадар хоб рафтанро дӯст медоред? Чароға гиронед, наҳорӣ мекунем.
- Ҳозир кампира пурсам.
Дар паси дари ҳуҷра будам, ки чароғ фурӯзон шуд. Дарро ба нохун задам.
- Камтар қаноат кунед, либосама иваз кунам, - гуфт Ойгул, - мурдед аз гуруснагӣ?
- Печкаро мебинам - мебароям.
- Баъди панҷ дақиқа...
Берун баромада рӯямро бо оби сарди чойники мисӣ шустам. Офтоб ҳам нурҳои аввалинашро ба абрҳои сиёҳи осмон пош медод.
- Имрӯз нарезад хуб мешуд, - гуфта хона даромадам.
- Чӣ нарезад? - Ойгул дар остонаи дари ҳуҷраи кампир мӯйҳояшро шона мезад.
- Борон.
Зоя Павловна аллакай такя ба болин зада менишаст.
- Ту умуман хоб дорӣ? - гуфт, - бехобӣ касро бемор мекунад.
- Печатон дар куҷо?
- Ана, дар девор.
- Тавре сохтаанд, ки аз девор фарқ намекунад. Дудаш куҷо меравад?
- Хабар надорам.
Ин дам Ойгул низ вориди ҳуҷра шуд. Даҳон во карданӣ будам, ки:
- Ман ҳам намедонам, - гуфт.
Дари печро кушода, андарунаш нигаристам, танӯри калонро мемонд.
- Эҳа, ин ҷо дарахтро бо решааш ғунҷонидан мумкин, - гуфтам.
- Чӣ муаммо дорӣ? - пурсид Зоя Павловна.
- Зимистон бекор намонам мегӯям. Агар ҳучраҳои болоӣ гарм шаванд, таъмирро дар сармо ҳам кардан мумкин.
- То зимистон расем, баъд маслиҳат мекунем.
Бачаҳо бояд аз рӯи ваъда соати ҳаштуним ҳозир шаванд, то вақти муайяншуда фурсат бисёр. Ман бояд роҳи вурудро ба болор ёбам. Амали роҳи таҳхонаро такрор карда, девори болои зинаҳои ошёнаи чорумро кушодам. Лаҳад барин торик, чизеро дида намешавад. Равшании чароғи дастӣ низ хира гашта, танҳо табақ барин ҷоро равшан мекард. Ҳарчанд ба девори канор наздик мешудам, ҳамон қадар бом паст мешуд. Ман мехостам фаҳмам, ки об аз куҷо шоридааст ва чӯбҳо пӯсидаанд. Дар болои чӯби пӯсида низ ҳаракат кардан хатарнок буд. Мешиканад, рост ба ошёнаи чорум меафтӣ. Зери по нарм, аввал гумон кардам, ки тахтаҳо пӯсидаанд. Аммо дертар маълум шуд, ки коғазпораҳои ба як андоза буридашуда. Чароғро наздиктар бурда, дидам, ки зери по даста-даста пулҳо мехобанд. Пулҳо бетартиб пошида шудаанд. Як қабза аз онҳоро гирифта назди зинаҳо омадам. Пулҳо истеҳсоли соли 1905, ҳама аз як, се ва панҷсӯма иборат. Инҳоро бояд то омадани бачаҳо гирифта поён барам ва дар ягон кунҷ сӯзонам. Боз кӯмаки Ойгул лозим шуд. Фаромада халта пурсидам.
- Халта ба фикрам тамом шуд, бачаҳоро гӯед, сари қадам харанд.
Ба ҷавони дирӯза занг задам.
- Ман бо ронанда гап задам, пас аз як соат бо панҷ мукааб бетон меравад. Барои харидани халта фурсатамон намерасад. Дар автобус нишастаем.
- Ман шуморо "мошин харед" гуфтам, - гуфт Ойгул, - "боркаш мехарем, сабукраваш лозим нест" гуфтед. Ана акнун барои ҳар як майда-чуйда бачаҳоро хоҳиш карданатон лозим меояд.
- Боркаш бошад боз хубтар, масолеҳи сохтмонро худам мекашонам. Боркашҳои хурд мегирем, ҳоло харам - тамошо кунед.
- Кай мехаред? Ҳар гоҳ маркази ноҳия давида рафта, давида бармегардем.
- Мошинро аз мағозаҳои ноҳия намехаред Ойгул, вай дар автосалонҳои махсус мешавад, - баъд фикре ба сарам зад, - мегардем автосалон гуфта? Аз интернет ҳам ёфтан мумкин.
Телефонро гиро карда ба яке аз замимаҳо ворид шудам:
- Ана, марҳамат, - гуфта сурати мошини дар нақшадоштаамро нишон додам.
- Хушрӯяк-ку, - гуфт Ойгул, - аз сурхаш нест?
- Дар куҷо дидед, ки мошини боркаш сурх шавад? Сониян мошинро ман идора мекунам, на шумо.
Ба соҳиби мошин занг зада нархи ниҳоияшро пурсидам.
- Чизе дар эълон гузошта шудааст - ҳамон. Метавонам танҳо нархи як бак сӯзишвориро гузарам.
- Арзон намекардааст, - гуфтам ба Ойгул, - ба шумо маъқул?
- Аққалан сабзаш мешуд...
Телефонро гирифта назди Зоя Павловна бурдам:
- Метавонем ҳаминро харидорӣ карда?
- Чаро не? - гуфт ӯ сипас ба нархаш нигаристу: - танҳо гайринақдӣ, - гуфт.
Аммо соҳиби нақлиёт танҳо нақд пурсид.
- Метавонед пагоҳ мошинро ба хона ронда? Ҳамроҳ ба бонк меравем, - гуфтам.
- Метавонам, суроға куҷо?
- Тариқи паёмак мефиристам. Шартномаи ҳарду фурӯш ва пур кардани бак аз хотир фаромӯш нашавад.
Телефонро хомӯш карда ба Ойгул муроҷиат кардам:
- Минбаъд майро бо мошин мебиёрем.
Баробари ҷавонон мошини бетонкаш ҳам расид. Бетони тайёрро дар қолаб рехтем, каме боқӣ монд. То даромадгоҳи ҳавлӣ низ қолаб карда, боқимондаи бетонро дар ҳамон ҷо рехтем ва ҳамвор кардем. Гаштаву баргашта сатҳи пандусро ҳамвор мекардам, то ба чархҳои аробаи Зоя Павловна монеа эҷод накунад. Рӯз ҳам бегоҳ шуд. Пас аз хӯроки шом бо ҷавонон ҳисобӣ карда, фармудам, ки пас аз се рӯз барои се ҳафтаи корӣ омода шаванд, ҷойгаҳашонро ман аз ноҳия меорам.
- Нест дигар коргар? Барои сеямон мушкил мешавад. Ҳастанд рафиқонам, аммо аз дигар ноҳия, - гуфтам ман.
- Чанд нафарро пурсидед, муздаш кам гуфта розӣ нашуданд.
- Чӣ? Се ҳазор ба як рӯзи корӣ кам? Медонед маоши ман чанд? Ба рӯзам хазорӣ рост меояд.
- Мо маҷбур карда аз гӯшаш кашола кунем?
- Хуб, ман рафиқони худамро даъват мекунам.
- Мо дигар лозим не?
- Барои чӣ? Ҳар қадар бисёр шавем, корамон сабуктар мешавад.
Ҷавононро гуселонида ба рафиқам занг задам.
- Айни ҳол панҷ нафар нақд, боз ёфтан мумкин.
- Музди маош ҳар рӯз бегоҳ, - гуфтам, - фиреб надорад.
Имшаб барвақт мехобам, Ойгулу Зоя Павловнаро ҳам ором мегузорам.
"Ҳашт нафар. Ду нафари дигар лозим. Агар бомро кушоему борон борад, аз ин дида рӯзи сахт нест. Ҳамаро расво кардан мумкин. Чӣ бояд кунем? Агар чоряки бомро кушоем, ё нимашро, боронро ҳам ба танзим овардан мумкин. Аз тунукаҳои худаш ягон чӣ фикр мекунем. Фаршу сақф як маротиба нам кашад, онро лозим меояд моҳҳо хушконӣ. Тахтаҳои зери тунука барои сохтани қолаби боми бетонӣ кор меомада бошанд?
Қувваи чароғи дастиам хеле заиф, бо равшании телефон ҳам баромадан мумкин. Ҳанӯз девори афтондаам зери по, ин меҳнати пагоҳинаи ман. Пагоҳ мошинро савор шуда ба ноҳия меравем, Ойгул ҳамроҳам. Халта барои партов ва пулҳои бобои Зоя. Ин миқдор пулро чӣ тавр ҷамъ карда бошад? Ҳамааш имрӯз корношоям, чаро сарф накард? Ба куҷо сарф кунад? Бинои боҳашаматро сохт, ба набера мерос гузошт...
Дар чор тарафи бом барои берун баромадан дарча гузоштаанд. Дуи онҳо шикаста рехтааст. Дуи дигар барҷо. Маҳз аз ҳамин ҷои шикаста, об гузашта, тахтаҳои бомро пӯсонидааст. Тунукаҳо низ бо гузашти солҳо занг задаанд. Пас аз панҷ-шаш соли дигар, аз барфи зиёд пурра фурӯ меравад. Бояд худи ҳамин сол ин корро хотима бояд дод.
Маро усули ба ҳам пайваст кардани тахтаҳо мафтун кард. Аз ҳисоби чӯб мех сохта, ду тахтаро парма намуда, чунон моҳирона ба ҳам пайванд кардаанд, ки фикр мекунӣ яксара чиз аст. Ҳарчанд бом асту касе инҷо намебарояд, ҷои мехдорро рандаву суфта кардаанд. Ба маҳорататон қоил, агар қисме аз чӯбҳо намепӯсид, ин бом боз се асри дигар барҷо буд. Ҳам беназорат монду ба ҳамин ҳол расид.
Ин гуна тахтаҳои бузургу вазнинро бе техника чӣ гуна боло бароварда бошанд? Тахта ҳам не, чӯб. Инро гумон аст, ки ҳашт нафар бардошта тавонем. Усули пайвасти тунукаҳоро пагоҳ меомӯзам.
Аз дарчаи шикастаи бом кабӯтарон даромада, ҳамаро ахлот кардаанд. Ҳар тараф тӯдаи болу пари кабӯтарон, ҷасадчаҳои хушкидаву ба устухони холис мубаддал гардидаи онҳоро дида, дили кас ба ваҳм меояд. Як халтаи полиэтилениро гирифта ҳамаашонро ҷамъ мекунам ва ба поён ҳавола мекунам. Одатан, Ойгул халтаҳои холигаштаро дар як халтаи дигар ҷамъ мекард.
Ба ошхона фаромада халта мекофтам, ки чароғи ҳуҷраи Зоя Павловна гиро шуд. Ҳозир Ойгул мебарояду хангомаро мебардорад. Тамоми халтаҳоро ҷамъ карда бошитоб берун баромадам, ки Ойгул низ баромад.
- Шумо сиҳат ҳастед? Мемонед мардум истироҳат кунад?
- Ман чӣ кардам?
- Хашар-хушур чӣ мекобед?
- Дар бом кабутари бисёр мурдааст, ҷамъ карда монам.
Ойгул халтаҳоро аз дастам чанг зада гирифт.
- Рӯзи дароз монда нашудед? Меҳнати шуморо дида ман монда мешавам. Камтар ба ҷони танатон инсоф кунед!
Ночор ба ҳуҷраи худ гузаштам.
- Ин дафъа дарро аз берун маҳкам мекунам, - огоҳ кард Ойгул.
Бехобӣ - дард.
Ҳамкорони собиқам низ ҳамеша шиква мекарданд, ҳатто ҳаби хоб медоданд.
- Хоб асабро ором мекунад, янгаро мебинӣ, - гуфта ҳазл мекарданд.
Аммо бехобӣ бароям одат шуда буд. Агар бедор ҳам, ки бошам, ёзидан дар рӯи ҷогаҳ маро дарди сар мекард. Берун мебаромадаму дар саҳни ҳавлии коргоҳ давр мегаштам.
Хобгоҳ дар ҳудуди корхона ҷойгир буд. Ду саги бадҳайбат дошт. Аммо бо вуҷуди ҷуссаи бузург доштан онҳо қобил буданд, танҳо аккос мезаданду дум меликконданд. Аз занҷирашон раҳо мекардаму рӯи ҳавлӣ медавидем. Шояд барои ҳамин маро дӯст медоштанд. Ду соати саёҳат бо онҳо маро каме монда мекард ва ман метавонистам соате хоб равам.
Аммо дар хонаи Зоя Павловна, ҷое, ки ин қадар кори анҷомшаванда дорем, магар истироҳат кардан имконият дорад? Фориғболӣ карда, пагоҳ бекор монданам мумкин. Ман бори аввал фасли сарморо дар кишвари рус паси сар накардаам. Зимистон дар ин ҷо хеле тӯл мекашад, сабзаву гармиҳои офтобро моҳҳои зиёд интизор мешавӣ. Имрӯз фурсат аст, ки барои кор дар фасли сармо замина гузорам. Зоя Павловна ба ман бовар кардааст, ба бовариаш сазовор бояд бошам.
(давом дорад)
Муаллиф Ю.Ашуров
таҳияи М.Юсупов
2 комментария
18 классов
Ишқи ду ҷавон
Қисми 5.
Чароғро хомӯш карда боло баромадам, аллакай дар ҳавлӣ чароғ медурахшад, торикӣ кайҳо фаро расидааст. Дари кампирро ба нохун задам.
- Даро, - гуфт Зоя Павловна.
- Ман таҳхонаро ба тартиб овардам ва бисёр гунаҳкорам, ки мактубро хондам, - гуфта коғази дар дастам бударо ба кампир додам.
- Мактуб? - Зоя коғазро аз дастам гирифта кушод ва айнакашро аз Ойгул пурсид. Ойгул айнакро як маротиба бо латтачаи маҳин тоза карда дар дасти кампир дод. Зоя мактуби кӯтоҳро дар як лаҳза хонду айнакашро аз чашм гирифт ва чашмонашро пок кард. Ойгул фарзандвор дар паҳлӯи кампир нишаста ӯро аз паҳлӯяш оғӯш кард. Зоя коғазро дар сари синаи хушкидааш ҷафс карда бесадо мегирист.
- Падари қаҳрамони ман, замин бароят нарм бод! - гуфт ӯ ва мактубро зери болинаш халид. Сипас пас аз каме таваққуф ба нақл пардохт.
- Бобоям солҳои аввали инқилоб зидди ҳукумати шӯравӣ бархост, ӯ як шахси давлатманд буд ва намехост ҳама дороияшро давлат соҳибӣ кунад. Аз ҳисоби кормандонаш як дастаи мусаллаҳ ташкил карда мубориза ҳам бурдааст. Аммо даста дар муддати кӯтоҳ талаф меёбад ва бобоямро аскарони сурх мекушанд. Падарамро пас аз солиёни зиёд ҳамчун фарзанди душмани халқ таъқиб карда, ниҳоят оилаи моро ба Сибирь бадарға мекунанд. Ҳарчанд падарам бо мушкилиҳои зиёд аъзои партия мешавад ва ҳамин биноро ҳамчун мактаби таълимоти нав ба ҳукумат пешниҳод мекунад, аммо бинобар дурӣ аз ноҳия рад мекунанд. Соли 1943 ба ҷанг даъват мешавад ва то Олмон меравад. Пас аз ғалаба боз таъқибу пайгириҳо идома меёбанд, моро падарам ҳамроҳаш аз Сибирь ба Республикаи Демократии Германия мебарад. Модарам ба сардиҳои Сибирь ва гуруснагӣ тоб наовард, ӯро ҳангоми дар ҷанг будани падарам ба хок супоридем. Ман бошам, дар Германия ба афсаре дил бохтам, оила барпо кардем. Аммо падарам боре дар бораи ин хона ёдовар нашуд, гумон дошт биноро ба замин яксон кардаанд. Ман ду духтар ва ду писар ба дунё овардам. Пас аз нафақа боз ёди Ватан кардам. Баргаштам, адвокат ёфтам ва биноро тавонистам ба номи падарам барқарор кунам. Дар асл замини мо бештар аз ду гектар будааст, аммо имрӯз танҳо барои чил садяк ҳуқуқ дорем. Ман мехоҳам номи баланди падарро барқарор кунам ва ин биноро ба номи Павел гузорем. Аслан дар ҳуҷҷатҳо ин бино "Дом Павла" қайд гардидааст. То умр боқист мекӯшам.
- Мо дар каноратон мешавем, - гуфт Ойгул кампирро ба оғӯш гирифта.
- Мактубро аз куҷо гирифтӣ? - пурсид Зоя Павловна бо дидаи намнок.
- Аз даруни як кӯза афтид, - гуфтам, - зеро самовар аз кӯза гаронтар буд.
- Биёр, ҳамчун осор вайро ҳам нигоҳ медорем, - гуфт Зоя Павловна.
Кӯзаро, гӯё аз худам бошад, бо дили нохоҳам оварда хостам ба дасти кампир диҳам, вале кампир Ойгулро фармуд, то аввал аз чангу гард тоза кунад.
- Вазифаи ту, - гуфт кампир ба ман рӯ оварда, - сарҳади хавлиро аз рӯи нақша муайян кардан ва аломат гузоштан аст.
- Якбора девор мекунем, - гуфтам ман, - аломатҳо дер намепоянд.
- Боз хубтар, ту аз масраф натарс, пул дорем, ба ҳамааш мерасад. Қариб фаромӯш кунам, ман бояд барои имрӯзи корат бо ту ҳисобӣ мекардам, - сипас ба Ойгул нигарист. Ойгул ишора кард, ки ба берун бароям.
Ин дафъа наранҷидам, аз ҳуҷра берун шуда худ дарро пӯшидам. Кампир пули бисёр дорад ва ба ман бовар намекунад. Имрӯз ман рӯзи дуюми корам дар ин хонадон аст, Ойгул бошад солҳо кор карда, ба боварии кампир сазовор гаштааст, духтар ё набераи худ барин медонад. Аммо ман нияти дуздӣ надорам, салиби тиллоӣ ва самовари мисӣ бароям кифоя аст. Тиллоро ба ивази пули калон иваз кардан мумкин. Имшаб арзишашро аз интернет меҷӯям.
Ойгул дарро кушода маро даъват кард. Кампир дар даст як қабза пул нигоҳ медошт.
- Ана, дар ин ҷо имзо кун, - гуфта коғазеро дар дастам дод. Маблағи дар коғаз нишондодашударо дида ба чашмонам бовар накардам ва шумораи сифрҳояшро шумурдам - панҷ сифр ва дар пеш як рақами ду. Бо ҳарфҳо ҳам музди меҳнатам оварда шудааст: дусад ҳазор рубл.
- Ин магар бисёр нест? - ҳайрон шудам ман.
- Ҳамааш ҳисобида шудааст, - гуфт Зоя Павловна, - Ман то ҳол намедонистам, ки таҳхона дорем, ин қадар дороиҳо бо ташаббус ва заҳматат ба даст омад.
Дастонам меларзиданд, ба ҳар ҳол худро ба даст гирифта имзо гузоштам.
- Шумор, - пулро ба дастам дода гуфт кампир.
Чил дона панҷҳазорӣ, дуруст.
- Боз як бор фикр кунед, ба назарам меҳнати маро хеле баланд баҳо додед, - лабонамро ғун карда наметавонистам.
- Ман бо духтарам маслиҳат кардам, Оля суратҳои ҳайкалу расмҳоро ба ӯ гусел кард, - гуфт Зоя Павловна, - худаш гуфт, ки ҳамин миқдор пул диҳам.
- Раҳмат ба духтаратон, - гуфта хандидам, - умраш дароз бод. Чикора вай, шавҳар дорад?
- Дорад, - Зоя низ хандид, - фарзанду набера ҳам дорад.
- Ғоибона ошиқ шудам.
- Пагоҳ албатта мерасонам, - гуфт кампир, - хӯрок мехӯрем?
Пулро бурда зери кӯрпа пинҳон намудам, дастамро шуста ба Ойгул кӯмак кардам. Ин бегоҳ мурғро дар тафдон пухта буд.
- Хӯроки мо чӣ? - пурсидам аз ӯ.
- Намебинед, мурғи дамдодашуда.
- Шумо гуфта будед, ки хӯроки ман дигар, рӯзи дуюм мебинам, ки аз хӯроки мо мехӯрад ё мо аз хӯроки вай...
- Аз дина қоида дигар шуд, худаш хоҳиш кард.
- Лекин пулро хеле зебо карда шуморидам-а? Аввал бовар накардам. Дар умри сарам ин миқдор пулро бори аввал дар даст нигоҳ доштам. Пагоҳ ба ноҳия мераваму пулро майда мекунам ва қарзи аз шумо доштаамро пардохт мекунам.
- Мумсик шумо-ку, - Ойгул хандид, - аккалан панҷ ҳазорашро диҳед.
Дарвоқеъ, ба шарофати ӯ ман соҳиби ҷои кор шудам.
- Даҳ ҳазорашро медиҳам, - гуфтам.
- Ҳазл кардам, имрӯз кампир ба ман ҳам пул дод, аз ҳаррӯза бештар.
Ин дам садои занги телефон аз ҷайби хилъаташ баромад, телефонро дар гӯш гузошту:
- Ҳозир мебароям, - гуфт.
- Язнатон омад?
- Дар кӯча интизор, шумо ҳамроҳи кампир бошед, ман тез бармегардам.
Усули тайёр кардани мизчаи кампирро омӯхтам, минбаъд ман ҳам метавонам Зояро хӯрок дода.
Аммо нигоҳубини кампир танҳо бо хӯрок намеанчомад. Тағйири либос, оббозӣ доштан, ҷойгаҳашро ба тартиб овардан ва бисёр кори дигар.
Кампир шитоб надошт, пораи хурди гӯштро бо кордча бурида, бо каме аз помидор ба даҳон мебурд. Хӯрокхӯрии касро назора карданро дӯст намедорам, аммо чашм медид.
- Ту чаро хомӯш нишастӣ, - пурсид Зоя Павловна, - иштиҳо надорӣ?
- Ин бегоҳ май нанӯшидед, мунтазири фармон нишастаам.
- Қариб фаромӯш кунам, қадаҳро гиру барои ҳардуямон рез.
- Ман наменӯшам, - гуфта дар қадаҳ барои ӯ май рехтам.
- Биё, ҳамин шаб ҳамроҳ нӯшем. Чанд сол мешавад, ҳамқадаҳ надорам.
- Ман умуман наменӯшам.
- Ҳатто дар соли нав? Дар рӯзи таваллудат?
- Агар маҷбур кунанд, менӯшам, - гуфтам хандида.
- Ҳисоб кун, ки ман туро маҷбур кардам.
Имрӯз кайфияти кампир чоқ буд, гирду атрофаш ҳама аз ҳайкалу суратҳо пур.
- Шояд расмҳоро дар девор овезем, аққалан муваққат.
- Ман ҳам дар ҳамин фикр ҳастам. Аммо барои ин аввал ҷояшонро муайян кунем.
- Ҷояшонро пас аз таъмиру тармим муайян мекунем. Тахтаҳои суфташуда дорем, худи пагоҳ барои ҳайкалҳо низ ҷо омода мекунам. Он ҳам муваққат. Ҳамаашонро ботартиб, то анҷоми корҳои таьмирӣ дар ҳуҷраи шумо нигоҳ медорем. Он тарафаш дар ихтиёри шумо.
- Метавонем дар як сол таъмирро ба анҷом расонда?
- Ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, вақт нишон медиҳад.
- Мурда намонам гуфта метарсам.
- Ба рӯзҳои нек умед бандед, ҳоло мебинем, ҳамроҳамон ба ноҳия рафта сайругашт мекунем.
- Кошкӣ...
Дар ҳуҷраи худ пулро боз як бори дигар шумурдам, пас маоши Ойгул хеле калон, аниқашро нагуфт, лекин пай бурдам, ки ӯ низ аз ман хавф дорад. Аммо барои чӣ?
Ба фурӯши чойники мисӣ зарурат намонд. Аз чойник Ойгул хабар дорад, аммо аз самовар не, вай ҳаққи ҳалоли ман аст. Дар фурӯши самовар дигар шитоб намекунам, аммо салибро худи пагоҳ бурда ба ломбард месупорам, пулашро бо пули дар даст доштаам ҳамроҳ мекунаму дар пасандоз мегузорам. Ҳар гоҳ, ки ба пул танқисӣ мекашам, гирифта истифода мебарам. Кампир ҳар рӯз ин миқдор пул намедиҳад ва кафолат ҳам нест, ки субҳ зинда бархезад.
Як ҳамкори собиқам, марди рус аз арзиши тиллову нуқра бисёр ҳарф мезад, занг мезанаму аз салиб мепурсам. Ба ошёнаи чорум, чароғи дастиамро гирифта баромадам, то садоямро касе нашунавад.
- Шомат ба хайр Михалыч.
- Бобо, ин туӣ? Куҷо гум шудӣ?
- Дар ҷустуҷӯйи кор хеле дур рафтам. Аммо ин муҳим нест. Як салиби тиллоӣ дорам, фурӯхтан мехоҳам.
- Салиб? Кулон?
- Чӣ хел кулон? Вайро ба гарданат овезӣ, бардошта наметавонӣ. Ягон бист сантиметр баландӣ ва тахмин понздаҳ сантиметр бар дорад.
- Оҳо, аз куҷо ёфтӣ? Дуздидӣ?
- Ёфтам, ҳандақ кофтанӣ будам...
- Сурати Исоро дорад?
- Як лаҳза, - аз киса салибро бароварда дар равшании чароғам дидам, ки мардеро аз дасту пояш дар салиб бастаанд, - дорад, - гуфтам.
- Ман туро хурсанд карда наметавонам, фурӯши ин гуна чизҳо ҷиноят ҳисоб мешавад. Мегиранду бурда махкамат мекунанд.
- Ман ба пулис намесупорам-ку.
- Ба пулис супориданат беҳтар. Дар ҳамон сурат ҳам бояд аз куҷо ёфтанатро тасдиқ карда тавонӣ. Аниқ аз тилло?
- Аз тилло, тиллои сурх.
- Ягона роҳи халосӣ аз ин, ба ягон маъбад хайр мекуниву ҷонатро ба кафат гирифта мегурезӣ.
- Ёфтӣ аҳмақата, нони хӯрданӣ надораму ба маъбад хайр кунам? Ба ломбард месупорам, медонӣ як грамм тилло чӣ кадар арзиш дорад?
- Медонам. Боз медонам, ки дар ломбард шиносномаатро нусха карда мегиранд, ҳама ҷо камераҳои назоратӣ насб шудаанд. Беҳтараш, ҷони ҷавонатро дар хатар нагузор. Ин ангуштарӣ ё гӯшвор нест, ки пулатро диҳанду гуселат кунанд.
- Ягон роҳи фурӯши салибро маслиҳат деҳ.
- Бобо, ту кӯдак нестӣ, ин салиб хоҳ-нохоҳ таърихист. Дар мо ҳама чизи таърихӣ арзиши баланд дорад, хоҳ аз тилло бошад, хоҳ аз чӯб. Ту салибро ҳатто ба ватанат бурда наметавонӣ, дар худи аэропорт ба дастат завлона мебанданд.
- Ташаккур, шаби хуш, - гуфта телефонро хомӯш кардам.
Усули об кардани тиллоро бояд омӯзам. Баъд майда-майда бурда ҳамчу лом месупорам. Бори аввал дар умрам чунин имконият даст дод. Ба хона баргашта саҳфаҳои интернетро ҷустам. Ниҳоят монда шудам, ба хулосае омадам, ки аз ӯҳдаи ин кор намебароям, донишам намерасад. Дар шароити хона, ки дар паҳлӯям Ойгул бошад, ин ғайриимкон аст. Субҳ ба сар ягон фикри тоза меомадагист.
(давом дорад)
Муллиф Ю.Ашуров
таҳияи М.Юсупов
1 комментарий
19 классов
Бархурд
Қисми 53
Сардор ба дасти падараш нигоҳ карда, фаҳмид, ки вазият воқеан ҷиддӣ аст. Дар ҳамин вақт Ҳамзаро дид, ки вориди ҳавли шуд ва ба истиқболи ӯ шитофт.
— Хуш омадед, амаки Ҳамза.
— Он падари ифлосат дар куҷост?
Сардор бори аввал Ҳамзаро бо чунин қаҳру ғазаб медид.
— Кист он?
Ҳамза ба самте, ки овози Маматбой баромад, равон шуд ва Темур аз паси ӯ.
— Биё, Ҳамза.
Маматбой хост аз ҷой хезад, вале натавонист. Ҳамза бо дидани Маматбой шах шуда монд. Гӯё рӯи ӯ ба пӯсидан шурӯъ карда буд.
— Бигӯ, ман ба ту чӣ бадӣ карда будам?
Маматбой бо дидани Темур, ки дар паси Ҳамза меистод, ба ҳама чиз сарфаҳм рафт.
Фарҳод дар дискотека бо дӯстонаш машрубот нӯшида, маишат мекард.
— Фарҳод, биё, тӯйи туро ҳам бинем.
Яке аз духтарон худро ба ӯ наздик кард. Фарҳод ӯро аз худ дур сохт.
— Ҷӯра, медонӣ-ку, ман ба ин чизҳо майл надорам. Бемор-пемор набошад боз, дур гаштан беҳтар аст.
— Инҳо ҳам бошанд хуб аст, — хандид Ҷӯра. — Ҳар рӯз якто, ҳар рӯз ҳар хел "охурок". Чӣ аз ин беҳтар?
Ҷӯра духтари паҳлуяшро бӯсид.
— Эҳ, ҳамаашонро наҳс зер кардааст-ку, — Фарҳод биниашро каҷ кард.
Ҷӯра ба ӯ аҳамият надода, бо духтар ба рақс даромад. Фарҳод танҳо назорати онҳоро мекард. Мана, ҳама кораш мисли аз хамир мӯй кашидан осон буд. Ҳатто аз худ изе нагузошт. Вале як чизе буд — ӯ натавонист ба он натиҷае, ки дилаш мехост, бирасад. Агар инро ҳам ҳал мекард, ба кадом як ҷои хуш обу ҳавое барои истироҳат мерафт.
Дар яке аз дискотекаҳои пурғавғои шаҳр Фарҳод аз қасоси худ масрур буд. Ӯ хонаи Маматбойро оташ зада, саломатии ӯро маҳв кард ва худро подшоҳи дунё ҳис мекард. Аммо ӯ ҳанӯз намедонист, ки Алӣ аллакай аз паси ӯст ва ҳар қадамаш зери назорат аст.
Ҷӯраи маст дасташро ба китфи Фарҳод гузошт:
— Фарҳод, ту зӯрӣ! Одаме мисли Маматбойро ба зону нишондӣ. Лекин... — овозашро паст кард, — дар бораи "вайрон шудани хуни ӯ" (СПИД) гапҳо гашта истодааст. Эҳтиёт шав, ки пай набаранд.
— Пай намебаранд. Шоҳид ҳам ба хориҷа рафт. Ман ғолиб омадам. Акнун танҳо азоб кашида мурдани он бойро тамошо мекунам, халос.
— Мамат, нигоҳ кун! — Ҳамза ба рӯ ба рӯи Маматбой омада, хост аз гиребонаш гирад, вале бо дидани захмҳои пӯсидаи рӯи ӯ, дасташ дар ҳаво муаллақ монд. — Оё оҳи Севара туро ба ин рӯз овард? Барои чӣ? Барои чӣ ҳаёти маро ба дӯзах табдил додӣ?
Маматбой вазнин нафас кашида, ба Темур нигоҳи сард афканд. Сипас бо заҳрханда лабханд зад.
— Чунки хушбахтии ту мисли хор ба чашми ман мехалид, Ҳамза, — гуфт Маматбой бо овози гирифта. — Ту ҳама чиз доштӣ: муҳаббати ҳақиқӣ, зани пок ва оромиши хотир. Ман бошам, танҳо пул доштам. Ман ошиқи Севара будам. Роҳашро ёфтам. Туро ба хориҷа фиристодам. Ва ба мақсадам расидам... Ту бошӣ, солҳо ба ман раҳмат гуфта зиндагӣ кардӣ.
Сардор бори аввал аз доштани чунин падар (шарм) кард. Кош фарзанди ин мард намебуд.
Суханҳо нотамом монданд. Алӣ ва чанд нафар корманди корҳои дохилӣ вориди ҳуҷра шуданд.
— Мо тамоми далелҳои кофиро дорем. Мирзоаҳмад Мусоев, шумо дар марги Олима Эркинова гумонбар шуда, дастгир карда мешавед. Ба ғайр аз ин, шумо дар тиҷорати ғайриқонунии доруворӣ ва ғорати молу мулки дигарон айбдор мешавед. Мо ашёи далелӣ дорем.
Маматбой карахт шуд. Ба чашмонаш бовар намекард.
— Алиии...
— Майор Алӣ Турсунов.
Алӣ бо ифтихор номи худро гуфт.
— Тууу... Дар оғӯшам мор парварда будаам...
Маматбой дилашро чангол кард. Ин сактаи дуюми дил (инфаркт) буд.
Чашмони Маматбой гӯё аз косахонааш берун мешуданд. Ӯ кӯшиши нафас кашидан мекард, вале вазнинии синааш гӯё қолиби оҳанине буд, ки ӯро мефишурд. Ӯ ба Алӣ — одаме, ки солҳо ба ӯ бовар карда, "дасти рост"-и худ сохта буд, менигарист ва намехост мағлубияти худро эътироф кунад.
— Майор?.. — овози Маматбой хирилласзанон баромад. — Пас... ҳамааш... бозӣ буд?
Дастони Маматбой суст шуданд ва ӯ ба замин афтод. Сардор дудила буд, ки ба назди падараш равад ё не. Дар даруни ӯ ҳисси фарзандӣ ва нафрат бо ҳам меҷангиданд. Аммо Ҳамза тоқат накард:
— Ӯро ба беморхона баред! — фарёд зад Ҳамза. — Ӯ бояд дар паси панҷараи оҳанин шинад, набояд ҳозир мурда халос шавад! Ӯ ҳанӯз барои кирдорҳояш ҷавоб надодааст!
Дарҳол Маматбойро дунафара бардошта ба мошин шитофтанд. Дар роҳ аҳволи Маматбой вазнинтар шуда, ба сахтӣ нафас мекашид.
Дар дохили мошин нафаси Маматбой торафт танг мешуд. Нигоҳи ларзони ӯ ба Алӣ афтод, ки дар паҳлуяш нишаста буд. Акнун Алӣ барои ӯ на "хизматгори содиқ", балки қосиди қасосе буд, ки салтанаташро вайрон кард.
— Алӣ... — овози Маматбой ба сахтӣ баромад, — ба ҳар ҳол... писаронам... ба онҳо даст нарасон...
— Ман мисли шумо нестам, Маматбой, — гуфт Алӣ сардона. — Фарзандони шумо барои гуноҳҳои шумо ҷавоб намедиҳанд. Лекин тоза кардани ифлосиҳое, ки шумо сохтаед, барои онҳо осон нахоҳад буд.
Вақте ба беморхона расиданд, Маматбойро фавран ба шӯъбаи эҳё (реаниматсия) бурданд. Сардор, ки дар назди дар монда буд, ба девор такя карда нишаст. Пас аз лаҳзае Суҳроб ва Комил низ расида омаданд. Се бародар бори аввал бо ҳам, вале дар чунин вазияти фоҷиабор рӯ ба рӯ мешуданд.
— Сардор, чӣ шуд?
Сардор намедонист чӣ гӯяд. Ӯ бо ҳайрат ба ҷавоне нигоҳ кард, ки дар паҳлуи Суҳроб истода буд ва ба Суҳроб хеле монанд буд.
— Хурӯҷи дил кард. Ин кас кистанд? Ба назарам хеле шинос менамоянд.
— Шинос шав, ин акаамон Комил.
Барои Сардор гӯё вақт аз ҳаракат монд. Наҳод... Наҳод ҳамон кӯдаки маъюбе, ки падараш як вақтҳо аз ҳама пинҳон карда буд ва тан нагирифта буд, ҳамин кас бошад?
— Ака, шӯхӣ намекунед?
— Не, ин мавзӯи шӯхӣ нест. Намехоҳӣ вохӯрӣ?
Комил оҳиста даст дароз кард. Сипас онҳо якдигарро ба оғӯш гирифтанд.
— Ака, ба чашмонам бовар намекунам.
Дар як рӯз Сардор ҳам шоҳиди хушхабар ва ҳам бадхабар гашта буд.
Духтур аз ҳуҷраи эҳё баромада, ба бародарон нигоҳ кард. Аз ифодаи рӯяш фаҳмидан мумкин буд, ки вазият ниҳоят вазнин аст.
— Хурӯҷи дил гузашт, аммо... — духтур каме дудила шуд, — имкони боздоштани раванди тахриби узвҳои дохилӣ ва вирус дар бадани ӯ нест. Масуният (иммунитет) хеле паст шудааст.
Суханони духтур гӯё ба сари бародарон бо гурз зада бошанд. Дар даруни ҳар кадоме ҳиссиёти гуногун чарх мезад: дар Комил — армони солҳо, дар Суҳроб — нафрату раҳм нисбат ба падар ва дар Сардор — бори вазнини ҳақиқатҳои ногаҳонӣ.
— Ӯ чӣ қадар вақт дорад? — пурсид Комил бо вазминӣ.
— Гуфтанаш душвор, — оҳ кашид духтур. — Шояд чанд рӯз, шояд чанд соат. Хунравии дохилӣ шурӯъ шудааст. Мо танҳо метавонем дардро кам кунем. Агар гуфтание дошта бошед, ҳозир дароед. Баъд шояд дер шавад.
Бародарон ба якдигар нигоҳ карда, оҳиста ба палата даромаданд. Маматбой ба дастгоҳҳои гуногун пайваст буд, рангаш мисли девор сафед гашта, ҳар як нафасаш бо нолаи вазнин мебаромад. Вақте чашмонашро кушод, дар болои сараш се писарашро дид — Сардор ва Суҳробро, ки бовар дошт давомдиҳандаи кору роҳи ӯ мешаванд ва Комилро, ки замонҳое ба коми фаромӯшӣ партофта буд.
Вақте нигоҳи Маматбой ба Комил афтод, бо дидани қомати солим ва мағрури ӯ, лабҳояш ларзиданд. Мехост чизе бигӯяд, вале танҳо садои хириллас баромад.
— Ӯ... ӯ... кист? — бо азоб пурсид Маматбой.
Суҳроб гӯё маҳз ҳаминро интизор буд, ҷавоб дод:
— Акаи калонии мо, Комил.
Аз ин суханон аҳволи Маматбой боз ҳам вазнинтар шуд. Дасташ дубора таранг шуда, варам мекард.
— На... на... ҳод?
Дар чеҳраи Комил ҳеҷ аксуламале дида намешуд. Ӯ хомӯшона меистод. Вақте аз дастгоҳҳо садои чиррос баромад, ҳамшира ворид шуда, бародаронро аз ҳуҷра берун кард.
Бино ба занги Комил, Феруза барои бурдани Зарнисо ба хона омад. Ӯ бо душворӣ хонаи Маматбойро пайдо карда буд. Номи духтарро гирифта садо кард ва ба дарун даромад.
Зарнисо, ки ба як нуқта чашм дӯхта нишаста буд, ҳатто ворид шудани занро ҳис накард.
— Зарнисо.
Бо шунидани овози мулоим духтар ба худ омад.
— Шумо кистед?
— Узр, ман шуморо садо кардам, вале чун нашунидед, худам даромадам. Шумо бояд ба хонаи мо равед.
— Барои чӣ? Шумо кистед, ки ман бо шумо равам?
— Эҳ, бубахшед, ман Феруза ҳастам. Ҳозир...
Ӯ телефонашро гирифта, ба Комил занг зад. Комил бошад, телефонро ба Суҳроб дод.
— Зарӣ.
— Бо акаатон гап занед, — гуфт Феруза телефонро дароз карда.
— Лаббай, ака.
— Бо янгаат ба хонаашон бирав. Дар танҳоӣ натарс. Ҳанӯз маълум нест, ки мо кай ба хона бармегардем.
— Хуб шудааст.
Пас аз ин Зарнисо либосҳояшро пӯшид. Ҳамроҳи Феруза ба мошини ӯ нишастанд.
— Бубахшед, ман шуморо нашинохтам, — гуфт Зарнисо ва чизеро пинҳон накард.
— Ман ҳамсари акаи калонии шумо, Комил ҳастам.
Зарнисо гӯё аз ҳайрат шах шуда монд. Ӯ як вақтҳо шунида буд, ки модараш фарзанде доштааст ва падараш бо баҳонаи маъюб будани он кӯдак, аз ӯ даст кашидааст.
Ин ҳақиқати ногаҳонӣ дунёи Зарнисоро, ки аллакай дар ҳоли фурӯпошӣ буд, комилан дигаргун кард. Ӯ ба Феруза бо ҳайрат ва умед нигоҳ карда, гӯё ҷавоби саволҳоеро, ки солҳо боз қалбашро азоб медоданд, пайдо кард.
— Пас... акаам зинда аст? Ӯ солим аст? — овози Зарнисо ларзид. — Падарам гуфта буд, ки ӯ мурдааст. Ӯро аз ҳама пинҳон карда буд...
Феруза, ки мошинро меронд, ба Зарнисо бо меҳр нигоҳ кард. Ӯ гузаштаи Комилро ва бо чӣ гуна душвориҳо ба по истодани ӯро хуб медонист.
— Ҳа, акаат зинда аст ва инсони хеле боқувват аст. Ӯ ҳамеша шуморо меҷуст, танҳо вақту соаташ акнун расид.
давом дорад..
4 комментария
27 классов
Бархурд
Қисми 52
Суҳроб пас аз суханони Алӣ ба фикри амиқ фурӯ рафт. Пас, дӯсти наздиктарин ва домоди ояндааш дар асл корманди махфие будааст, ки солҳо боз падарашро зери назорат доштааст. Ҳарчанд ин ҳақиқат қалбашро мешӯрид, вале дар вазияти кунунӣ Алӣ ягона такягоҳи ӯ буд.
— Фарҳод? — Суҳроб абрӯвонашро чин кард. — Вай ҷавони орому камгап буд-ку. Наход ҷуръат карда бошад, ки ба Зарнисо зарар расонад?
— Гап дар ин ҷост, — гуфт Алӣ бо ҷиддият, — оилаи Фарҳод дар як шаб дар миёни оташ мондаанд. Хоҳараш Ҳамида, пас аз он ки дарро аз дарун маҳкам кард, хонаро оташ задааст. Афсӯс, вай интизор набуд, ки падару модараш ҳам ҳамроҳи ӯ хокистар мешаванд. ӯ барои қасос омадааст. Далелҳо дорам, ки дуздидани Зарнисо маҳз кори одамони Фарҳод аст. Аммо чаро Зарнисо инро пинҳон медорад, ин муаммост.
— Ист... хонаи онҳо сӯхта буд... Пас...
Алӣ бо шитоб рақамеро чинд:
— Алло, Мурод, аз паси Фарҳод шавед. Гумон дорам, ки хонаи Маматбойро ӯ оташ задааст. Чунки... оилаи ӯ дар сӯхтор ҳалок шуда буданд. Боқимондааш ба ту маълум.
Суҳроб ҳанӯз ҳам бо ҳайрат ба ӯ менигарист.
— Ин хел нигоҳ накун, Суҳроб. Мегӯянд, ки хоҳари Фарҳод — Ҳамида ба номусаш тоқат накарда, худро оташ задааст. Уро як шаб дуздида бурдаанду баъд партофта рафтаанд. Вай ба ин иснод тоқат накардааст.
Дар пеши чашмони Суҳроб ҳолати хароби Зарнисо ва баъд сӯхтори хонаашон намоён шуд. Пас, ҳамааш бесабаб набудааст. Ҳамааш нақшаи пешакӣ будааст.
— Аммо чаро хонаро вақте дадаам набуданд, оташ зад?
— Шояд мехост, ки ӯ ҳам азоби аз даст додани оиларо бичашад. Инро ҳанӯз аниқ мекунем.
Висола дар рӯ ба рӯи падараш нишастааст.
— Дада, ман омадам, то ҳама чизро ошкор кунам.
— Чиро?
Ҳамза пиёлаи дар дасташ бударо болои миз гузошта, ба духтараш нигарист.
— Ин ки бо қудои Лайло ҳама чизро рӯшан кунед.
— Ин хел гапҳо дар гузашта монданд.
— Дада, модарам бегуноҳ буд. Суханони ӯ, ки мегуфт: "Вақте омад, ба ӯ бигӯй", то ҳол маро аз дарун мехӯранд. Модарам чанд бор аз он Темур гурехта гашт. ӯ беҳимоя буд. Аммо... модарам гуноҳе надорад. Модарам хиёнаткор нест. Агар хиёнаткор мебуд, худро намеовехт. ӯ ба ин иснод тоқат накард.
Висола ба гиря даромад. Пас аз лаҳзае дари ҳавлии Ҳамза тақ-тақ шуд. Ҳамза хост дарро кушояд, вале Висола ӯро боздошт.
— Ман худам.
Пас аз панҷ дақиқа Темур ба ҳуҷра ворид шуд. Авзои Ҳамза тағйир ёфт.
— Висола, ин чӣ рафтор аст?
— Дада, ман мехоҳам ҳамаашро бидонам. Амаки Темур, шумо нақл мекунед, ки он рӯз чӣ шуда буд. Намехоҳам модарам як умр дар назари мардум сиёҳ бошад.
Темур хомӯшона болои кӯрпача нишаст.
— Ҳамза, пас аз занам дигар чизи гумкардание надорам. Ду рӯз боз духтарат маро ба тавба овард.
— Темур, сафсатаро бас кун.
— Ҳамза, агар гузаштаро ба ёд орем, кӣ ба ту аз берун кор ёфта дода буд?
— Мамат.
— Дуруст, чаро кунҷковӣ накардӣ, ки вай якбора аз куҷо кор ёфт. Севара зеботарини қишлоқ буд. Орзуи бисёриҳо. Аммо ту ба ӯ расидӣ. Дуруст, ман ҳам ӯро дӯст медоштам, шояд ошиқ будам.
Дастони Ҳамза мушт шуданд.
— Аммо дар хаёлам ҳам набуд, ки оилаатонро вайрон кунам ё ба ӯ нигоҳи бад кунам. Медонӣ, ки ман ба ботлоқи қарзи калон ғӯтида будам. Маҳз дар ҳамон рӯзҳо Мамат ба ман ёрӣ дод. Ман бошам натавонистам пулашро дар вақташ баргардонам.
— Ин ба ин ҷо чӣ алоқа дорад?
То охир гӯш кун, майлаш, баъд маро кушу гӯр кун, розиям. Аз азоби виҷдон ба дод омадам. Фардо ба он дунё равам, ба назди Аллоҳ чӣ ҷавоб медиҳам?
Мамат шарт гузошт. Ӯ... гуфт, ки Севараро мехоҳад. Бояд бо ҳар роҳе бошад, ӯро ба дасти Мамат месупоридам.
Ҳамза ба хашм омада, аз гиребони Темур гирифт:
— Саг... Саг будаиву саг мондаӣ.
Темур бошад, беэътибор ба суханаш идома дод:
— Севара розӣ нашуд. Ман намондам, ки ту омадӣ, он рӯз ман ӯро маҷбур карда, ба назди Мамат бароварданӣ будам. Натавонистам ӯро розӣ кунам, ту омада ин ҳолро дидӣ. Ӯ бошад, натавонист худро дар назди ту сафед кунад. Баъд... Худашро...
Темур дигар гап зада натавонист. Ҳамза ӯро бераҳмона зери мушту лагад гирифт. Чашмони Ҳамзаро хун гирифт. Муштҳои ӯ ба рӯю синаи Темур беамон фуруд меомаданд. Гӯё бо ҳар як зарба аз шубҳаву нафрати бистсола ва аз ҳама бадтараш — аз ожизии худ қасос мегирифт.
— Пасткаш! Ифлос! — Ҳамза бо нафаси гирифта фарёд мезад. — Ман Севараро як умр хиёнаткор гуфта лаънат хондам! Ӯро ҳатто дар хобҳоям набахшида будам! Ту бошӣ... ту...
Висола дар як гӯша аз тарс меларзид ва гирякунон мехост падарашро боздорад. Темур бошад, муқобилият намекард; гӯё ин кӯб шудан бори вазнини гуноҳро аз дӯшаш каме сабук мекард, танҳо нола мекарду халос.
Дар ниҳоят, мадори Ҳамза хушк шуду Темурро раҳо кард. Ӯ дар канори девор беҳол нишаст. Дар ҳуҷра танҳо садои нафаскашии вазнин ва гиряи пасти Висола шунида мешуд.
— Пас, Мамат... — овози Ҳамза ба пичиррос гузашт. — Ҳамааш зери сари ӯ будааст-да? Маро аз роҳ дур карда, оилаамро барбод дода, боиси марги занам шуда, ҳамааш ӯ будааст? Ҳоло фаҳмидам, ки чаро Сардор он вақт маро солҳо (дур аз деҳа) нигоҳ дошт. Бо баҳонаи қудогӣ даҳони маро баст, он ифлос.
Темур хуни рӯяшро бо остинаш пок карда, бо душворӣ гуфт:
— Ҳа... Маматбой он вақт ҳамаи моро бозича кард. Ба ту "айб"-и сохтаро нишон дод, ба ман бошад, ваъда кард, ки қарзҳоямро мебахшад. Ӯ мехост ғурури Севараро бишиканад, вале Севара бо марги худ ғолиб омад. Ӯ пок рафт, Ҳамза... Пок рафт. Ман борҳо мехостам ба ту гӯям. Аммо ӯ маро тарсонд, ки ба оилаам суиқасд мекунад. Худ медонӣ, ки аз дасти ӯ ҳама кор меояд. Зиёда аз ин, он вақт писарам мурд. Ман донистам, ки марги дигарро таҳаммул карда наметавонам ва хомӯшона рафтам. Натавонистам бигӯям... Акнун бошад, дигар аз ҳеҷ чиз наметарсам. Занам мурд. Малик бошад, рӯзи худро меёбад.
Ҳамза аз ҷой бархест, дар чашмонаш оташи нафрат ва хоҳиши қасос месухт. Ӯ акнун Маматбойро на ҳамчун "қудо" ё "дӯст", балки ҳамчун иблисе медид, ки оилаашро вайрон карда, занашро ба худкушӣ расонда ва худи ӯро солҳо дар занҷири фиреб нигоҳ доштааст.
— Ман ҳозир рафта Маматро...
Висола дасти падарашро гирифт.
— Дада, лозим нест. Ӯро аллакай Худо задааст. Ҳозир пеш аз баромадан бо хоҳаршӯям Зарнисо гап задам. Кайфият надошт, сабабашро пурсидам. Бо афсӯс гуфт, ки падараш ба ОИТС (ВИЧ) гирифтор шудааст.
— Бо вуҷуди ин, ман бояд бо ӯ ҳисобу китоб кунам. Ту бошӣ, дигар ба он хона қадам намемонӣ.
Чашмони Висола калон-калон кушода шуданд.
— Дада...
— Агар Суҳроб ба ту ниёз дошта бошад, аз он падараш даст кашида меояд. Тамом. Вагарна бигӯ, ки "падарам мурдааст".
Ҳумор, ки бо чой дар назди дар омада буд, суханони охиринро шунида, карахт шуд. Чаро шавҳараш чунин гуфт?
Табақи (патниси) чой дар дасти Ҳумор каме каҷ шуд ва садои ба ҳам бархӯрдани пиёлаҳо сукунати ҳуҷраро шикаст. ӯ важоҳати рӯи Ҳамза ва башараи хунолуди Темурро дида, нафаҳмид, ки чӣ гап аст.
— Ҳамзаҷон — овози Ҳумор ларзид. Чӣҳо мегӯед? Чӣ хел Висола дигар намеравад? Суҳроб чӣ гуноҳ дорад?
Ҳамза ба ҳамсараш нигоҳи қаҳролуд афканд. Нафрати ӯ чунон қавӣ буд, ки ҳоло ҳеҷ чиз ӯро боздошта наметавонист.
— Ӯ зурриёди Мамат аст! — фарёд зад Ҳамза. — Он ифлос боис шуд, ки ман тамоми умр Севараро дар хиёнат айбдор карда зиндагӣ кунам. Маро кӯр карда, оилаамро барбод дод. Акнун наметавонам бубинам, ки писари ӯ бо духтари ман сар ба як болишт мегузоранд!
Висола ҳарчанд медонист, ки ин қарори падараш қатъӣ аст, вале намехост ақибнишинӣ кунад. Ӯ мефаҳмид, ки Суҳроб ба ин воқеаҳо алоқае надорад ва ӯ ҳам қурбонии падараш гаштааст.
— Дада, акаи Суҳроб ҳам дар асил ҷабрдида аст...
— Ба ту гуфтам-ку! Ба он хона барнамегардӣ.
Ҳумор табақро болои миз гузошта, роҳи Ҳамзаро гирифт. Ӯ ҳам шоҳиди корҳои зишти бародараш (Маматбой) буд. Акнун шунидани он ки ҳамаи ин бозиҳои Маматбой будааст, ӯро ҳам карахт кард.
— Истед! — гуфт Ҳумор бо вазминӣ. Агар ҳозир равед, танҳо хун рехта мешавад. Бахти Висоларо бо дастҳои худ бӯғӣ мекунед. Суҳроб айбдор нест.
Аммо Ҳамза ӯро нашунид. Ӯ Темурро аз либосаш кашида, ба берун бурд.
— Биё, гувоҳ мешавӣ! Дар нафаси охирини Мамат ҳамаашро ба гарданаш мегузорем!
Сардор аз кор бармегашт, ки аз ҳуҷраи падараш садои нола шунид. Оҳиста дарро кушод.
— Дада...
— Сардор, ягон доруи дардовар деҳ. Дастам гӯё оташ гирифта истодааст.
Дар ҳақиқат, ангушти Маматбой дар як рӯз чунон варам карда буд, ки гӯё ҳозир мекафад.
— Ба шумо чӣ шуд?
— Надониста дастамро буридам.
ДАВОМ ДОРАД...
3 комментария
24 класса
Фильтр
Бархурд
Қисми 59 Ҳангоми ба хок супоридани майит, танҳо Суҳроб воқеан сӯхту афсӯс хӯрд, зеро падарашро хеле дӯст медошт. Сардор бошад, чун ҳамеша тарафдори модараш буд, хомӯш меистод. Комилро бошад, ҳисси пушаймонӣ ва андеша азоб медод: падараш дар он дунё барои гуноҳҳояш чӣ гуна ҷавоб медода бошад? Вақт гузашт. Рӯзҳои азодорӣ ба охир расиданд ва ҳаёт дубора ба маҷрои худ баргашт. Вақт номи Маматбойро оҳиста-оҳиста аз хотираҳо пок мекард. Як рӯз Алӣ ва Зарнисо барои меҳмонӣ омаданд ва дар гирди дастурхони шом нишастанд. — Мо бо як хушхабар омадем, — Алӣ пас аз каме суҳбат оғози сухан кард. — Чӣ хел хушхабар? — пурсид Комил бо ҳайрат. — Хоҳарамро ба Сардор медиҳем. Мо бехабар, онҳо аллакайБархурд
Қисми 58 Вақте ашки Маматбой ба фарши намноки маҳбас мечакид, ӯ бори аввал дарк кард, ки то чӣ андоза паст рафтааст. Ӯ аллакай ҳамон дасташро, ки бо он Олимаро корд зада буд, аз даст дода буд, акнун бошад, тамоми баданаш ба ӯ хиёнат мекард. На таҳдидҳои нозирон ва на муносибати сарди табибон оташи дӯзахи даруни ӯро хомӯш карда наметавонистанд. Чизи охирине, ки ӯ ба ёд овард — нигоҳи Олима дар лаҳзаи маргаш буд. Он вақт ҳам Олима на бо нафрат, балки бо раҳм ба ӯ нигариста буд. — Эҳ, ин чоли бадбӯй боз шалворашро тар кардааст. Нигоҳ кунед ба ин! Нозирон низ биниашонро гирифта, аз наздаш мегузаштанд. Пас аз даҳ рӯз суханони Алӣ амалӣ шудан гирифтанд. Имшаб ҳамон шаби бахтест, ки ЗарнБархурд
Қисми 57 Фишори хунаш паст шуда истодааст! — дод зад ёвари ҷарроҳ. Дар шуури Маматбой бошад, манзараи комилан дигар намоён мешуд. Ӯ дар ҳамон ҳавлии кӯҳна, дар ҳуҷрае, ки фаршаш ҳанӯз канда нашуда буд, меистод. Дар рӯ ба рӯяш Олима... Дар гардани ӯ ҳамон занҷири тиллоӣ медурахшид. Олима ба ӯ ҳеҷ чиз намегуфт, танҳо бо нигоҳи маҳзун ба ӯ даст дароз мекард. — Бубахш... — пичиррос заданд лабҳои Маматбой дар дунёи воқеӣ. Шифокор сарашро бо афсӯс ҷунбонд: — Дастро наҷот дода наметавонем. Аммо дар ин ҳолат худи бемор ҳам дер нахоҳад зист. Организм аллакай заҳролуд шудааст. Маматбой дарк намекард, ки дасте, ки Олима дар олами хаёл дошта буд, дар ҳаёти воқеӣ бурида мешуд. — Ба фикрам, заҳБархурд
Қисми 56 Кай худамро канор кашидам? Зарнисо лабашро бо ноз дур кард. — Барои падарат мутаассифам. Бубахш, — Алӣ оҳи сарде кашид. — Ман ҳам... Аммо тавре ки модарам мегуфтанд, ҳар кас ҳар чӣ корад, ҳамонро медаравад. — Падарат имконият дошт. Ман борҳо ба ӯ ёдрас кардам, вале гӯш накард. — Умри модарам ҳам фақат бо даъват кардани дадаам ба роҳи рост гузашт. Чашмони Зарнисо пур аз ашк шуданд. Алӣ суханро идома дод: — Вақте акаат Сардор дар бораи зане бо номи Ҳамида гап зад, ман ӯро ҷустуҷӯ карда, ки буданашро ёфтам. Маълум шуд, ки ӯ хоҳари Фарҳод будааст. Дар ҳоле ки Алӣ гап мезад, зеричашмӣ Зарнисоро бодиққат назорат мекард. — Фарҳод барои интиқом гирифтани хоҳараш ба оилаи шумо назБархурд
қисми 55 Бел боз як бори дигар ба чизи сахте бархӯрд. Устоҳо ба якдигар нигоҳ карданд. Садои баланди атроф якбора хомӯш шуд ва диққати ҳама ба ҳамин нуқта равона гашт. — Эҳтиёт бошед! — гуфт Алӣ. Хокро бо даст канор заданд. Вақте гӯшаи матоъро кашида бароварданд, кӯрпаи кӯҳнаи пахтааш пӯсида намоён шуд. Дили Суҳроб таҳ кашид. — Кушоед... — гуфт ӯ бо душворӣ. Вақте матоъро кушоданд, яке аз устоҳо худро ба ақиб кашид. — Астағфируллоҳ... Дар дохили кӯрпа устухонҳои одам намоён буданд. Аз ҳама аҷибаш он буд, ки занҷири тиллоӣ дар он ҷо медурахшид ва вақте хокашро пок карда хонданд, навиштаҷоти "Олима" соҳиби ҷасадро ошкор кард. — Пас рост будааст... — пичиррос зад ӯ. Алӣ нафаси амиқ каБархурд
Қисми 54 Росташро гӯям, дар ҳайратам ва бовар карда наметавонам. — Вақте акаатонро дидед, ин гапро мегӯед. Феруза табассум кард. Вақте мошин дар назди як хонаи зебои дуошёна таваққуф кард, Зарнисо фаҳмид, ки акааш зиндагии осудаву бадавлат дорад. — Дароед, худро мисли хонаи худ ҳис кунед. Дар асл, ман имрӯз ҳама шароитро тайёр карда будам, то шуморо ба меҳмонӣ даъват кунем. Феруза духтарро ба меҳмонхонаи ороёфтаву зебо даровард. Соҳиба аз дарди шадиди шикамаш дод зад. Нафаҳмид, ки чаро ин тавр мешавад. Дирӯз ба назди духтур рафта буд, ҳама чиз хуб баромада буд. Дард паст нашуд. Соҳиба нолакунон худро аз ин сӯ ба он сӯ мезад. Кӯдакаш шашмоҳа шудааст. Ҳанӯз барои таваллуд барвақт астБархурд
Қисми 53 Сардор ба дасти падараш нигоҳ карда, фаҳмид, ки вазият воқеан ҷиддӣ аст. Дар ҳамин вақт Ҳамзаро дид, ки вориди ҳавли шуд ва ба истиқболи ӯ шитофт. — Хуш омадед, амаки Ҳамза. — Он падари ифлосат дар куҷост? Сардор бори аввал Ҳамзаро бо чунин қаҳру ғазаб медид. — Кист он? Ҳамза ба самте, ки овози Маматбой баромад, равон шуд ва Темур аз паси ӯ. — Биё, Ҳамза. Маматбой хост аз ҷой хезад, вале натавонист. Ҳамза бо дидани Маматбой шах шуда монд. Гӯё рӯи ӯ ба пӯсидан шурӯъ карда буд. — Бигӯ, ман ба ту чӣ бадӣ карда будам? Маматбой бо дидани Темур, ки дар паси Ҳамза меистод, ба ҳама чиз сарфаҳм рафт. Фарҳод дар дискотека бо дӯстонаш машрубот нӯшида, маишат мекард. — Фарҳод, биё, тБархурд
Қисми 52 Суҳроб пас аз суханони Алӣ ба фикри амиқ фурӯ рафт. Пас, дӯсти наздиктарин ва домоди ояндааш дар асл корманди махфие будааст, ки солҳо боз падарашро зери назорат доштааст. Ҳарчанд ин ҳақиқат қалбашро мешӯрид, вале дар вазияти кунунӣ Алӣ ягона такягоҳи ӯ буд. — Фарҳод? — Суҳроб абрӯвонашро чин кард. — Вай ҷавони орому камгап буд-ку. Наход ҷуръат карда бошад, ки ба Зарнисо зарар расонад? — Гап дар ин ҷост, — гуфт Алӣ бо ҷиддият, — оилаи Фарҳод дар як шаб дар миёни оташ мондаанд. Хоҳараш Ҳамида, пас аз он ки дарро аз дарун маҳкам кард, хонаро оташ задааст. Афсӯс, вай интизор набуд, ки падару модараш ҳам ҳамроҳи ӯ хокистар мешаванд. ӯ барои қасос омадааст. Далелҳо дорам, ки дуБархурд
Қисми 51 Алӣ нафаси вазнин кашид ва дасташро ба китфи Суҳроб гузошт. Аз нигоҳаш фаҳмидан душвор буд, ки дар чӣ фикр аст. — Ин тасодуф нест, Суҳроб, — гуфт Алӣ бо овози паст. — Вақте ки корҳои Маматбойро таҳқиқ мекардам, дар миёни ҳуҷҷатҳои кӯҳнаи бойгонӣ (архив) ба як маълумоти ҷолиб дучор шудам. Падарат он вақт барои он ки кӯдакро расман "мурда" нишон диҳад, ба кормандони тиб маблағи калон дода буд. Лекин яке аз ҳамшираҳои он шифохона — Тамара-апа — аз азоби виҷдон кӯдакро бе ягон ҳуҷҷат бо худ бурдааст. Дар хонаи маъюбон кӯдак ба марг маҳкум шуда буд. Дар он вақт мурдани як кӯдаки дигар ба даст дод ва номҳои онҳоро иваз карданд. Алӣ ба сӯи Комил нигариста, табассум кард: — Ман Кзагрузка
Показать ещёНапишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Левая колонка
О группе
Салому дуруд ба хонандагони гуруҳ...
♥♥♥Хама руза шумо метавонед қиссаҳои ҳаёти, шеърхои ошикона ва харфхои шоиронаи дили худро мутолиа кунед♥♥♥
Хонандагони азиз лутфан дар муҳокимаи мавзуьҳо одоби суҳбатро риоя намоед!!!
↘Дустони худро низ даъват намоед↙
➡➡����БОҚИ ДАР АМОНИ ХУДО⬅⬅����
- Махфи, Худжанд (Александрия Эсхата, Ходжент, Ленинабад)
Показать еще
Скрыть информацию