МУҲАББАТРО НАМЕҶӮЯНД!
(ба садо ва оҳанги
#Afzalshо Shodiev)
Дигар мардони соҳибдил адолатро намеҷӯянд,
Шарафро бурда аз хотир, шарофатро намеҷӯянд.
Ҳама аз пушти нонанду ба номи хеш по монанд,
Хиҷолатро надонанду рисолатро намеҷӯянд.
Зи миллат гӯӣ механданду аз давлат гурезонанд,
Раҳи осудани ин халқу давлатро намеҷӯянд.
Бузургон беҳадаф инак, сутургон бетараф инак,
Чаро роҳи наҷот аз ин ҷаҳолатро намеҷӯянд?
Сукути шер дардовар, қиёми гург нанговар,
Дар ин рӯбаҳсаро мардум ҳақиқатро намеҷӯянд.
Ғурури мардро пурсам, суроғи ишқро гирам,
Дар ин бозори пурҳила асолатро намеҷӯянд.
Гаҳе аз шеър безорам, ки посухгӯи дарде нест,
Чаро ки шоирон дигар муҳаббатро намеҷӯянд?!
👇👇👇👇
https://youtu.be/Dop0jTByWrs?si=5fyYKfNHFrWLBQPY
#Бузургмеҳри_БАҲОДУР #Buzurgmehr_Bahodur
بزرگمهر بهادر