Сокини ноҳияи Ёвони Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Ҷалилови 23-сола, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт, дар авоили моҳи январ ба ватанаш ихроҷ карда шуд. Пас аз фуруд омадан ба Душанбе аз ҳавопаймо ӯро намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон бо иттиҳоми “ташкили гурӯҳи ифротӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” боздошт ва баъдан ба боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ирсол намуданд. Дар ин бора Озодӣ иттило медиҳад.