Шайх Муҳаммадикром соли 1920 дар деҳаи Муҷихарфи навоҳии Қаротегин дар хонадони аҳли илму адаб ва шоири ширинбаён Шайх Абдулҳай Муҷахарфӣ таваллуд шудааст. Оғози ҳаёташ дар замони пурталотуми инқиллб рост омада дар синни нуҳ даҳ солаги аз меҳрубонию тарбияти падар маҳрум шуд. Бори гарони зинлагӣ бар душаш афтод. Бо вуҷуди ин ҳама машаққатҳо дра мактаби шуравӣ то синфи 7-ум ва дар назди модар ва дигарон аз умули динӣ бархурдор мешавад. Баъди каме имкон ёфтан ба водии Қурӯонтеппа омада, дар назди Домулло Эмом ва дигарон такмили илми динӣ менамояд. Аз овони ҷавонӣ муҳаббати илму уламо дар дилаш маскан мегиирад, хусусан суҳбати машоих, урафо ва хидмати онҳо, мисли Домулло Шарифи Хулозӣ, Домулло Қозихон, Домулло Ҳайдар, Домулло Ҳаллим Домулло Назар ва дигаронро ғанимат медонад. Ба Домулло Назар, Домулло Қозихон, Домулло Шарифи Ҳисорӣ ва ахирон ба Эшони Абдурраҳмонҷон дасти инобат дода вазофи тариқатро иҷро ва за худ намуда ба иршод ва тарбяти иродатмандон иштиғол меварзад. Тавозуъ ва хоксори, узлат ва гумномӣ, фирор аз шуҳрату номро шиъори зиндагии худ қарор дода буд. Вале тибқи гӯфтаи худаш "Мо гӯфтем аз Дунё бе шуҳрату ном мераваем, ки нашуд. Ин дағдаға аз болост. Ин ҳама халқи Худоро дигар гардондан намешавад", сайти овозву номаш ба атрофу акноф расид ва малозу малҷаи толибони ҳақ гардид.
Саъдиё марди накуном намирда ҳаргиз,
Мурда он аст ки номаш ба накуӣ набаранд.