Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Соли 2025 музди меҳнат низ дар Тоҷикистон қариб 20% афзуда, музди миёна 2 ҳазору 778 сомониро ташкил додааст, гуфт раҳбари Оҷонси омор.
Соли 2025 музди меҳнат низ дар Тоҷикистон қариб 20% афзуда, музди миёна 2 ҳазору 778 сомониро ташкил додааст, гуфт раҳбари Оҷонси омор.
Ба гузориши манбаъ:
Агентии омори назди президенти Тоҷикистон аз афзойиши даромадҳои аҳолӣ дар соли 2025 хабар дод.
Ин афзойишро на фақат дар омор, балки бо чашми сар низ метавон дид.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, директори Агентии омори Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, даромади аҳолии Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2025 афзойиши чашмрасе доштааст.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт:
“Агар даромади аҳолиро бо маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳисоб кунем, мебинем, ки фарқият 2 ҳазор сомониро ташкил додааст”.
Тибқи иттилои Агентии омор, соли 2025 маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 160 миллиарду 600 миллион сомон расид, ки дар қиёс бо соли 2024 (140 миллиарду 600 миллион сомонӣ) 14,2% афзойиро нишон медиҳад.
Бино ба ҳисобҳои директори Агентии омор, аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 10 миллион нафарро ташкил мекунад ва агар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сари ҳар нафар тақсим шавад, рақами 16 ҳазору 600 сомонӣ ба даст меояд, ки дар қиёс бо соли 2024 (14 ҳазору 600 сомонӣ) 2 ҳазор сомонӣ бештар аст. https://tajikpress.com/2026/02/16/%d0%b0%d1%84%d0%b7%d0%be%d0%b9%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%b4%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b4%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев