
Дар шаҳри шумо ошиқи ангуштнамо ман.
Девонатар аз мардуми девона агар ҳаст,
Ҷоно, ба худо ман, ба худо ман, ба худо ман.
Шоҳи ҳама хубони сухангӯи ғазалсоз,
Аммо ба дари хонаи ишқи ту гадо ман.
Як дам на ба ёди ману ранҷурии ман ту,
Як умр гирифтор ба занҷири вафо ман.
Эй шершикорони сияҳмӯи сияҳчашм!
Оҳуи гирифтор ба зиндони шумо ман.
Он руҳи парешони сафарҷӯи ҷаҳонгард,
Ҳамроҳ ба ҳар қофила чун бонги даро ман.
То бештар аз ғам дили девона бисӯзад,
Бардошта шаб то ба саҳар дасти дуо ман.
Симин! Талаби ёриям аз дӯст хато буд,
Эй бедили ошуфта, куҷо дӯст, куҷо ман?”


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев