
Дар охир аз Худованд илтиҷо мекунад, ки ба ман ва кӯдакони гуруснаам рисқу рӯзие деҳ. Ин суханҳоро як марди сарватманд мешунаваду хизматгорашро фарёд мекунад ва миқдоре П'ул медиҳаду мегӯяд. Ин пулро гиру бирав аз боЗ'ор харид кун, ва ба ин зане, ки хозир дар радио сухан кард ба хонаи онҳо Б'урда деҳ. Марди сарватмаН'д мехоҳад зани фақирро масхара кунад. Ба хизматгораш мегуяд, ки ба он зан бигӯй, ки ин аз шайтон аст. Хизматгор меравад хариди бисёр мекунад ва ба хонаи зани фақир меравад. Хизматгор дарвозаи зани фақирро мекӯбад. Зани фақир дарро мекушояд ва ба хизматгор салом медиҳад. Хизматгор мегӯяд ин ҳамааш аз они шумост. Инро ба Шумо равон карданд. Зани фақирро аз хурсанди ашки чашмонаш мебарояд ва ба Худованд шукргӯи мекунад. Хизматгор мегуяд: Магар напурси, ки ин ҳамаро ки ба Шумо равон кард??? Зани фақир сар ҷумбонда мегӯяд. Муҳим нест, муҳим нест,ки инро ки ба мо равон кард. Вақте, ки Худованд амр кард ҳатто шайтон хизмат мекунад


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 16