Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Пушаймонам, ки умре ман барои ту вафо кардам.
Чу ман дилдодаат будам ба умри худ, нафаҳмидӣ,
Барои дар барат будан чӣ шабҳое дуо кардам.
Кунун, ки рафтаӣ аз дил намесозам дигар ёдат,
Ҷафо омӯхтам аз ту, кунун тарки вафо кардам.
Агар ёри наве гирӣ, ҳазар аз бевафоӣ кун,
Мабодо, ки пушаймон гардиву гӯйи хато кардам.
Ту бо бегонагон мерафтиву месӯхтам з-ин кор,
Намудӣ беҳаёиву зи кори ту ҳаё кардам.
Намедонам куҷо шуд нангу номусат азизи дил,
Надорам тоби беномусият рӯ бар Худо кардам.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев