
Рӯзи зодрӯзат набошӣ, ин замон дар хонаат, Ман ба хонат бо муҳаббат боз меҳмон омадам. Бар мазорат дида дӯхта дидаам хун мешавад, Он ҳама дарду ғами ман боз афзун мешавад. Ҳар замон ёди ту дорам, эй ҳама дунёи ман, Дафтари ашъориман аз дарду ғам пур мешавад. Сарвари воломақомам, нури имонам падар, Дилпазири беназирам нури чашмонам падар. Сарвату ганҷинаамбуди ҳама ганҷам бирафт, Баъди маргат ҷон падарҷонам, падарҷонам, падар. Рӯйи дунё бо вафотат сарду торикгаштба ман, Зиндагонӣаз барат бе моҳу махфил гаштба ман. Баъди маргат шодиҳоям,ҳамчунин бар хок рафт, Саҷдагоҳам, қиблагоҳам, ҷон падарҷонам падар...!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев