
Вуҷуди ҳамсадоро дӯст доред.
Рафоқат аз вафову меҳрубонӣ,
Рафиқи бовафоро дӯст доред
Чаро мо аз шумо бегона гардем?
Шумо вақте, ки моро дӯст доред.
Хабаргирӣ намоед якдигарро,
Ҳамеша рафту оро дӯст доред.
Набинмоед фахри молу давлат,
Фақиру бенаворо дӯст доред.
Хатогиҳоӣ худ ислоҳ созед,
Набояд, ки хаторо дӯст доред.
Наояд ғуссае беҳикмати Ҳақ,
Чу шодӣ ғуссаҳоро дӯст доред.
Мусалмонед,пас Қуръон бихонед,
Ҳадиси Мустафоро дӯст доред.
Зи бешармӣ ҳамеша шарм доред
Шумо,шарму ҳаёро дӯст доред.
Зи фармони Худо берун нагардед,
Ҳама фарзи Худоро дӯст доред.
Ниёзманди дуъо Маҳкампурӣ аст,
Ниёзманди дуъоро дӯст доред.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев