
Ҳофизо, шӯр дар ин даври қамар мемонад,
Тӯҳмату таънаву сад фитнаву шар мемонад
Духтаронро шарафу шарму ҳаё кам гашта,
Писаронро нигаҳи бад ба падар мемонад.
Баҳри як сикка бародар ба бародар қаҳрист
Нафрату кин паи фарзанди падар мемонад
Медиҳад панд маро ҷоҳилаке дар раҳи рост
Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мемонад.
Мекунад хишт сарафрози зи боло буданаш,
Зери ин хоки сияҳ ганҷу гуҳар мемонад.
Тоҳир ин нома ба номат бинавишт, Ҳофизо
Сӯзиши дарди ту дар рӯи ҷигар мемонад.
ТОҲИР ДОВУД


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев