
Худо фармуд назди дарвозаи Шом рав сахар аввалин касе ки аз дарвозаи Шом мебарояд хамун шахс бадтарин бандаи ман аст! Муссо (а с) субхгохон назди дарвозаи Шом рафту нишаст аввалин шахсе, ки берун шуд як муйсафеди пире буд. Муссо (а с) вахте дид ки бадтарин бандаи Худо мусафед аст гамгин шуд. Ва боз дубора ба даргохи Худо гуфт: Худое бадтарини бандаатро дидам акнун бехтарини бандаатро ба ман нишон дех. Боз Худо фармуд бегох назди Хамон дарвозаи Шом рав охирин шахсе, ки вориди Шом мешавад хамун бехтарин бандаи ман аст. Муссо (а с) шомгохон назди дарвозаи Шом нишаст то бубинад бехтарин бандаи Худоро. Вахте охирон шахсе, ки вориди Шом шуд ин хамон муйсафед буд. Муссо (а с) хайрон шуд ва гуфт: Худое ин чи хикмат дашт, бадтарин банда гуфтам муйсафедро бароям нишон доди бехтарин гуфтам боз хамон муйсафедро нишон доди? Худо гуфт: хикмат ин аст эй Муссо (а с) вахте Субхгохон ин муйсафед аз хона баромад бадтарин бандаи ман буд ва берун аз Шом бо писараш хамсухбат шуд ва писараш аз У пурсид: Падарчон ин куххо, дарехо, офтобу мохтоб, ва хар он чизе, ки дар руйи замин хаст чи кадар хачмашон калон хастанд ое аз инхо дида чизи калонтаре хаст? Ин муйсафед ба писараш гуфт: писарчон ин Куххо, дарехо офтобу мохтоб ки калониашон хаду канор надорад аз инхо дида калонтар гунохи ман аст хамин падарат. СубхонАллох шояд гунохони мо аз ин Муйсафед дида зиедтар бошад. Писар ба падараш саволи дуюмро дод гуфт: падарчон ое аз гунохи Ту дида боз чизи калонтаре хаст? Падар бо чашми гирен ба писараш гуфт: писарчон аз гунохи падари ту дида ин рахмати Худо чандин баробар калон хаст он кадар калон аст, ки охир надорад агар Худо бихохад ин гунохи калони маро бо заррае аз рахматаш пушонад метавонад пас Худо ба Муссо (а с) гуфт: хикмат ин буд ки сухани ин муйсафед маро Хуш омаду уро бехтарини банда худ хонда вориди Дарвозаи Шом кардам.
Бародарон хохарон ва модарону падарон аз рахмати Худо ноумед набошед Худо бахшанда ва мехрубон аст.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 6