
Ин ҷашни ҳаёт, табиат ва инсон аст меросе ки ҳазорсолаҳо аз ҳама тӯфонҳои фикрӣ солим берун омадааст.
Аммо боз ҳам ҳамон садоҳои кӯҳна… онҳое ки гӯё худро ҳокими виҷдони дигарон медонанд, бо итминони хандаовар мехоҳанд ба мардум бифаҳмонанд ки шодӣ ҳаром аст, баҳор гумроҳист ва Наврӯз гуноҳ. Чӣ кинояи талх: худ дар зиндони андешаи маҳдуд нишастаанд, вале даъвои роҳнамоии дигаронро доранд.
Биёед ошкор бигӯем: ин гуна тафаккур на танҳо ба фарҳанги мо бегона аст, балки ба худи ақл ҳам душман аст. Вақте инсон ба ҷое мерасад ки ҳатто табассуму ҷашни табиатро манъ кардан мехоҳад, он ҷо дигар дин нест он ҷо танҳо сояи тарс ва ҷаҳолат аст.
Наврӯз на аз фатво метарсад, на аз таҳдиди суханони холӣ. Ин ҷашн пеш аз чунин тафаккурҳо буд, имрӯз ҳам ҳаст ва баъд аз нопадид шудани ҳамин андешаҳои куҳна ҳам боқӣ хоҳад монд.
Онҳое ки мехоҳанд мардумро аз решаҳои худ ҷудо кунанд, бояд бидонанд: миллат бе хотира намемонад. Ва Наврӯз хотираи зиндаи мост.
Пас ҳар касе ки ҳанӯз мехоҳад бо номи дин рӯшноиро хомӯш кунад, аввал бояд бо воқеият рӯ ба рӯ шавад: баҳорро манъ кардан мумкин нест. Наврӯзро нест кардан мумкин нест. Шодии мардумро зиндонӣ кардан мумкин нест.
Мо Наврӯзро ҷашн мегирем на бо иҷозати касе, балки бо ифтихор ба гузашта ва эътимод ба оянда.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев