
Туро шаббодае дар субҳидам бӯсидаю бигзашт,
Худоё, рашки ман омад…
Бале, бӯсиду ин бӯса
маро дар гулхани ишқат
чунонам сӯхт, чунонам сӯхт, ки
аз чашм ашкам бесухан омад.
Магар мақбули ту бӯсу навозишҳои
он шаббоди номаҳрам?
Кӣ медонад?!
Яке боз ояду бо накҳати гулҳо
туро мафтуни худ созад?
Навозиш карда, рӯю мӯйҳоятро бипардозад?
Ва ё хоҳӣ, ки ин рашки гулу шаббодаи саҳро
маро дар оташ андозад?
Нигар бар косаи сабрам, кунун лабрез мегардад,
Намехоҳам тааммулро,
чаро, ки мефизояд қаҳраму ҳасрат.
Набитвонам бипӯшам чашм з-ин ҳолат,
Ба рашки худ, намешинам ба кунҷи хилвате танҳо,
Барои ишқи дилдода
ба ҳар чӣ дар набард оям,
Бигирам интиқомамро аз ин беор шаббода,
аз ин беор шаббода!!!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев