Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Ҳама дам умедворам ба висоли ту расам ман, Ту вале ҳамеша дорӣ ҳаваси висоли дигар. Ту ҳамеша хоҳӣ аз ман ҳама солу маҳ сабурӣ, Чӣ кунам, агар азизам, нарасам ба соли дигар. Дили сода захм дорад ту биё табобаташ кун, Бимурад дилам зи ҳасрат чу шавӣ ту моли дигар. Бубарӣ ба меҳрубонӣ ғами кӯҳнаи диламро, Нарасад ало шакарлаб, ба дилам заволи дигар. Ба саволи “Дӯст дорӣ?”-и ту ман бигуфтам, оре, Ту ба ман мадеҳ дубора париваш саволи дигар.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев