
Ба як болин ниҳода сар хумори якдигар бошем.
Дар ин дунё, ки армонро хазон созад ба боди ҷабр,
Шамида накҳати ҳамро баҳори якдигар бошем.
Дур аз домони сабзи ман ҷавониро макун барбод,
Биё ҳамрозу ҳамроҳу нисори якдигар бошем.
Ҳамедонам, ки бе ман рафта аз дастат қарори ту,
Биё ҷонам сабабгори қарори якдигар бошем.
Фақат бошем агар бо ҳам қазо бар мо наорад ғам,
Сафобахши дили абгору зори якдигар бошем.
Ҷудо аз ту миёни издиҳоми халқ танҳоям,
Биё то дар нигоҳи халқ ёри якдигар бошем.
Ба рағми қисмати саркаш, биё эй дилбари маҳваш,
Барои ҳамдигар ҷону мадори якдигар бошем.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев