— Рӯзе дар мактаб дар синф нишата будам, дарси динӣ доштем, муаллим вақте дохили синф шуд аз шогирдон суол кард?
— Ба назари шумо чи касоне намоз намехонанд?
— Шогирди авали аз рӯйи покдилӣ гуфт:
(касоне, ки мурдаанд намоз намехонанд).
— Шогирди дуюм аз рӯйи пушаймонӣ гуфт:
(касоне, ки намоз хонданро намедонанд, намоз намехонанд).
— Шогирди сеюм аз ҷояш хест ва саволи маъқуле дод гуфт:
(касоне, ки мусалмон нестанд намоз намехонанд)?
— Ҳамчунин чаҳоруминҳам гуфт:
(касоне, ки кофир ҳастанд намоз намехонанд).
— Ба тартиб панҷумӣ гуфт:
(касоне, ки аз Худованд наметарсанд намоз намехонанд).
— Тамоми шогирдон фикрҳояшонро гуфтанд:
— Вале ман ба фикр фуру рафтам, ки ман ҷузъи кадом гурӯҳ ҳастам?
(1)Оё ман мурдаам? Не албатта!
(2)Оё ман намозро намедонам? Медонам!
(3)Оё ман мусалмон нестам? Алҳамдулиллоҳ, ки ҳастам!
(4)Оё ман аз Парвардигорам наметарсам? Метарсам!
(5)Оё ман кофирам? НаъузубилЛоҳ!
— Пас чаро намоз намехонам??!
🧿— Ба худ гуфтам, хуб агар шаби аввал дар қабр аз ман суол кунанд, ки:
-Зинда будӣ?
-Намозро медонистӣ?
-Мусалмон будӣ?
-Аз Худованд метарсидӣ?
-Пас чаро намоз намехондӣ?
🧿— Чи ҷавоб дорам, ки бидиҳам!!!?
🧿— Аз тарс ларзидам ва аз ҳамон рӯз тасмим гирифтам, ки ҳаргиз дигар намозамро тарк намекунам!.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев