Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Муҳим ки зинда монам
Ровии ин қисса мегӯяд:
Назди бемористон будам, ки мошини ёрии таъҷилӣ омад ва аз он ҷавонеро берун оварданд, ки шояд 25-26 сола буд. Пои ҷавон аз танаш ҷудо шуда ва худаш ғарқи хун буд. Бо тамоми қувва фарёд мезад. Як нафаре, ки шояд бародар ё яке аз наздиконаш буд, наздаш хондаву мегуфт: Ман мурдан намехоҳам! Метарсам, ки ба оташи дӯзах дароям!
Ба нафари дигари наздашбуда нигариста мегуфт: Муҳаммад, ман намоз намехондам… ман хеле метарсам. Бигзор шал шавам, муҳим ки намирам... Иншоаллоҳ акнун мехонам… Ба Худо қасам намозҳоямро хоҳам хонд… Муҳим ки намирам…
Мардуми зиёд ҷамъ омада буд. Ман аз дидани ин ҳодиса сахт тарсидам, чун лаҳзаи рафтан аз дунё буд. Каме пас хунравӣ аз бадани ҷавон қатъ шуд. Рангаш зард шуда буд ва ӯ ҳанӯз дод мезад. Ёронаш гиря мекарданд ва аз ӯ мехостанд калимаи шаҳодатро арза кунад. Мегуфтанд “калимаи шаҳодатро бигӯ!” Вале ҷавон калимаро ба забон оварда наметавонист ва дод мезад. Бо тамоми қувва кӯшид то бархезад, вале натавонист ва садояш зуд паст шуд. Дар ҳамин ҳолат рӯҳаш баромад.
Табибон омаданду болояшро бо матоъе пушиданд. Яке аз онҳо ба наздикони маййит гуфт, бародаратон рафт, дар ҳаққаш дуъо кунед. Мо коре карда натавонистем, чун тамоми устухонҳояш, аз ҷумла устухони сараш шикаста буд.
Ло ҳавал ва ло қуввата илло биллоҳ! Ман бори аввал шоҳиди ҷон додани инсон будам ва он ҳам дар ин ҳолати мудҳиш. Ӯ ҳатто калимаи шаҳодатро арза карда натавонист!
Бародарони азиз! Марг ногаҳон меояд ва касе аз он хабар надорад. Бино бар ин намозро дар вақташ бихонем ва ба фардояш нагузорем. Касе то фардо кафолати зинда мондан надорад. Ҳатто намедонем як лаҳза пас чӣ мешавад. Баъди ин ҳодиса хоб аз чашмонам рафт. Мисли кӯдак гиря мекардам ва садои он ҷавон хеле муддат дар гӯшҳоям садо медод: Ман намоз намехондам… ман хеле метарсам. Бигзор шал шавам, муҳим ки намирам... Иншоаллоҳ акнун мехонам… Ба Худо қасам намозҳоямро хоҳам хонд… Муҳим ки намирам…
Парвардигоро! Оқибати корамонро бахайр ва ҳусни хотимаро ба мо насиб бигардон.
Аз шумо хоҳиш мекунам ин қиссаро нашр кунед, ки вақти зиёдеро намегирад, ба дӯстони худ фиристед, шояд ба сабаби шумо Аллоҳ таъоло ҳамаи он бенамозонро ҳидоят намояд ва онҳо дасти тавба бардоранд

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев