
Ғамҳои дили Очама дафтар кардам.
Шукронаи Аллоҳ, расидам ба пирӣ,
Ангуштарини ёди ӯ аз зар кардам.
* * *
Модар Модаре, ситораи тобонам,
Дар шомгаҳон ту ахтари осмонам.
Моҳи шаби чордаҳи андар назарам,
Дар хандаи зебоят барояд ҷонам!
* * *
Эй Очаи ҷон, дуои некат ба гӯшам,
Боши ту ҳамеша пеши рӯям ба ҳушам.
Сӣ аммаву чил хола нагиранд ҷоят,
Меҳри ту ба ганҷи бебаҳо нафрушам.
* * *
Модар Модаре, дилам макони ёдат,
Чӣ кор кунам, ки бинамоям шодат?
Дунё бевафову ту вафодори мани,
Обод бимонад хонаи авлодат.
Гули Зард.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 44
С И П О С !
БАРОИ САРФИ ВАҚТ ВА МУТОЛИАИ НАВИШТАҲОИ ИН БАНДАИ КАМТАРИН!
М А М Н У Н А М ...