
Шавҳар эхсос кард ки шунавоии ҳамсараш кам шудааст. Аз он хавф бурд ки мабодо гушҳояш кар шаванд .Рузе ба танҳоияш назди духтур рафту занашро набурд ва гуфт фикр мекунам гушҳои занам кар шудааст.Духтур ба у гуфт: Аввал уро озмоиш кун агар дар ҳақиқат кар бошад баъд гирифта ба назди ман биёр.Мард гуфт чи гуна озмоиш кунам?
Духтур гуфт:Дар масофаи чил метр аз занат дур бош ва бо овози одди на баланду на паст аз Ӯ чизе бипурс. Агар нашунид аз масофаи си метр бипурс агар нашунид аз масофаи бист метр бипурс агар нашунид аз масофаи даҳ метр бипурс.
Мард ба хона баргашт ва дид ки хонумаш дар ошпазхона таъом мепазад. Аз дурии 40 метр бо овози одди гуфт: Азизакам барои хуроки шом чи пухти? Зан машгули кор буду мард ҷавобе нашунид. Мард боз 10 метр наздиктар шуду гуфт: Азизакам барои хуроки шом чи пухти?Боз ҷавобе нашунид. Боз 10 метр наздик шуд ва гуфт: Азизакам барои хуроки шом чи пухти?
Мард чизе нашунид боз 10 метр наздик шуд ва гуфт: Азизакам барои хуроки шом чи пухти?
Хомуши.... Мард бори чаҳорум пурсид чавобе нашунид. Мард ба занаш тамоман наздик шуд ва бори панҷум пурсид : Азизакам барои хуроки шом чи пухти?
Дар ин вакт зан ба ғазаб омад ва гуфт: Панҷ бор шуд ба ту мегуям ош пухта истодаам ошшшшшш))
ХИКМАТИ КИССА:
Чаро ҳамеша айбро дар дигарон мебинему дар худамон не?
Чаро ҳамеша гумон мекунем ки мушкили дар дигарон ҳасту дар мо не?


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев