Ба пеши нотавон зӯрем,
Барои сарвати дунё
Зи ёру дӯстон дурем.
Ҳама сарсону маҷбурем,
Парешонему ранҷурем,
Тамоми содагӣ аз мост,
Ба якдигар фақат шӯрем.
Гиребони худӣ гирем,
Ба бегона ҳама ҷӯрем,
Замони сахтию сардӣ
Чаро аз якдигар сӯрем?
Зи як хуну зи як нурем,
Ба вақти меҳнате мӯрем,
Агар бемор гардад дӯст,
Ҳама гунгу кару кӯрем.
Намозе хонда, дилпурем,
Ба фикри ҷаннату ҳурем,
Чаро пастам занӣ ин дам,
Магар мову ту ҳамгӯрем?!
03-03-2025
Мустақим

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 18
Бехтарин