
Бимон, вале ба хотири ғурури хастаам бирав,
Бирав, вале ба хотири дили шикастаам бимон.
Ба мондани ту ошиқам, ба рафтани ту мубтало,
Шикастаам, вале бирав, буридаам, вале биё.
Чӣ гич ҳарф мезанам, чи сода дард мекашам,
Асири қаҳру оштӣ миёни обу оташам.
Чи ошиқона зистам, чи бесадо гиристам,
Чи сода бо ту ҳастаму чи сода бе ту нестам.
Туро нафас кашидаму ба гиря бо ту сохтам,
Чи дер ошиқат шудам, чи дертар шинохтам.
Ту бо маниву бе туам, бубин чи гиряовар аст,
Сукут кун, сукут кун, сукут ҳарфи охар аст.
Бубин, чи сарду бе садо, бубин ,чи софу содаам,
Гуле ки дӯст доштам ба дасти бод додаам.
Бимон ки бе ту зиндагӣ талофии иштибоҳам аст,
Азоби дӯст доштан талоқии гуноҳам аст!!!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев