Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Туӣ зебандаи номи ҷаҳонӣ.
Агарчӣ сарбасар мулки ту кӯҳ аст,
Диёри кӯҳсорат бошукӯҳ аст.
Кунам тасвири кӯҳҳои баландат,
Диёри нозанини дилписандат.
Бадахшонам саросар кӯҳсорӣ,
Макони обҳои чашмасорӣ.
Зи тори қуллаи кӯҳат саҳаргоҳ,
Кашад хуршед сар бо ханда аз роҳ.
Чу кӯҳат халқи ту ҳам устувор аст,
Сазовори ҳамин ҷою диёр аст.
Агарчи халқи ту дар кору ранҷ аст.
Дили ҳар пора сангат кони ганҷ аст,
Бифахрам ман ба ҳар як кӯҳу сангат,
Бирубам ман ба мижгон хоку чангат.
Ман ҳам бар тори кӯҳат хона созам,
Ба монанди уқобон лона созам.
Ҷаҳон гар ҳалқаи ангуштарин аст,
Бадахшонам дар ӯ мисли нигин аст.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1