Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Дар шаҳри Абузабӣ Директори Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Солизода якчанд мулоқот баргузор намуд.
Дар шаҳри Абузабӣ Директори Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Солизода якчанд мулоқот баргузор намуд.
Тавре ба «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд:
Олимҷон Солизода бо муовини Вазири фарҳанги Амороти Муттаҳидаи Араб Ҳуда Аҳмад Ал-Маршудӣ ва Ёвари директори Театри миллии Аморот Ҳотим Алӣ Ал-Нувайс мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ байни ниҳодҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Аморотро муҳим арзёбӣ намуда, ҷанбаҳои тадорукотӣ ва логистикии ташкили барномаҳои консертии симфонӣ ва эстрадиро ба муносибати 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон мулоқоти Олимҷон Солизода бо Директори идории «Оркестри миллии Амороти Муттаҳидаи Араб» Шайха Алия бинти Холид Ал-Қосимӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҳамтоён барои ба роҳ мондани шарикӣ дар самти пешбурди мероси фарҳангию мусиқӣ изҳори омодагӣ намуда, зарурати имзои санади ҳамкориро ҷиҳати ташкили барномаҳои муштараки консертии симфонӣ ва эстрадӣ таъкид карданд. https://tajikpress.com/2025/12/27/%d0%b1%d0%b0%d1%80%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%b8%d0%b8-%d1%80%d1%83%d1%88%d0%b4%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80%d3%a3-%d0%b1%d0%b0%d0%b9%d0%bd%d0%b8-%d0%bd%d0%b8%d2%b3%d0%be%d0%b4%d2%b3%d0%be/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев