Предыдущая публикация
🌹ГУЛИСТОНИ СУХАН🌷

🌹ГУЛИСТОНИ СУХАН🌷

7 мая 2023

Омурзиши Худо аз гуноҳи бандагон фарохтар аст

💐🌺🌷🌸💐🌺🌷🌸
💡Замоне ки пойи банда мелағжад ва бори нахуст муртакиби гуноҳ мешавад, фикр мекунад, ки тавба кардан - кори саҳл аст, зеро фақат ӯ як бор гуноҳ карда аст. Аммо ба иллати сустии имон бори дуюм дар муқобили фитнаи гуноҳ муқовамат кардан наметавонад ва боз ба он рӯй меоварад. Бори савум низ гуноҳро анҷом медиҳад. Ба ҳамин минвол бо иртикоби ҳар гуноҳе ба он одат мекунад, сипас, бар он исрор меварзаду беш аз пеш анҷомаш медиҳад, то рӯзе ки бақоёи имон дар дилаш бедор мешаванд ва ӯро дар андешаи тавба меандозанд. Онгоҳ, шайтон бо сад далели созгор бо ақли ӯ васвасааш мекунад, ки акнун дар ин марҳала дигар умеди тавбае барои ту нест, зеро роҳи наҷот масдуд аст ва ту гунаҳгорӣ ва аз раҳмати Худо дур. Бо ақли бандаи хатокор чандон бозӣ мекунад, ки вуҷудашро яъс фаро мегираду аз раҳмати Худо навмед мешавад.
🔆 Аммо Худои меҳрубон ва омурзгор фаротар аз фаҳми бандагон, хориҷ аз қиёси башар ва берун аз идроки офаридагон аст. Банда ҳар андоза дар гуноҳ ғарқа бошад, чун дари тавба кӯбад, омурзиши илоҳӣ шомили ҳоли ӯ мешавад. Дари тавба барои аҳли замин то барпо шудани рӯзи Қиёмат боз аст ва барои ҳар бандае то расидани ҷон ба гулӯ муяссар.
💬Имом Ҳоким ва Байҳақӣ аз Ҷобир ибни Абуллоҳ (разияллоҳу анҳумо) овардаанд, ки марде назди Фиристодаи Худо (салллоҳу алайҳи ва саллам) омаду гуфт:
- Дод аз дасти гуноҳон! Дод аз дасти гуноҳон!
Ин суханро ду, ё се бор гуфт.
Онгоҳ, Фиристодаи Худо (салллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:
☝- Бигӯ:
اللَّهُمَّ ‌مَغْفِرَتِكَ ‌أَوْسَعُ ‌مِنْ ‌ذُنُوبِي ‌وَرَحْمَتَكَ ‌أَرْجَى ‌عِنْدِي ‌مِنْ ‌عَمَلِي
Аллоҳумма, мағфиратука авсаъу мин зунубӣ ва раҳматука арҷо ъиндӣ мин ъамалӣ.
Худовандо, омурзиши ту аз гуноҳи ман фарохтар аст ва бароям раҳмати ту аз кирдори ман умедбахштар.
Он мард ин суханро гуфт. Боз Фиристодаи Худо (салллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Боз такрораш кун. Ӯ такрор кард. Боз Фиристодаи Худо (салллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: гуфт: Боз такрораш кун. Ӯ такрор кард. Онгоҳ Фиристодаи Худо (салллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Бархез, ки ба дурустӣ, Худо (гуноҳи) туро биёмурзид!
📚 “Мустадрак”-и Ҳоким, 1994 ва “Шуъабу-л-имон”-и Байҳақӣ, 7126, ҳадиси ҳасан аст.

Нет комментариев

Новые комментарии
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Следующая публикация
Лучшие рецепты для мангала
Ищите вдохновение в новом разделе
Смотреть
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
🌹ГУЛИСТОНИ СУХАН🌷

🌹ГУЛИСТОНИ СУХАН🌷

ЛентаТемы 621Фото 181Участники 2 302
  • Подарки
Левая колонка
Всё 621
Обсуждаемые

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

Зарегистрироваться