
То ба кай аз хони мардум хӯрда роҳат мекунӣ?!
То ба кай аз пушти мардум рафта ғайбат мекунӣ?!
То ба кай бо макру фандат аз ҳама пул меканӣ,
То ба кай бо хулқи пастат рафта ишрат мекунӣ?!
То ба кай бо нафси ҷонсӯзат бисӯзонӣ дилат?
То ба кай ту амри шайтонро итоат мекунӣ.
То ба кай меболӣ аз номардиҳои хештан,
Кай ба файзи додаи Яздон қаноат мекунӣ.
Чанд рӯзе умр мебинӣ, вале, эй бехабар,
Баҳри умри чандрӯзи худ иморат мекунӣ.
Вақти худро сарф кардӣ баҳри айшу нӯши ҷон,
Меравӣ акнун Худоро кай ибодат мекунӣ?!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Дар ҷое худро маломат мекунему дар ҷое шукр мекунем ,ки чунин нестем