Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Ашкат чу уқёнусҳо ҳар лаҳза тӯфон мекунад.
Вақте, ки як пайғоми хуш аз ёр меояд ба гӯш,
Дунё даруни синаат гӯл дар зимистон мекунад.
Вақте, ки ошиқ мешавӣ, ҷони туро найранги ишқ
Гоҳе найистон мекунад, гоҳе майистон мекунад.
Сар мезанад аз қалби ту гаҳ хӯшаҳои орзу,
Гаҳ хотират чун хирмани коҳе парешон мекунад.
Инсони бе ишқ онқадар комил намеояд ба чашм,
Вақте, ки ошиқ мешавӣ, ишқ аз ту инсон мекунад

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Хаёли хастаи худро пур аз гулбарги тар кардам
Хати парвоз бояд мекашидам дар баёзи субх
Вале рахгум задам аз сарнавишти ту гузар кардам
Зи сабза чангал омад чун танини кабкохангат
Ба оби чашму сабзайи мижа худро шибар кардам
Зи бýи шайтонат дар ишк менозад хавасташна
Аз ин нозии димоги нозбýро бархазар кардам
Зи чашми ишвазозон баски мечýшад фиреби дахр
Ба чашмандози берýйи хаёро чилвагар кардам
Хавойи ишк абри шуд тагарги сарзаниш борид