Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Пешвои миллати тоҷик
Чакида
Возеҳ ва ошкор аст, ки ҷашни шукуҳманди Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои қадимии башарӣ ва барҷастатарин намоди фарҳангии тоҷикон ва форсизабонон, чи дар ҷуғрофиёи Тоҷикистон ва чи дар густараи кишварҳои ориёӣ ва форсизабон, ҷойгоҳи меҳварӣ дошта, омили муҳим дар ҳамдилӣ ва ҳамгироии миллӣ ва тамаддунии мардумони ҳамреша ва ҳамфарҳанги минтақа ва соири милали наврӯзбовар маҳсуб мегардад.
Бояд гуфт, ки ин ҷашни шукуҳманд на танҳо баёнгари пайванди инсон бо табиат талаққӣ мегардад, ки нишондиҳандаи тадовуми таърихӣ, забонӣ ва тамаддунии миллатҳои форсизабон ва омили муҳими шинохт, огоҳӣ ва андешаи жарфи милливу фаромиллии миллати тамаддунофарини тоҷик ва соири ориёиён маҳсуб мегардад. Аммо бояд эътироф кард, ки ин ҷашни бостониву шодиофарин бо тамоми зебоиҳо ва аҳамияти инсоние, ки дошту дорад дар марҳилаҳои гуногуни таърих ба василаи режимҳову низомҳои мухталиф ё мусодира ва ё бо бемеҳрӣ бархурд сурат гирифта аст, чунончи имрӯз дар Афғонистон, ки яке аз конунҳои муҳимми эҷодӣ ва посдории ин ҷашни камназир аст, мувоҷеҳ шудааст.
Аммо дар даврони муосир, бо тамоми мушкилот ва сангандозиҳое, ки аз ҷониби бархе кишварҳо ва миллатҳои тоза ба даврон расида, сурат гирифт, то халқи тоҷик дар парешонӣ қарор гирад ва фурсати бозтавлид ва муаррифии фарҳанг ва тамаддуни хешро пайдо накунад, ҳузур ва баромади таърихии инсони барӯманд чун Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, фарзанди ростини халқи тоҷик, боис шуд, то Наврӯз ва соири ҷашнҳои миллии тоҷикону форсизабонон аз фаромӯшӣ ва хатари нобудӣ наҷот пайдо кунанд. Чунончи дифоъ ва сабти ҷаҳонии Наврӯз дар созмони фарҳангии Милали Муттаҳид, яъне ЮНЕСКО, ҷойгоҳи рафеъ ва мондагор пайдо кард.
Лиҳозо, дар ин мақола кӯшиш шудааст бо рӯйкарди илмӣ, Наврӯзро ба масобаи ҷашни форсизабонон ва соири миллатҳои наврӯзбовар, ба вижа тоҷикон, баррасӣ карда, нақши барҷастаи Ҷаноби Олӣ — Пешвои миллатро табйин ва арҷгузорӣ намояд.
1. Наврӯз: хостгоҳи таърихӣ ва тамаддунӣ
Наврӯз реша дар жарфои таърихи тамаддуни ориёиён дорад ва бо эътидоли баҳорӣ, замоне ки шабу рӯз баробар мешаванд, ҳамзамон аст. Ин ҳамзамонӣ аз дербоз намоди таодул, адолат ва оғози нав дар андешаи мардуми ин ҳавзаи тамаддунӣ будааст.
Дар мутуни куҳан ва осори адабии форсӣ, Наврӯз ҳамвора ба унвони рӯзи зиндагӣ, навшавӣ ва пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ёд шудааст. Истимрори Наврӯз дар тӯли қарнҳо нишондиҳандаи пайванди амиқи он бо забони форсӣ ва ҳофизаи таърихии мардуме мебошад, ки ин забонро ҳомили фарҳанг ва ҳувияти хеш сохтаанд.
2. Наврӯз; ҷашни тоҷикон, форсизабонон ва соири миллатҳои ориёитабор
Бар хилофи бисёре аз ойинҳои бостонӣ, ки бо тағйироти таърихӣ камранг ё нопадид шудаанд, Наврӯз ба сабаби пайванди ногусастанӣ бо забон ва фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ зинда монд. Аз Балху Кобул, Хатлон, Суғд, Бадахшон, Ҳисору Душанбе, Самарқанд, Бухоро, Шероз, Исфаҳону Теҳрон то Хуросони Бузург ва Эрони кунунӣ, Наврӯз ҳамвора дар матни зиндагии мардум ҳузури маънодор доштааст.
Шоирони бузурге чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон, Наврӯзро дар осори худ ба унвони намоди хирад, умед ва тадовуми таърих ситоиш кардаанд. Аз ин рӯ, Наврӯзро метавон муҳимтарин ҷашни муштарак ва ҳувиятсози форсизабонон донист.
3. Ҷойгоҳи вижаи Наврӯз дар миёни тоҷикон
Барои тоҷикон, Наврӯз танҳо як ҷашни тақвимӣ нест, балки намоди ҳастии таърихӣ ва фарҳангии онон аст. Тоҷикон ба унвони яке аз куҳантарин миллатҳои форсизабон, Наврӯзро чун мероси муқаддас ҳифз кардаанд ва дар муаррифӣ ва истимрори он талоши бевақфа намудаанд.
Дар Тоҷикистон, ойинҳое чун суманакпазӣ, сурудҳои мардумӣ, бозиҳои суннатӣ ва гирдиҳамоиҳои иҷтимоии наврӯзӣ, бозтобдиҳандаи пайванди амиқи ин ҷашн бо ҳувияти миллии тоҷикон аст. Наврӯз дар ин сарзамин забони зиндаи таърих ва фарҳанги тоҷикӣ ба шумор меравад.
4. Наврӯз: омили ваҳдати форсизабонон
Наврӯз фаротар аз марзҳои сиёсӣ, форсизабонони Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, кишварҳои Осиёи Миёна, Ҳиндустону Покистон ва дигар ҷомеаҳои ҳамфарҳангро дар як ҳофизаи таърихии муштарак гирди ҳам меоварад. Ин ҷашн яке аз муҳимтарин унсурҳои ваҳдатбахши фарҳангӣ дар миёни форсизабонони ҷаҳон аст ва нақши муҳиме дар ҳифзи пайвандҳои тамаддунии онон ифо мекунад.
5. Нақши пурранги Пешвои миллат дар бозтаъриф ва муаррифии дурусти ин ҷашни боазаммат ва миллӣ
Нақши Пешвои миллат дар посдорӣ, эҳё ва ҷаҳонисозии Наврӯз нақше таърихӣ ва роҳбурдӣ аст. Эшон Наврӯзро на сирфан як суннати мардумӣ, балки ба унвони сутуни муҳимми ҳувияти миллии тоҷикон ва намоди тамаддуни форсизабонон матраҳ сохтаанд.
Пас аз истиқлоли Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ — Пешвои миллат бо дарки жарф аз аҳаммияти фарҳанг дар давлатсозӣ, Наврӯзро ба меҳвари бозсозии худогоҳии миллӣ табдил карданд. Ҳимояти расмии давлат аз баргузории бошукӯҳи Наврӯз, ниҳодинасозии он дар тақвими миллӣ ва пайванд додани ин ҷашн бо мафҳумҳое чун ваҳдати миллӣ, сулҳ ва тадовуми таърихӣ, аз иқдомоти бунёдини эшон ба шумор меравад.
6. Сабти Наврӯз дар Созмони Милали Муттаҳид
Авҷи ин талошҳо нақши муассир ва ибтикори дипломатияи фарҳангии Ҷаноби Олӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сабти Наврӯз дар Созмони Милали Муттаҳид буд. Ин иқдом Наврӯзро ба унвони як мероси фарҳангии тоҷикон-ориёиён, ки ҳамчун фарҳанги башарият қабул шудааст, ба расмият шинохт ва ҷойгоҳи онро аз сатҳи минтақавӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ иртиқо дод.
Сабти Наврӯз дар Созмони Милали Муттаҳид, дар асл ба расмият шинохтани саҳми таърихии форсизабонон, бавижа тоҷикон, дар тамаддуни инсонӣ ва паёмоварии сулҳу ҳамзистӣ аст.
Натиҷагирӣ ва қадрдонӣ
Наврӯз ба ҳақ ҷашни форсизабонон ва ба таври хос тоҷикон аст, ҷашне, ки забон, таърих, фарҳанг ва ҳувияти онҳоро дар худ ҷамъ кардааст. Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва сабти ҷаҳонии Наврӯз, хидмати мондагор ба фарҳанги форсӣ, ҳувияти тоҷикон ва мероси башарӣ ба шумор меравад.
Бо ин васила, бо нигоҳе дақиқ ва таърихӣ, сипосу қадрдонии амиқи худро аз талошҳои хирадмандона ва фарҳангии Ҷаноби Олӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медорем, раҳбаре, ки Наврӯзро аз ҳофизаи таърихии миллатҳо ба ҷойгоҳи расмии ҷаҳон расонда, онро ба забони ҷаҳонии сулҳ, ҳамзистӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо табдил намуданд.
Туҳфаи Наврӯзӣ – шеър тақдим ба мардуми сарбаланди тоҷик:
Ин сарзамини миллати Хуршед, тоҷик аст,
Он шаҳсавор Рустаму Ҷамшед, тоҷик аст.
Тобанда дар ҷаҳони тамаддун ба авҷи худ,
Дуррест ин дарӣ, дари уммед, тоҷик аст.
Чун Буаливу Носиру Фирдавсии азиз,
Бар рағми ҷаҳл он ки натарсид, тоҷик аст.
Як умр сарбаланду сарафроз ин Ватан,
Лаъли гуҳар, ба сояи ин бед, тоҷик аст.
Як насли сарбадори Хуросони сарбаланд,
Боландагони Хусрави Фаршед, тоҷик аст.
Ин иқтидор, Сарвару Сардори сарбакаф,
Шаҳномахони мардуми маҳшед, тоҷик аст.
Он тоҷдор, дар раҳи покӣ алайҳи ҷабр,
Ойинаи муҳаббати испед, тоҷик аст.
Бо эҳтиром,
Ориф Наҷоҳ

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев