Свернуть поиск
Правая колонка
Дар давоми қисса гуфт устод,
Бо ҳамин меҳру ишқу пайвандӣ,
Синни кӯдак расид бар ҳаждаҳ,
Дар камоли нишоту хурсандӣ.
Риштаи интихобкардаи ӯ
Илми тиб, кори дилшиносӣ буд.
Бо тамоми мадор меомӯхт,
Кори худро равона бар мақсуд.
Интихобаш набуд бемақсад,
Гӯё баҳри модараш мехонд.
Баҳри он гавҳари зи ду олам
Қиммату ҳам азизтараш мехонд.
Рафта буд модараш чу аз ин дард
Дар ҷавонӣ аз ин ҷаҳони ду дар.
Шуд ҷавон дилшинос то озод
Созад аз марг модарони дигар.
Бо чунин ҷуръату чунин мақсуд
Он ҷавон илми тиб меомӯхт.
Роҳҳои нави табобатро
Ҷустуҷӯ карда илм меандӯхт.
Он парастор ё ки модархонд
Ҳамчу ҷон парварида тифлакро.
То ба ин ҷодаҳо кашонидаст,
Тарбият карда тифли кӯчакро.
Рӯзу шаб ёру ёвари ӯ шуд,
Лаҳзаи сахт дар бари ӯ шуд.
Чун падар сахт камар ба ҳиммат баст,
Дар бараш монду модари ӯ шуд.
Болаёқат ҷавони хушсимо
Муҳтарам буд байни ҳамсабақон.
Ҳар муаллим, ки дарс медодаш,
Аз ҷавон буд умедвори калон.
Давраи интихоби касб омад,
Курси се ҳам расид бар поён.
Ҳар кас аз рӯйи интихоби худаш
Мешудӣ ҳамнишини беморон.
Дилшиносии Қаряи боло
Шуҳраташ беш буд чу дар кишвар.
Интихобаш намуду омӯзиш —
Рафт он ҷо ҷавони донишвар.
Олими дилшинос ҳам дорад,
Духтури хубу хос ҳам дорад,
Духтури камсавод ҳам дорад,
Духтури носипос ҳам дорад.
Вориди шӯъбаи табобат шуд…
Рӯзи дигар — утоқи ҷарроҳӣ,
Рӯзи сеюм зи шӯъбаи эҳё —
Диду пайдо намуд огоҳӣ.
Дар дилаш ормони модарҷон,
Як ба як ҳуҷраҳоро омӯхт.
Як зани анқариби сактаи дил
Диду дар сина оташе афрӯхт.
Таърихи он маризро мехонд
Бо тамоми вуҷуди ларзида.
Ҳавзаки ашки кӯдакиҳояш
Боз омад падид дар дида.
Роҳии ҳуҷраи табибон шуд,
Духтури он маризро мекофт.
Ҷустуҷӯ карду дид он ҷо нест,
Баъди ҷарроҳӣ он табибро ёфт.
Бо салом хешро шиносонид,
Матлаби хешро ба духтур гуфт.
Кори курсиро намуд оғоз,
Бо ҳамон зан — сабаб валек нагуфт.
Аз табобат чу гашт ӯ воқиф,
Раҳ ба раҳ рӯз то ба рӯзи дигар
Як илоҷу давои нав меҷуст —
Гашта аз ҷустуҷӯ хуни ҷигар.
Рӯз то рӯз як давои ҷадид,
Як усули ҷадид, шифои ҷадид
Ёфт мешуд ба вай, вале ҳамроҳ
Гашта буд сад гиреҳҳои ҷадид.
Роҳнамояш табиб буд; ӯ худаш
Рӯзушаб дар пайи табобат буд.
Машварат дошт бо табибу бар ӯ —
Кай аз он машварат қаноат буд?!
Бо ҳамин кори курсиро биспурд,
Лек ҳоли мариз бетағйир.
Гарчи беҳбуд андаке ҳис шуд
Аз вуҷуди ҷавон — ё тақдир.
Хатм кард он ҷавон донишгоҳ,
Дар пайи дилшиносӣ, ҷарроҳӣ.
Тай чи сон гашт се баҳори дигар —
Ин ҷавонро набуд огоҳӣ.
Хулласи кор: як-ду соли ҷавон
Тай шуд андар набарду омӯзиш.
Дар пайи ҷустуҷӯи роҳи даво
Аз китобу маҳофилу пурсиш.
Соҳиби маълумот низ гардид
Дар ҳамин кору дар ҳамин бора.
Хешро менамуд қурбонӣ —
Ин ҷавонак табиби бечора.
Ҷуст ҳарчанд, як илоҷ наёфт
Ғайри ҷарроҳии дили бемор.
Даъваташ кардаву дар утоқаш
Гуфт: «Моем бар амал тайёр.
Лутфан оеду бистарӣ гардед
Дар ҳамон ҳуҷра назди беморон.
Ман ду сол аст рӯзу шомамро
Сарф кардам барои ин дармон.
Ақрабоёни хешро оред,
То иҷозат диҳад ба ҷарроҳӣ.
Баъди ҷарроҳӣ ҳам касе лозим
Бар парасторию ҳамроҳӣ.»
Зан бигуфт дар ҷавоб: «Танҳоям,
Ҳеҷ кас ҳамраҳам намеояд.
Писарам хориҷ аст аз кишвар,
Мутмаин нестам, ки меояд.»
Духтур аз қабл варо шинохта буд,
Лек зан он табибро нашнохт —
К-ӯ ҳамон тифлаки сабуре буд,
Ки басе ранҷ доду маҳзун сохт.
Гуфт духтур: «Агар ки мехоҳӣ,
Мешавам сарпарасти ту, хоҷар.»
Зан дар авҷу камоли хушҳолӣ
Розӣ гардид ба оҳу сад нола.
Ҳафтае пас гузошт рӯзи амал,
То намояд дақиқтар таҳқиқ.
Рӯзушабҳо надошт оромиш,
Менамуд баҳсу баррасии амиқ.
Хона меомад, вале гӯё
Ҳушу ёдаш ҳамеша ҷои дигар.
Модараш зин ҳама парешонӣ —
Худ парешон буду хуни ҷигар.
Пурсиши беш менамуд, аммо
Посухаш илму кори илмӣ буд.
Як сухан дар мавриди он зан
Пеши модар ҷавон сухан нанамуд.
То ба рӯзи амал ҷавони табиб
Занг зад бешу бешу бешу беш —
То биёяд писари бемор
Бингарад ҳоли модараш аз пеш.
Бо ҳама кӯшишу талошу занг
Дар ҷавоб рад шунид аз фарзанд.
Беш аз пеш ҷавон маҳзун шуд,
Дар дилаш монд решу нешу газанд.
Бомдоде пас аз адои намоз
Аз Худованд ӯ мадад пурсид.
Чун ки имрӯз рӯзи ҷарроҳӣ —
Рӯзи мушкилтарин фаро бирасид.
Аз падар, модараш дуо бигрифт —
Олими навҷавон, басе доно.
Вориди ҳуҷраи амал гардид —
Вориси неки Буалӣ Сино.
Баррасиҳо намуда бо устод
Ҳолро хуб арзёбӣ кард.
Панҷ соат замон гузашт, онгоҳ
Амали олиҷанобе кард.
Дар давоми амал дили духтур
Бо хаёли мариз меларзид.
Сахт дар тарсу изтиробе буд,
Гарчи бадхӯй зан намеарзид.
Ҷанг дошт бо аҷал ҷавони табиб,
Қасди модар ситонд ӯ зи аҷал.
Ҷанги илм буд, ҷанги беморӣ —
Рӯи он рӯзи мизи кору амал.
Оқибат он ҷавон муваффақ шуд,
Гарчи аз ин амал умед набуд.
Бо дами теғ он мариз озод
Аз кафи панҷаи аҷал бинмуд.
Бар ҳама ранҷҳо сабурӣ кард,
Бар нигоҳи гузашта кӯрӣ кард.
Ғазабу қаҳрро ба мушт гирифт —
Дар набард, олимона зӯрӣ кард.
Берун аз ҳуҷраи амал то шуд,
Гашта буд сина баҳри қалбаш танг.
Наъра зад чун бурун зи дар омад
Он ҷавони ба илму бофарҳанг.
Чун буд ин аввалин ҷарроҳӣ,
Модараш ҳам буд ба пушти дар.
Беибоӣ давид ҷониби ӯ,
То шунид оҳу нолаҳои писар.
Гуфт: «Модар, шудам муваффақ ман
Андар ин роҳу санҷиши мушкил.
Қасди модар ситондам бешак
Ман аз ин дармандиву з-ин дил.
Баъд аз ин модаре намемирад
Аз чунин дарду ранҷу беморӣ.
Ҳам дигар тифлаке нахоҳад дид
Мисли ман дарди қисмату хорӣ.
Хоҳам омӯхт ин табобатро
Бар ҳама дилшиноси рӯйи замин,
То наҷоти заминиён бошад —
Ин инояти неки арши барин.
Баъд аз ин гуфта боз гуфт модар:
“Донӣ, к-ин изтиробҳо зи куҷост?
Он маризе, ки ман амал кардам —
Он зани бадсиришту бепарвост.
Чанд муддат канори ӯ будам —
Дар канорам буду маро нашнохт.
Ман ҳам инро ба рӯ наовардам —
Ки варо бештар ҳазин месохт.
Худ табиат ҷазои ӯ дода —
Масти дарди худ аст бебода.
Одами хушкалом шудаст, аммо
Ҳайфи он умри барҳадар дода.”»
Модараш ин шуниду ҳайрон шуд,
Ашк овардаву парешон шуд —
К-ин ҳамон тифли нозу маъсумак
Ин қадар некрой инсон шуд.
Ӯ ба фарзанди хеш мефахрид,
Ӯ зи фарзанди хеш меболид.
Дар сари бозуи писар бо фахр
Сар ниҳода ба шавқ менолид.
Нақли устод то ҳамин ҷо буд,
Ки ба ногаҳ садои занг омад.
Гуфт: “Боқии қиссаи худро
Нақл созам ба рӯзҳои баъд.”
Ғайратҷон Ҳотамӣ

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев