Свернуть поиск
Обсуждаемые темы
последний комментарий вчера в 21:43
ТОҶИКАМ....

Тоҷикам, ҳарфу ҳиҷои ширадорам тоҷикӣ.
Куртаи гулдӯзии ранги баҳорам тоҷикӣ.
Нест, нақши кинаи кас рӯи девори дилам,
Мавҷи савти хандаҳои беғуборам тоҷикӣ.
Ман занам, бо тори мӯ бори латофат мекашам,
Тифлакамро парварам, андар канорам тоҷикӣ.
Ёри човандози ман гоҳе асал, гоҳе дағал,
Бок не, бошад, сиришти поки ёрам тоҷикӣ.
Шоирона меҳр варзам, бар фарози шонаҳош,
Пойандозаш матои интизорам тоҷикӣ.
Рӯи шири ишқ мерезам, шакарҳарфи вафо,
Шеърҳои Ҷавҳарӣ, шабзиндадорам, тоҷикӣ.
- Класс!32
последний комментарий 18 апреля в 14:13
последний комментарий 15 апреля в 15:44
01:22
- Класс!45
последний комментарий 10 апреля в 08:10
- Класс!80
последний комментарий 6 апреля в 13:53
последний комментарий 30 марта в 01:28
последний комментарий 29 марта в 20:46
загрузка
Показать ещёДополнительная колонка
Правая колонка