Фильтр
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс

ДАР МУЛКИ ҒАРИБАМ....🍂

🌿🍂🌿
Дар мулки ғарибам, овораву ҳайрон,
Саргаштаи дунё, сарсону парешон...
На ёру на дилдор, дорам дили афгор,
Дар мулки ғарибам, ағёр қарибам.
Тӯҳмат насибам, ғамҳо шарикам,
Дар мулки ғарибам, бедил, вале дилдор.
Беёр, вале ғамхор, беҷон, вале зинда,
Бар хотири дидор, дар мулки ғарибам...
🍂Nilufar Boeva
ДАР МУЛКИ ҒАРИБАМ....🍂 - 5367730032224
ДАР МУЛКИ ҒАРИБАМ....🍂 - 5367730032224
  • Класс
  • Класс

ЁДИ МОДАР....

02:53
597 просмотров
  • Класс

ҒУССА МАХӮР, МУСОФИР....

🌿🌿🌿
ҒУССА МАХӮР, МУСОФИР, МИСЛИ ТУ МАН ҒАРИБАМ,
АЗ ДИДАНИ ВАТАН МАН, МИСЛИ ТУ БЕНАСИБАМ.
ДАРДУ БАЛОИ ДУНЁ ДАР СИНАИ МАНУ ТУ,
ТАНҲО ТУ БЕТАБИБ НЕ, МИСЛИ ТУ БЕТАБИБАМ.
ДАР ШАҲРИ КАС ҒАРИБӢ, БЕЁРУ БЕРАФИҚӢ,
ТАНҲО ХУДАТ НАБОШӢ, МИСЛИ ТУ БЕҲАБИБАМ.
ҒУССА МАХӮР, МУҲОҶИР, ДАР БАРИ ОЛАМИ ПИР,
МАН АЗ ҶАФОИ ДУНЁ, МИСЛИ ТУ МУЗТАРИБАМ.
АРМОНИ ДИЛ МАКУН, ЭЙ, ҲАМВАТАН БА ҒУРБАТ,
ҲАРЧАНД ҒУССА ДОРАМ, БА ОРЗУ ҚАРИБАМ.
ҒУССА МАХӮР, БАРОДАР, БАРОДАРИ ВАТАНДОР,
МАН БАҲРИ ТУ ҲАМЕША БАРОДАРИ НАҶИБАМ.
ЭЙ, ҲАМҚАЗОЮ ТАҚДИР БАРОДАРИ МУСОФИР,
МАН АЗ ҚАЗОВУ ТАҚДИР, МИСЛИ ТУ ДАР АҶИБАМ.
ҒУССА МАХӮР, МУСОФИР.... - 5367390727776
ҒУССА МАХӮР, МУСОФИР.... - 5367390727776
  • Класс
Показать ещё