Свернуть поиск
Фильтр
- Класс
- Класс
Раҳмон дар бораи вазъ дар Ховари Миёна: Қотеона ҷонибдори ҳалли осоиштаем.
Эмомалӣ Раҳмон дар Остона бори дигар мавқеи устувори давлати Тоҷикистонро вобаста ба вазъи Ховари Миёна баён доштааст."Мо қотеъона ҷонибдори ҳалли осоиштаи ҳама гуна низоъҳо ва баҳсҳо бо истифода аз воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳастем", - изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Арманистон таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Ваагн Хачатурян дар Остона гуфт, "муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Арманистон ба анъанаҳои деринаи дӯстию ҳамкорӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар асос ёфтаанд".Дар идома ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарии миёни ду кишвар баррасӣ гардид, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
- Класс
CASA-1000 тобистони соли 2027 мавриди истифодаи тиҷоратӣ қарор хоҳад гирифт.
Ин нукта зимни ҳамоиши иштирокдорони лоиҳа дар Душанбе таъкид шуд.Айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа дар сетои он - Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистон идома доранд, изҳордоштвазириэнергетикаи Тоҷикистон, Далер Ҷумъа.
Намояндагони ширкати KEC, ки пудратчии тарҳ мебошанд, иброз доштанд, ки корҳои боқимонда дар ҳудуди Афғонистон тибқи нақшаи таҷдидшуда, баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад ва аз тобистони соли 2027, аллакай, марҳилаи тиҷоратии лоиҳа оғоз мегардад, афзуд Вазорати энергетикаи Тоҷикистон.
загрузка
Показать ещёНапишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Правая колонка