
Падарам дурӯғгӯ буд:
Медонед чаро!?
Вақте аз кор ба хона меоамад мепурсидам падарҷон хаста ҳастӣ?
Мегуфт:
- Не, ҷони падар
Вақте медидам ба фикр фурӯ рафтааст мепурсидам падарҷон мушкили дорӣ?
Мегуфт:
- Не, ҷони падар
Вақте сари дастархон меваро ба ман медод мегуфтам ту намехоҳӣ?
Мегуфт:
- Не, ҷони падар
Вақте бозор мерафтем бори сангинро мегирифт мепурсидам падарҷон бароят сангин нест?
Мегуфт:
- Не, ҷони падар
Вақте иде мешуд барои мо либоси нав мехарид, вале худаш либоси кӯҳнаи худро мепӯшид мепурсидам падар чаро барои худат либоси нав намехарӣ?
Мегуфт:
-Дӯст надорам ҷони падар
Рӯзҳову солҳо гузашт бузург шудам, пухта шудам. Якбора фаҳмидам, ки падарам дурӯғ мегуфт.
Хаста мешуд
Мушкили дошт
Мариз буд
Борҳои зиндагӣ сангин буд
Ғизои хубро дӯст медошт
Истироҳатро дӯст медошт
Аммо...
Ба хотири мо дурӯғ мегуфт, ки хуш бошем...
Ба хотири мо нахӯрд напӯшид...
Ба хотири мо на гармо гуфт, на сармо шабу рӯз кор кард, то мо гурусна намонем...
Ба хотири мо муҳоҷир шуд, то аз дигарон қафо набошем...
Ба хотири мо ба ҳама сахтиҳои зиндагӣ тоб овард..
Ба хотири мо мӯйҳои сараш сафед гашт, пир шуд...
Аммо мо бар ивази ин ҳама чӣ кардем..!?
Чӣ???
Сад афсӯс..!!!
Ба қадри падарҳоятон бирасед!!
Муаллиф Зеби лабон ояти Куръон
39 комментариев
610 классов
Шавҳарам зани баҷоӣ дорад, вале...
Салом! Ман як зани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта,бо ишқу муҳаббат оиладор шуда будем, вале тақдир барои марди дӯстдоштаам писар таваллуд карданро ба ман насиб надид. Ҳар дафъаи ҳомиладориам Худоро зорӣ мекардам, ки ба ман як шоҳписар диҳад, аммо боз духтар тавалуд мекардам. Шавҳарам аввалҳо “духтару писар ҳамааш доди Худованд аст” гӯён, маро дилбардорӣ мекард, вале баъди тавлиди духтари сеюмам гоҳ-гоҳ таъна мезадагӣ шуд, ки ту фақат духтар ба дунё меорӣ. Мегуфтам, ки “ҳой мардак, ношукрӣ накунед, охир баъзе одамон ба нохуни пойи фарзанд зоранд, вале Худованд ба онҳо на писар медиҳаду на духтар”, аммо шавҳари духтарбезорам ҳар бори таваллуд карданам қаҳр карда, чанд рӯз ба таваллудхона намеомад ва баъди ба хона баргаштан низ «занак, ту аз духтарзоӣ кай сер мешавӣ?! Ақалан як бача кун!» гуфта, ба дилам неш мезад. Худ ба худ мегуфтам, ки агар Худованд писар ё духтар зоиданро ба ихтиёри худи зан мемонд, якто не, даҳ бача мекардам, вале фарзанд доди Худост, хоҳад медиҳад, нахоҳад не, охир ман чи кор кунам... Хулласи калом, солҳо турнасон гузаштанд ва ман бо умеди ақаллан як писар таваллуд кардан пай дар пай шаш духтари зебои заркокулро ба дунё овардам. Рафта-рафта шавҳарам, ки дар шаҳр кор мекард, баъзан шабҳо ба хона намеомадагӣ шуда монд, вале ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки падари фарзандонам бо касе ишқварзӣ мекунад ё шояд зани дигар гирифта бошад. Рӯзе ҷиянам Мафтуна, ки дар корхонаи шавҳарам котиба шуда кор мекард, беҷуръатона гуфт: «Аммаҷон, ҳар рӯз як зани зебо ба назди язнаам меояд. Шумо намедонед, ки он занак кист?» Асабонӣ шуда бошам ҳам, сир бой надода гуфтам: «Ягон шиносашон будагист-дия, аҳамият надеҳ!»
Ду рӯз пас шавҳарам ба хона омад ва ҳисси кунҷкобиям боло гирифта пурсидам: «Мардакҷон, росташро гӯед, шумо ягон бор ба ман хиёнат кардаед ё не?» Рангаш канда бошад ҳам, ҳозирҷавобӣ намуда, гуфт: «Магар зани худам ягон айб дорад, ки аз паси дигар беваҳо давида гардам?!» Дилам аз ин ҷавоби шавҳарам каме ором гирифт, вале ҳамон шаб ба телефони дастии падари бачаҳоям аз рақами ношиносе занг омад. Бедораш кардам. Шавҳарам телефонро гирифта, ба берун баромад. Дилам аз пешомади ногуворе дарак дод ва ноаён аз паси дар гапашро гӯш кардам. «Барои чӣ дар як поси шаб ба ман занг задӣ?! Қариб монда буд, ки занам фаҳмад! Ту характери зани маро намедонӣ, вай чунон зани шаттоҳу бадтол аст, ки дар сарат чормағз мешиканад. Худо накарда асли гапро фаҳмад, балои азимеро ба сари ҳардуямон мебиёрад. Аз ҷак-ҷаки ин занаки серҷоғ кайҳо безор шудаам, вале ҷойи гурез намеёбам. Дасту дилам аз зиндагӣ бо вай хунук шудааст, лекин дигар илоҷ надорам. Духтарҳоям калон шудаанд, агар онҳоро партофта равам, мардум ба ҳолам механданд» мегуфт шавҳарам. Фаҳмидам, ки падари фарзандонам дар шаҳр зани баҷоӣ доштааст. Ҳамон шаб то саҳар гиря кардам, аммо ба касе сир бой надодам. Намедонам чӣ кор кунам? Рашк чунон дилу ҷигарамро месӯзад, ки мехоҳам рафта зани дуюми шавҳарамро пора-пора кунам, вале хотири шаш духтарам боз астағфуриллоҳ мегӯям. Метарсам, ки агар барои дар болои ман зан гирифтанаш бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол кунам, ҷавоби маро медиҳад ва духтарҳоям бе падар мешаванд. Хонандагони рӯзгордида, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Суроғаашро ёфта, ба сари зани дуюми шавҳарам равам ё ба хотири бе падар нашудани духтарҳоям худамро ба кӯрию карӣ зада гардам? Манзура аз н. Рӯдакӣ
73 комментария
32 класса
Шавҳарамро ду бор гирифтам... қисми 2
Сафҳаи нави зиндагӣ
Баъди панҷ соли ҷудоӣ аз Зафар аз нав оиладор шудам. Марди бефарзанде, ки аз пушти фарзанддор нашудан се зан таркаш карда буданд, хоҳиши падар буданро барои се фарзандам ба миён гузошту ман ҳам розигиамро додам. Зеро гирумонҳои ҳаётро дар танҳоӣ бароям паси сар кардан рӯз ба рӯз гаронӣ мекард. Шавҳари навам марди хоксору оддӣ ва меҳрубоне баромад. Ӯ сари се фарзандамро падарвор сила карда, мисли падари ҳақиқӣ онҳоро дӯст медошт. Гулчеҳраву Анӯшервон ҳам ба вай меҳр мондаву “дада”-номаш мебурдагӣ шуданд. Вале Хуршед... Писари калонам аз рӯзҳои аввал шавҳарамро чашми дидан накард. “Ин падари мо нест”-гуфта, ҳамеша эътироз мекарду инҷиқу гапногӯшнав шуда буд. Чанд маротиба гурехта, ба шаҳр-назди падараш мерафту аз он ҷо омада, ба хоҳару додараш савғоҳои падараш фиристодаро дода, онҳоро ҳам бар зидди падарандар мешӯронд... Вале билохира, ӯ ҳам бо падари нав созиш кард. Бо шавҳари дуюмам ҳам зиёд зиндагӣ накардам. Пас аз 25 соли ҳаёти якҷояамон ӯ моро тарк кард. Вале ҳамеша аз ӯ миннатдорам. Зеро фарзандони маро ба воя расонид, хононд ва соҳиби ҷойи кор кард. Афсӯс, ки бемории саратон ба ӯ амон надод. Ҳоло духтарам бо шавҳараш дар Русия ва писари хурдиам Анӯшервон бо ҳамсараш дар Аврупо зиндагӣ мекунанд... Тасмими ғайриинтизор Хабари ба садама дучор шудани падарашро бо аҳли оилааш ва фавти зану фарзанди вайро дар ин садама фаҳмида, Хуршед ӯро ба хона овард. Аз гиря чашмони писаракам варам карда, хобу хӯрашро гум карда буд. Ӯ ҳар рӯз ба шаҳр – ба беморхона ба аёдати падар мерафту чанд маротиба зану фарзандонашро ҳам бо худ ба назди падарашон бурд. Зафар дигар мазлуму барҷоймонда гашта буд. Дар натиҷаи садама ӯ аз ду пой маҳрум гашта, ба нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷ дошт. Хуршед бо ихтиёри худ ин вазифаро ба дӯш гирифт.
"Падарам ғайри ман касе надорад”-мегуфту гирён мешуд. Ва баъди ин ҳафтаҳо дар хонаи падар монда, ба хона намеомад. Келинам аз ин нороҳат буд. Фарзандонаш ҳам зиёд азият кашиданд. Инро сабр карда натавониста, ба як хулоса омадам. Рӯзе ба Хуршед гуфтам: -Ту бо падарат зиёд машғул шуда, зану фарзандатро фаромӯш кардӣ. Ин кори ту дуруст нест. -Дигар илоҷ надорам, модар. -Ман фикр карда, ба хулоса омадам, падаратро ба ҳамин ҳавлӣ биёр. Ҳамсарат хӯрок мепазад, худат нигоҳубин мекунӣ. Бо набераҳояш машғул мешавад.... Хуршед аз шодӣ чӣ гуфтанашро намедонист. Аз ҷояш парида хеста, бо ашки шашқатор маро бӯсаборон кард. Шодикаф шуда, дар наздам зону зад ва пойҳоямро бӯсид.... Хулоса, Зафарро рӯйи аробачаи маъюбӣ ба хона овард. Дар ошёнаи якум як хонача доштем, ки ошхонаи тобистона буд. Онро муҷаҳҳаз карда, падарашро дар он ҷой кард. Зафар баробари дидани ман мегирист. Забон ки надошт, арзи дил карда наметавонист. Калла меҷунбонид. Маълум буд, ки ташаккур мегуфт. Вале медидам, ки фарзандам азоб мекашид. Барои ӯ нигоҳубини падараш душвор буд. Ҳар хел мазҳо ба ӯ молидан лозим буд, ӯро масҳ кардан зарур буд ва ғайра... Келин ба Зафар номаҳрам буд. Ман ба писарам ёрдам медодам. Никоҳи дуюмбора Рӯзе бародарам ба ҳавлии мо омад. Маро дар ҳолати маҳс кардани гардану китфҳои шавҳари собиқам Зафар дида, ҳуш аз сараш парид. “Ин палид ба ту номаҳрам аст, даст расонидани ту ба ӯ мумкин нест”-гуфта, шӯру қиём бардошт. Вале ман медидам, ки агар ман ба Зафар нигоҳубин накунам, касе наметавонад. Синну соли ман ҳам ба ҷое расидааст.
Савоб ба ман ҳам лозим. Бинобар ин, аз бародарам хоҳиш кардам, ки моро никоҳ кунад. Ҳуш аз сари бародарам парид. Вале пойфишории маро дида, розӣ шуд. Бегоҳ мулло омад ва ману шавҳари собиқамро никоҳ кард. Инак, ман шавҳари аввалаамро нигоҳубин мекунам. Ӯ каме беҳтар шудааст, вале ҳарф зада наметавонад. Рӯйи ҳавлӣ бо асо мегардад ва набераҳо ӯро ҳалқа мекунанд. Ман чунин тасмимро дар зиндагӣ гирифтам. Намедонам, вале ба фикрам кори дуруст кардам. Худованд худаш ҳакам аст...
15 комментариев
49 классов
Хобномаи исломӣ: бо ҳарфи Г...
Гавмиҷа Гавмиҷа дар хоб таъбири нек дорад ва шаҳодати саломативу комёбӣ аст.
Газидан Газидан дар хоб маънои қаҳру ғазабро дорад. Агар нафареро хоб бинад, ки аз хашм ангушт мегазад, пас ин шахси бадқаҳрест. Агар шахси хобдида ангуштони худро мегазида бошад, пас дар бедорӣ пушаймон мешавад.
Галабони шутур Галабони шутур дар хоб ба саёҳат ё марги шахси бемор ишора мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо галабони шутур дар хоб ба баҳрчӣ ва сардори киштӣ ишора мекунад.
Гаҳвора Нафаре, ки гаҳвора хоб мебинад, амалҳои нек ба анҷом мерасонад.
Гаҷбанд (гипс) Гаҷбанд ба қувваву мавқеи устувори инсон, саломатии хуби зану фарзандон, имони бақувват ва раҳоӣ аз бемориҳо ишора мекунад. Баъзе уламо бар онанд, ки дидани гаҷбанд дар хоб аз вохӯрӣ бо шахси дурӯя ҳушдор менамояд.
Гамбуск Гамбуск дар хоб ба нафарони заифу нотавон ишора мекунад. Ҳамзамон ин ҳашарот нишонаи камбағалӣ, ноумедӣ ва талафот аст.
Гаравгон, гарав Нафаре дар хобаш худро дар гарав афтида бубинад, гунаҳ содир кардааст ва қалбаш дар гарави гунаҳҳояш аст. Дар хоб нафареро ё чизеро ба гарав гирифтан дар бедорӣ ба иштибоҳи бузурге роҳ додану шарманда шудан аст.
Гармӣ Нафаре, ки дар фасли зимистон дар хобаш гармиро эҳсос мекунад, ин хоби нек аст, он аз пайдо шудани даромади пулӣ ва либоси қиматбаҳо дарак медиҳад. Гармиро дар фасли тобистон хоб дидан маънои баръаксро дорад.
Гил, лой Дар хоб дидани лой, гил аз вохӯрӣ бо шахси тақводоре, ки ба амали нек даъват мекунад, дарак медиҳад. Гирдоб Дар хоб дидани гирдоб маънои онро дорад, ки инсон меҳнати сангину пурмашаққат мекунад.
Гиря, фиғон Гиря дар хоб нишонаи хурсандӣ аст. Рафту гиря бо доду фарёд, задани торсакӣ, пӯшидани либоси сиёҳ ё либоси худро дар бадан даридан мурофиқат кунад, чунин хоб нишонаи ғаму андуҳ аст. Рафту нафаре аз тарс дар назди Худованд ё ҳангоми шунидани оёти Қуръон гиря кунад, ё барои гуноҳҳои содирнамуда ашк рехта шавад, нишонаи хушҳолӣ, дилхушӣ ва рафъ гардидани ғаму андуҳ аст. Гитор (ё дутору думбра) Садои гитор дар хоб аз ғаму ғусса дарак медиҳад. Агар сарвар ё роҳбаре дар хоб садои гиторро шунавад, ин маънои онро дорад, ки ба ҳарфу маслиҳати шахси дурӯғгӯ гӯш медиҳад.
Гов Гов дар хоб ба солҳои хуб ё бад ишора мекунад. Гови фарбеҳ солҳои серҳосил ва гови лоғар солҳои беҳосил аст. Нафаре, ки дар хобаш гӯшти гов истеъмол мекунад, боигариву сарваташ афзун мегардад. Гови саҳроӣ дар хоб барои мард завҷаи зебо аст. Дар хоб гов ҷӯшидан нишонаи хушиву нишот асту ба шохи гов даст расонидан бошад, нишонаи беҳбудиву роҳат. Нафаре, ки дар хоб говро савор мешавад, аз мушкилиҳо раҳо ёфта, хушиҳои зиндагӣ насибаш мегардад.
Гул Гул дар хоб шаҳодати осудагӣ, фароғат ва вохӯри деринтизор бо шахси дӯстдошта аст. Гулҳои шикаста дар хоб нишонаи бадбахтиву андуҳ ҳастанд. Чидану шикастани гул дар хоб ҳамчун амалҳои нодуруст таъбир мегарданд. Гулафшон Бемории гул, гулафшон дар хоб аз ҷониби шахси муътабаре боигарӣ ба даст оварданро маънидод мекунад. Нафаре, ки дар хобаш ба бемории гул мубтало мегардад, дороияш афзун мегардад. Шахсе хоб бинад, ки кӯдакаш гул баровардааст, дар оянда тифли ӯ қадру манзалати хосро насиб мегардад. Ҳамзамон яраву захми бадан дар хоб аз бештар гаштани дороӣ шаҳодат медиҳад, ки бо душворӣ ба даст меояд.
Гулдон Гулдони пуроб дар хоб нишонаи он аст, ки дар ҷамъият гули сари сабад мегардед. Гулдони холӣ ё шикаста аз нохушиҳо нишон аст. Гули нилуфар Нафаре, ки гули нилуфарро хоб мебинад, мавқеяш баланд гашта, тақводору донишманд мегардад. Нилуфар дар хоб нишонаи ба орзуву мақсадҳои худ расидан аст.
Гули чашм Шахсе, ки дар хобаш дар чашми худ гавмиҷа хоб мебинад, дучори андуҳи зиёд мегардад. Баъзан гавмиҷа нишонаи дурӯягӣ аст.
Гулкарам Гулкарам дар хоб ҳамчун марди деҳотии бадхашм таъбир мегардад. Гуноҳ Ҳар нафаре, ки дар хобаш гуноҳ содир мекунад, дар бедорӣ аз нафаре пул қарз мегирад. Гунҷишк Дар хоб дидани гунҷишк шаҳодат аз тавлиди тифли ҷинсаш писар аст. Гунҷишкро дар хоб қапидан пешравӣ дар кор аст.
Гург Гург дар хоб аз зулму ҷабри душман ва дузд нишона аст. Агар нафаре дар хобаш дар хонаи худ гургро бубинад, ба хонааш дузд медарояд. Гургро дар дигар ҷой дидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида нисбати нафари бегуноҳе гумони бад мекунад.
Гурба Гурба дар хоб ба маънои китоб меояд. Дар баъзе ҳолатҳо гурба ба маънои дағалӣ ва дилсардӣ аз ҷониби завҷа, фарзандон, рақибон, дуздӣ ва ба ваъда вафо накардан аст. Баъзеҳо гурбаро нишонаи бехатарӣ дар хона мешуморанд. Рафту дар хоб гурба шуморо нохун занад ё газад, хобатон маънои онро дорад, ки шумо қурбони фиреби ҳамкоратон мешавед ё бемор мегардед. Гурбаи мода Гурбаи мода дар хоб хизматгор аст ва таъбири дигари гурбаи мода дар хоб ин дузд аз ҷумлаи пайвандон аст. Баъзеҳо бар онанд, ки гурбаи хонагиро хоб дидан нишонаи хушҳолӣ, оромӣ ва истироҳат дар соли оянда аст. Гурбаи ваҳшӣ дар хоб нишонаи бебарорӣ ва хастагӣ аст.
Гурез, гурехтан, фирор Нафаре, ки дар хобаш мегурезад, ба Худованд наздик мегардад, аз хатар эмин гашта, ба тазарруъ рӯ меорад. Ҳар нафаре, ки дар хобаш аз душмани худ мегурезад, аз ӯ дар амон мемонад. Дар хоб аз марг гурехтан наздик шудани рӯзи марг аст.
Гӯристон Қабристон дар хоб ба хонаи охират, панду насиҳат ва худотарсӣ ишора мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо гӯристон дар хоб ба маънои марг меояду гоҳи дигар аз маҳбасӣ шудани инсон дарак медиҳад. Баъзе уламо бар онанд, ки қабристон дар хоб ба саломатии хуб ва умри дароз ишора мекунад, вале тоифаи дигари уламо қабристонро дар хоб баёнкунандаи муфлисӣ ва бепулӣ мешуморанд.
Гуруснагӣ Гуруснагӣ дар хоб шаҳодати аз даст додани боигарӣ ва пайдо намудани манбаи нави даромад аст.
Гӯсфанд Нафаре, ки гӯсфанд хоб мебинад, шахси сарватманду боазамат мегардад. Дар хоб харидани гӯсфанд, ба даст овардани давлату сарват аст. Нафаре, ки дар хобаш гӯсфандро қурбонӣ мекунад, аз бемориҳо шифо ёфта, қарзҳояшро медиҳад ва вазъи молиявии худро беҳтар мегардонад. Баоси гӯсфанд нишонаи саховатмандӣ ва самимият аст. Агар инсонро дар хоб гӯсфанд шох занад, эҳтимол ӯро нафаре сахт меранҷонад. Дар хоб дар хонаи нафаре пӯсти гӯсфанд ё гӯшти гӯсфандро дидан аз он далолат медиҳад, ки аз ин хона нафаре реҳлат мекунад. Гӯсфандбонӣ нишонаи мақому мартабаи баланд аст. Агар дар хоб гӯсфанде барои таомпазӣ кушта шавад, ин маънои онро дорад, ки душмани шумо мағлуб мегардаду дороияш ба шумо мемонад ва ба Оллоҳ наздик мегардед. Рафту шахси бемор ё маҳбусие дар хоб гӯсфандро сар занад, аз бадбахтиву мусибат раҳо меёбад. Савори гӯсфанди итоаткор рафтан нишонаи ғолибият бар рақиби пурзӯрро дорад. Галлаи гӯсфандон дар хоб зердастони фармонбардор ва тақводор аст. Гӯсфандронӣ дар хоб нишонаи қудрату нерӯ аст. Ҳамзамон гӯсфанд дар хоб мавқеи инсон, зан, дороӣ, ҳосил ва дарахтони мевадор аст. Гӯсфанд хоб дидан нишонаи дар ҳама кор баракат ба даст овардан аст. Як сар гӯсфанд дар хоб нишонаи хушбахтӣ ва хурсандӣ дар давоми сол аст. Гӯсфандро зин задан дар хоб нишонаи шиносоӣ бо зани доро ва боисмат аст. Сар буридани гӯсфанд дар хоб нишонаи ба алоқаи ҷинсӣ машғул шуданро дорад. Дар хоб аз паси гӯсфандон давидану дарёб накардан нишонаи ба мақсад нарасидан ё бе ҷои кор мондан аст.
Гӯш Гӯш дар хоб нишонаи фармонбардорӣ ва итоат кардан аст. Шахсе, ки гӯши худро калону зебо хоб мебинад, ба роҳи рост ва фармудаҳои Худованд сафарбар мегардад. Ҳамзамон гӯш дар хоби мард ҳамчун зан ё духтар таъбир мегардад. Мардеро, ки гӯшаш дар хоб канда шуда меафтад, аз зани худ ҷудо мешавад ё марги зани худро мебинад ё духтари худро ба шавҳар медиҳад. Рафту мард дар гӯши худ гӯшвор ё ороишоти дигар хоб бинад, завҷаашро бурдборӣ насиб мегардад ё духтари худро ба шавҳар медиҳад ё писардор мешавад. Мард танҳо ними гӯши худро хоб бинад, завҷааш реҳлат менамояд ё бо зани дигар издивоҷ мекунад. Худро бо се гӯш хоб дидани мард маънидодкунандаи он аст, ки марди хобдида зану ду духтар дорад. Марде, ки худро бо чор гӯш хоб мебинад, соҳиби чор духтаре аст, ки модар надоранд.
Гӯшвора Гӯшвора дар хоб тавлиди писар ё ба шавҳар додани духтар аст. Марде, ки дар гӯши зани худ гӯшвора хоб мебинад, бо тиҷорат машғул мешавад. Зани ҳомила дар гӯши худ гӯшвораи тиллоӣ хоб бинад, писардор мешавад, рафту духтар гӯшвор хоб бинад, ба шавҳар мебарояд. Гӯшвораи нуқрагин аз тавлид ёфтани духтарча муждагонӣ медиҳад. Гӯшвораҳои марворидӣ дар хоб нишонаи ҳаёти зебову беолоиш аст. Гӯшвор дар хоби мард ишора ба амалҳои номатлуб аст ё нишонаи он аст, ки мард хеле садои хуш дорад. Гӯшкар, гӯшвазнин Агар нафаре дар хоб гӯши худро кар бубинад, бемор мешавад. Нафари дигарро кар хоб дидан нишонаи он аст, ки дар корҳои ин нафар мушкилӣ сар мезанад.
Гӯшт Гӯшт дар хоб нишонаи беҳбудӣ ва насибаи Худованд аст. Гӯшти хук дар хоб боигарии бо роҳи ҳаром ба даст овардашуда аст, гӯшти моҳӣ бошад, насибаи неки Оллоҳ. Гӯшти бе устухон дар хоб нишонаи ҷангу ошӯб аст. Гӯшти инсон дар хоб агар обпаз ё дампаз бошад, рамзи боигарӣ аст. Рафту гӯшт хом бошад, нишонаи ғайбату бадгӯӣ аст. Шахсе, ки дар хобаш гӯшти инсонро истеъмол мекунад, дар ғайбаш ӯро бадгӯӣ мекунад. Нафаре, ки дар хобаш гӯшт бирён мекунад, аз бадгӯӣ эмин мемонад. Шахсе, ки дар хоб гӯшти бирён истеъмол мекунад, бо сабаби пули ҳаром ба даст овардашуда дучори мушкилӣ мегардад.
Гӯшти шутур дар хоб боигарии ба даст овардашуда аст ва таъбири дигари он беморӣ аст. Дар хоб истеъмол кардани гӯшти шутур аз қувваву қудрати душманон дарак медиҳад.
Харидан ё фурӯхтани гӯшт дар хоб аз даст додани дороиро маънидод мекунад.
Истеъмоли гӯшти гӯсфанд дар хоб шаҳодати ҷангу душманӣ асту истеъмоли гӯшти гов нишонаи хасташавӣ. Баъзеҳо мегӯянд, истеъмоли гӯшти гов дар хоб маънои аз ташвишҳо раҳо ёфтанро дорад
Истеъмоли гӯшти мурғ ё қоз дар хоб нишонаи нек аст. Ақидаи дигаре низ аст, ки истеъмоли гӯшти паранда дар хоб нишонаи хастагӣ аст. Гӯшти хоми ҳайвонотро дар хоб тановул намудан хуб аст, гӯшти намакхӯрда бошад, нишонаи бадбахтӣ аст. Баъзе таъбиргарони хоб бар онанд, ки гӯшт дар хоб нишонаи бемориҳоро дорад.
#ТаъбириХобхо
60 комментариев
38 классов
Фильтр
загрузка
Показать ещёНапишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Левая колонка
О группе
Салому дуруд ба хонандагони азиз. Дар ин чо танхо киссахо, андарзхои зиндаги, ва навгонихои бехтарини замонро мутолиа карда метавонед. Аз шумо хоҳиш карда мешавад ки дустони худро даъват кунед . Биёед ба Киссахои хаёти дустонро даъват кунед хатман аз киссаю пандхо як дарси ибрате хоханд гирифт.
- Исмоили сомони, Душанбе
Показать еще
Скрыть информацию
Фото из альбомов
Ссылки на группу
1 597 участников
24 797 участников