Предыдущая публикация
Хамеша ба ёди Аллох чустучуи илми ислом

Хамеша ба ёди Аллох чустучуи илми ислом

18 окт 2018

☞ БИХОН ВА ФАҚАТ ГИРЯ НАКУН ☜

Дар замони Паёмбари Худо
(с) дар Мадинаи мунаввара дар
бозори шаҳр, пирамарди яҳудии
нобиное буд, ки рӯзгорашро аз пушти
гадоӣ мегузаронд. Ин пирамард аз
рӯзе, ки Паёмбари Худо (с) ба
Мадинаи мунаввара омад, мисли
дигар яҳудон дар дилаш кина ва
ҳасодат ба Ӯ дошт ва пайваста аз
забонаш дашному носазогӯӣ бар
Паёмбари Худо (с) шунида мешуд. Ин
хабар ба гӯши Паёмбар (с) расид ва
ба бозор рафта пирамардро ёфт. Чун
Ӯ паёмбари ростин ва дорои ахлоқи
волое, ки Қуръони Карим ӯро сутуда
буд, мисли дигар инсонҳо нарафт, то
ӯро танбеҳ бидиҳад ва ё бо ӯ ба
ҷидол пардозад. Балки рафт ва таоме
харида, бо дастони худ ӯро таом дод.
Чун пирамард аз таом хӯрдан фориѓ
шуд, дуои нек намуда гуфт: «инсони
хубе будаӣ, Худованд нигаҳат дорад!»Паёмбар (с) бе он, ки худро шинос
намояд, аз наздаш дур шуд ва ин
корро то он замон, ки бистарӣ шуду
баъди он аз ин дунё реҳлат намуд,
ҳар рӯз идома медод.
Баъди оне, ки Расулуллоҳ (с) аз
дунё гузаштанд, чанд рӯз баъд
Абӯбакри Сиддиқ (рз) – он халифа ва
ёри бовафои Расулуллоҳ (с) ба назди
модарамон – Оиша (рз) омаду гуфт:
Духтарам ва эй нури чашмам! Оё
суннате ҳаст аз суннатҳои Паёмбари
Худо (с), ким ан онро бехабар бошаму
иҷроаш накарда бошам?
Оишаи сиддиқа (рз) гуфтанд:
Ту худ суннати Расулуллоҳӣ (с). Ва
суннате нест, ки онро ту ба ҷо
наоварда бошӣ, магар як суннат ва
кори Ӯро (с).
Абӯбакри Сиддиқ (рз) гуфт:
Он кадом аст, духтарам?
Оиша (рз) гуфт:
Паёмбар (с) одате доштанд, ки ҳар
субҳ аввал ба бозори шаҳр
мерафтанд ва он ҷо пирамарди
яҳудиест, ки нобиност ва нодор аст.
Ӯро таом медоданд, он гоҳ ба корҳои
дигари худ машѓул мешуданд.Абӯбакри Сиддиқ (рз) дарҳол
бархост ва ба бозор рафт. Пирамарди
нобинои яҳудиро ёфт ва таом харида
ба дасти худ ба даҳонаш гузошт. Бо
аввалин луқмае, ки пирамард аз
дасти ӯ хӯрд, дар хашм омада, бо
овози баланд гуфт:
Ту кӣ ҳастӣ, эй мард?
Абӯбакри Сиддиқ (рз) гуфт:
Ман ҳамонеам, ки ҳар рӯз бароят
таом медодам, чанд рӯзе набудам,
инак дубора наздат омадам.
Пирамард гуфт:
На, ту он мард нестӣ. Ту касе дигар
ҳастӣ.
Абӯбакри Сиддиқ (рз) гуфт:
Оре, ман яке аз дӯстон ва ёрони ӯ
ҳастам. Вале ту аз куҷо донистӣ, ки
ман ӯ нестам. Чун ту намебинӣ ва
ман ҳамон кореро кардам, ки ӯ
мекард.
Пирамард гуфт:
Вақте он мард меомад, бӯи хосе
дошт, ки бӯяш бароям ошно шуда
буд. Ва ҳам дастонаш ботароват буду
рӯҳбахш. Инчунин, пеш аз оне, ки
луқмаро дар даҳонам гузорад, онро
бо дастонаш мулоим мекард. Ин
чизҳоро дар ту надидам ва донистам,
ки дигар касе ҳастӣ.
Абӯбакри Сиддиқ (рз) дигар
худро дошта натавонист ва бо овоз
гиря намуда гуфт:
Ӯ Муҳаммад (с) Расули Худо буд.
Чанд рӯз аст, аз олам гузаштааст, оё
нашунидаӣ?
Вуҷуди пирамарди нобиноро
ларза гирифта гуфт:
Чӣ гуфтӣ? Ӯ Муҳаммад буд?
Паёмбари мусалмонон? Вой бар ман.
Ман чӣ кардам. Ӯро дашном
медодаму носазо мегуфтам ва ӯ маро
бо дастонаш омада таом медод, дар
ҳоле, ки дашному носазогӯии маро
мешунид.
Ва бо овози баланд ба гиря кардан
шурӯъ кард. Ва овозаш аз гиря ва
надомату пушаймонии кирдори
зишти худ баланд буду андомаш
меларзид.
Пирамард бо ин ҳол, ба
Абӯбакри Сиддиқ (рз) рӯй оварда
гуфт:
Дастатро бидеҳ, то калимаи
шаҳодатро ба забон орам ва
мусалмон бишавам, то шояд
Худованд аз гуноҳам даргузарад ва
маро бо имон аз ин дунё бибарад.
Ва он замон пирамарди яҳудии
нобино мусалмон шуд.
Оре, бародар ва хоҳари
гиромиам! Ин буд яке аз қиссаҳои
дигаре аз рӯзгори он беҳтарин
фарзандони Одам (а). Оне, ки васфи
ахлоқашро танҳо Парвардигори
азимушшаън баён карда, ва
инсоният аз васфи он оҷиз аст.
Бо ҳама он гуна душманиҳое, ки
олами ѓарб дар ин рӯзҳо бо ислом
дорад, агар эътирозе мехоҳед баён
намоед, пас аз рӯзгори Паёмбари
Худо (с) ва ахлоқи волои Ӯ сухан
бигӯеду нашр намоед, то башарият
Ӯро дуруст бишносад. Зеро онҳо
намедонанд, ки Паёмбари Худо (с)
Раҳматан лилъоламин буданд, на ин
ки раҳматан лил-муслимин.
Ва хитоб ба онҳое, ки «Ман
Шарлиам» гуфта ҷор мезананд:
«Ман Шарли нестам.» «Ман
Муҳаммадиам!!!» Биёед аз он
Паёмобари Худованд (с) инсоният ва
ахлоқро биомӯзед!
мархамат ба гурухи бехтарини исломи пайваст бишавед!

☞ БИХОН ВА ФАҚАТ ГИРЯ НАКУН ☜ 
 - 876020396531

Комментарии 6

O O
Оли
18 окт 2018
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    O O
    Иншоаллох
    18 окт 2018
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Имя Нет
    Имя Нет
    Мошаллох кисаи бехтарин дастонатон хаста нашаванд Худованд забонатро боз хам бурротар гардонад
    21 окт 2018
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Гайрат Умаров
    Гайрат Умаров
    Балеее! Дар назди рафторхои олии Пайгамбари бархак (с.а.в) сари таъзим фуру ори хам, кам аст! Салавот бар Мухаммад(с.а.в.) ва оли асхобашон!
    26 окт 2018
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Й Й
    бехтарин хикояи РАСУЛИ ХУДО (с а в)
    27 окт 2018
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Джалилов Давлат
    Джалилов Давлат
    Бехтарин киса
    4 окт 2022
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    С наступающим Днём Победы!
    Почтите память героев Великой Отечественной войны
    Возложить цветы
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    Хамеша ба ёди Аллох чустучуи илми ислом

    Хамеша ба ёди Аллох чустучуи илми ислом

    ЛентаТемы 24 806Фото 31 390Видео 4 008Участники 103 647
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 24 806
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться