Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
(Ба бародарам-Бахтиёр)
*************************
Рӯзи мавлудат муборак, эй бародарҷони ман!
Эй чунони қиблагоҳам, навгули бӯстони ман!
Дида дузам ҳар гаҳе бар чеҳраи хандони ту,
Дар назар ояд ҳамоно мардуми чашмони ман!
Ору номуси падар андар ту мебинам ҳаме,
Ҳам хирадмандии ӯ, эй ғолиби майдони ман!
Навбаҳори навҷавонӣ ваҳ чӣ хӯш дар кӯи ту,
Бо ту хоҳам умри Саъдӣ, эй баҳористони ман!
Ҳамчу Ҷомӣ оқилу монанди Ҳофиз шод бош,
Хушдилу хушдида бошӣ, ҷамбилу райҳони ман!
Рӯҳи он марди накӯ бошад мададгорат ҳаме,
Зиндадори номи некаш шӯълаи тобони ман!
Бахти нав, иқболи нав ёрат шавад, эй Бахтиёр,
Гӯядат Мақсудалӣ, ҷон Юсуфи Канъони ман!

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев