Свернуть поиск
Гулчехра Хомидова
Баракати хонадон
Мо хеле бой зиндагӣ мекардем. Хеле ҳам. Дасти падарам ба ҳар куҷое ки мехостанд, мерасид. Дар хонаи мо боз як нафари дигар — аммаам низ зиндагӣ мекарданд. Дар зиндаги,оиладорияшон нашуд ва ба хонаи мо баргашта омада буданд. Бо гузашти вақт, бешавҳарӣ ба онҳо аз ҳар ҷиҳат таъсир кард. Аввал гӯшҳояшон вазнин шуд, баъд ба айнак ниёз пайдо карданд, баъдтар асабӣ ва ҷанҷолӣ шуданд.
Падарам пас аз вафоти бобою бибиам, ба аммаам мисли модарашон ғамхорӣ мекарданд. Аммаи беозорам моро хеле дӯст медоштанд. Азбаски фарзанд надоштанд, барояшон раҳмам меомад. Ҳоло, ки худам зани калон шудам, умри гузаштаи онҳоро таҳлил карда, тарсам меояд. Мехоҳам ба онҳо аҳсан ва тасанно бигӯям, ки танҳо зиндагӣ карда, ягон бор таъна назаданд. Дар ҳақиқат, танҳо зиндагӣ кардан, танҳо гузаштани умр ва боз бефарзанд аз дунё бе ному нишон рафтан худ як даҳшат аст.
Рӯзе чизе шуду онҳо бо падарам баҳс карданд ва тасмим гирифтанд, ки ба хонаи амакам кӯчида раванд. Рӯзи рафтанашон аз ҳуҷраашон мактубе пайдо кардам. Дар он чунин навишта шуда буд:
“Модарҷон, имрӯз шуморо сахт ёд кардам. Додарам, ки худам ӯро бардошта калон карда будам, ба сарам дод зад. Додарам, ки намегузоштам касе ӯро гирёнад, имрӯз маро гирёнд. Додарам, ки барои ифлос нашудани либосҳояш ӯро дар пуштам мебардоштам, имрӯз диламро сиёҳ кард. Модарҷон, кӯдакиямро ёд карда истодаам...”
Лаҳзае хомӯш мондам ва ашкҳоямро пинҳонӣ пок кардам. Росташро гӯям, инҳоро хонда гиристам. Хатти навиштаашон ҳам мисли кӯдакон буд. Аммо аз ҳамон рӯзи рафтани онҳо, баракат аз дасти падарам парида рафт.Падарам бо баробари хоҳар, давлаташонро ҳам гум карданд.
Дар ҳақиқат, Аллоҳ ризқро ба хотири пайвандон ва хешовандон дучанд медодааст...
#ҳикоя #қиссаи_пандӣ #зиндагӣ #андеша #ибрат #хоҳар_бвродар #оила #Тоҷикистон
2 комментария
13 классов
ПЕШ АЗ #ХОБ
Акои Насим 15 сол дар Русия подрядчик буд. Аз субҳ то шом дар сохтмонҳо лой кашонд, бетон рехт ва дар вагонҳои хунук хоб рафт. Ҳар моҳе, ки пул мефиристод, ба занаш як гапро такрор мекард: Сабр кун, занак, чунон ҳавлие созам, ки деҳа ангушти ҳайрат газад. Мардум бинанд, ки Насими ятим кӣ будааст.
Ва сохт.
Деворҳои ҳавлиашро чунон баланд бардошт, ки гӯё қалъаи ҷангӣ бошад.
Дарвозаеро аз Туркия овард, ки нархаш баробари як хонаи дуҳуҷрагӣ дар шаҳр буд.
Даруни хонаҳоро бо гаҷкориву тиллоҳалкунӣ чунон оро дод, ки кас метарсид ба фарш қадам занад.
Оқибат рӯзи ифтитоҳ расид. Насим бо сари баланд ба деҳа баргашт. Тӯйи бошукӯҳ дод. Ҳамаи онҳое, ки дар вақташ ба ӯ нописанд нигоҳ мекарданд, акнун меомаданду Акои Насим, зӯр шудааст. гӯён лабханд мезанданд.
Вале баъди як ҳафта тӯй тамом шуд. Меҳмонҳо рафтанд. Насим дар он қасри калону пурҳашамат бо занаш танҳо монд. Се писараш, ки дар ҳамон қаср бояд зиндагӣ мекарданд, дар Русия буданд. Онҳо гуфтанд: Дада, мо дар ин хонаи калон чӣ кор мекунем? Дар ин ҷо кор нест. Мо бояд дар ин ҷо бошем, то пули обу барқи ҳамон қасрро кор кунем.
Шаб шуд. Насим дар миёни он хонаҳои боҳашамат мегашт. Қадамҳояш дар даруни хонаҳои холиву баланд акси садо (эхо) медоданд. У ба деворҳои тиллоӣ нигоҳ мекард, вале касе набуд, ки бо ӯ як пиёла чой хӯрад. Ҳатто набераҳояшро танҳо дар экран менишонданд.
Як рӯз Насим дар канори ҳамон девори баланди ҳавлиаш нишаста буд, ки ҳамсояаш, як мӯйсафеди оддӣ, гузашт.
— Акои Насим, ҳавлӣ муборак.Вале чаро зиқи?
Насим оҳе кашиду гуфт:
— Бист сол барои ин деворҳо ҷон кандам, бобо. Фикр мекардам, ки қаср созам, оилаам ҷамъ мешавад. Вале акнун мебинам, ки деворҳоро сохтаму роҳи дилҳоро гум кардам. Бачаҳоям ба ин деворҳо одат накардаанд, онҳо ба вагонҳои Русия одат карданд. Ман барои гапи мардум қаср сохтам, вале акнун дар ин қаср мисли як маҳбуси танҳо нишастаам.
Баъди як сол Насим аз дунё гузашт. Медонӣ дарди асосӣ дар чӣ буд?
Писаронаш барои ҷаноза омаданд, вале дар он ҳавлии калон ҳатто як рӯз истода натавонистанд. Гуфтанд: Дар ин ҷо дилгиркунанда аст.Модарашонро мехостанд бо худ ба шахр баранд. Ҳавлиро ба фурӯш монданд. Вале касе нахарид, чунки дар деҳа касе пули он қасрро надошт.
Ин қиссаи ҳазорон Насимҳои мост:
Мо беҳтарин солҳои умри худро дар ғарибӣ барои сохтани хишт медиҳем, вале вақте хиштҳо тамом мешаванд, мебинем, ки умр ҳам тамом шудааст.
Мо барои он ки ҳамсоя нахандад, худамонро ба дор мекашем. Қаср дорем, вале дарунаш аз меҳру одамӣ холӣ аст.
Шахлои Начмиддин
1 комментарий
17 классов
ВКД ХАБАР МЕДИХАД.
Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва ҷалби ҷавондухтарон ба танфурӯшӣ ва хизматрасониҳои шаҳвонӣ шаҳрванд Раҳимова Хуршеда Иброҳимовна, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд.
Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда давоми солҳои тӯлонӣ бо роҳи фиреб ба боварии ҷавондухтарон, махсусан онҳое, ки дар байни мардум шуҳрат доранд даромада, бо ваъдаҳои гуногун дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамзамон онҳоро ба хориҷи кишвар бурда, бар ивази маблағҳои пулӣ маҷбур ба анҷом додани амалҳои шаҳвонӣ бо мардон мекардааст.
Айни замон як қатор чунин кирдорҳои ҷиноятии гумонбаршаванда ошкор карда шудаанд.
Ҳоло Раҳимова Х. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади муайян намудани дигар ҳолатҳои кирдорҳои ҷиноятии ӯ чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.
Аз шаҳрвандон, бахусус он нафароне, ки эҳтимолан мавриди истисмори ҳадафҳои ҷиноятии номбурда қарор гирифтаанд, хоҳиш карда мешавад, ки тавассути рақами (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Сотрудниками уголовного розыска Управления МВД по городу Душанбе, в результате оперативно-розыскных мероприятий была задержана Рахимова Хуршеда Иброхимовна, 1988 года рождения, жительница города Душанбе, подозреваемая в совершении ряда преступлений, связанных с вовлечением девушек в проституцию и оказанием интимных услуг.
В ходе предварительного следствия установлено, что подозреваемая на протяжении длительного времени обманом входила в доверие к молодым девушкам, особенно к тем, кто имел определённую известность среди населения, после чего под различными предлогами вывозила их как по территории республики, так и за её пределы, где за денежные средства принуждала к совершению действий сексуального характера с мужчинами.
На данный момент установлено несколько эпизодов преступной деятельности подозреваемой.
В настоящее время Рахимова Х. содержится под стражей, продолжаются следственные мероприятия, направленные на выявление других эпизодов её противоправной деятельности.
Граждан, в особенности лиц, которые могли пострадать от преступных действий данной подозреваемой, просят обращаться в столичную милицию по телефону (+992) 018-02-02-02.
@dushanbe_police_tj
19 комментариев
21 класс
Рохбар Зайнидинова
Апаи гироми,Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз таҳти дил табрик мегӯям. Орзуи онро дорам, ки ҳамеша осоиштагӣ ҳамсафари зиндагиатон бошад. Бигзор чеҳраи шумо ҳамеша мисли гулҳои баҳорӣ хандон ва қалбатон лабрези меҳру муҳаббат бимонад. Саломату сарбаланд бошед!.
Бароятон тамоми хушиҳои оламро таманно дорам.
6 комментариев
17 классов
Дуруд дустони азиз.
Умедворам,ки сихатманд хастед.
Доғи рӯз дар чист?
Ин мавзӯъ на танҳо доғи рӯз, балки як вируси ҷамъиятӣ шудааст. Ин на қисса аст ва на афсона, ин воқеияти пастест, ки ҳар рӯз дар экрани телефонҳоямон мебинем.
Биёед рост гап занем: имрӯз дар Тик-ток ва Инстаграм мардигарӣ ва номус ба як пули сиёҳ табдил ёфтааст.
Дар як деҳаи муосир, ки номаш Инстаграм-обод буд, ду паҳлавон пайдо шуданд: яке Эшмат-блогер ва дигаре Тошмат-лайк. Инҳо на каланд заданро медонистанд ва на даравро, вале дастҳояшон аз субҳ то шом ба телефон часпида буд, гӯё ширеши Момент молида бошанд.
Як рӯз Эшмат дар эфир баромад ва бо овози дурушт гуфт:
— Ҳой мардум. Ин Тошмат одам нест. У дирӯз дар ресторан аз хисоби ман хӯрда, ба ман лайк намонд. Модару падарашро фалон мекунам.
Тошмат, ки дар хонааш нишаста, нони қоқро ба чой тар карда мехӯрд, инро шуниду якбора паҳлавониаш бедор шуд. Вай ҳам Прямой эфирро гирон кард:
— Эй ҳаромхӯр, Эшмат. Ту худат кистӣ? Бобоят дар вақташ аз бозори мо гов дуздида буд. Ман ҳамаи сирру асрори занатро медонам.Мана бинед, мардум, ман ҳозир ба ин лаънатӣ нишон медиҳам.
Мардуми содда бошанд, корро партофта, ба инҳо Роза ва Шапка мепартофтанд. Яке мегуфт: Эшмат, натарс, гап зан, дигаре мегуфт: Тошмат, ҳақоратро сахттар кун, ки мо лаззат барем.
— Садқаи номуси мардӣ шавед.
Дар замони мо паҳлавонҳо дар майдон қувваозмоӣ мекарданд, на дар паси экран бо ҳақорати модару хоҳар. Инҳо гург нестанд, инҳо шағолҳои замонӣ ҳастанд, ки номуси худро ба як тики Тик-ток мефурӯшанд.
Пагоҳӣ ин ду душман дар як чойхонаи пинҳонӣ вохӯрданд. Эшмат ба Тошмат гуфт:
— Ҷӯра, дидӣ чӣ хел хайп шуд? Дирӯз 500 доллар кор кардем. Имшаб боз сахттар ҳақорат кун, бигзор мардуми аҳмақ бовар кунанд ва пул резанд. Мо номусро мефурӯшем, онҳо бошанд, тамошо мехаранд.
Ин паҳлавонони телефонӣ мисли ҳамон харҳои бозорӣ ҳастанд, ки то вақте соҳибаш (яъне тамошобин)беда (яъне лайк) медиҳад, ҳангос мезананд.
Шарм рафту шӯр омад.
Блогер барои просмотр тайёр аст, ки кафанро аз тани бобояш кашида, дар эфир нишон диҳад.
Мо касонеро герой меҳисобем, ки ҳатто ҷуръати дар кӯча ба рӯи кас нигоҳ карданро надоранд, вале дар паси экран шери нар мешаванд.
Афсӯс, ки забон барои зикр буд, вале барои инҳо асбоби нони ҳаром шуд. На лафз монд, на шарм, на мусалмонӣ фақат телефони заряддор ва забони белафз.
Сценария ҳамеша як хел аст:
Ду блогер, ки шояд дирӯз дар як коса ош мехӯрданд, якбора душман мешаванд. Якеаш дар эфир мебарояд ва ҳафт пушти дигареро ҳақорат мекунад. Дигаре реаксия медиҳад ва пасттарин гапҳои оламро дар бораи хонавода ва зану фарзанди рақибаш мегӯяд.
Чаро ин корро мекунанд?
На барои он ки ҳақиқатҷӯ ҳастанд. На.Фақат барои Просмотр, Гифт ва Лайк
Ҳар қадар ҳақорат зиёд бошад бинанда зиёд мешавад.
Ҳар қадар шармандагӣ зиёд бошад Розаву Леви бештаре мепартоянд.
Онҳо номуси худро ба монетизация мондаанд. Ҳазорон наврас ба инҳо нигоҳ карда, фикр мекунанд, ки мардигарӣ ҳамин ҳақораткуниву паст задани якдигар дар байни мардум аст. Барои онҳо ин кахрамони менамояд, дар ҳоле ки ин пастии мутлақ аст.Барои 100 доллари амрикоӣ блогер тайёр аст, ки тамоми сирру асрори ҷӯраашро фош кунад, модари уро хакорат кунад, збаъди як ҳафта боз бо ҳамон одам оштиномаи сохта кунад, то боз хайпи нав шавад.Аз ҳама дарднокаш ин аст, ки мо мардум инро тамошо мекунем. Мо ба ин театри ҳаром»пул мепартоем. Мо бо лайки худ ба онҳо қувват медиҳем, ки боз ҳам пасттар раванд.
Дар замонҳои пеш мардҳо барои як ҳарфи ноҷо барои зану фарзанд хун мерехтанд. Имрӯз бошад, блогерҳо худашон зану фарзанди худро ба баҳсҳои интернетӣ мекашанд, то дигарон ҳақораташон кунанд ва аз ин ҳисоб рейтингашон боло равад.
Ин ҷангҳо ҷанги ҳақиқат нестанд, ин музоядаи беномусӣ аст. Кӣ бештар ҳақорат кунад, кӣ бештар шарманда кунад ҳамон зӯр ҳисоб мешавад.
Ин аст доғи рӯзи мо: мо қаҳрамонҳои худро аз байни маскарабозҳои интернетӣ кофта истодаем ва афсӯс, ки виҷдони ҷомеа бо ҳар як Лайк дар таги пои ин блогерҳо пахш мешавад.
Ин воқеият аст. На афсона ва на шеър. Танҳо ҳақиқати талхи экранҳои мо.
Шахлои Начмиддин 🌹
1 комментарий
3 класса
Ассалому алайкум дӯстон.
Имрӯз дӯст ва апаи азизу меҳрубонам Шаҳло Наҷмиддинова зодрӯз доранд.
Апаи Шаҳлоро бо рӯзи мавлудашон аз самими дил муборак намуда, барояшон аз даргоҳи Яздони пок сиҳату саломатӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Орзу дорам, ки ҳаётат пур аз эҳсосоти мусбӣ бошаду рӯҳу ҷонат гарм ва роҳат шавад. Бигзор шуморо ҳамеша одамони меҳрубон, бовафо ва дӯстдоштанӣ иҳота кунанд. Бароят некиву саодатмандӣ таманно дорам, хонаат ҳамеша пур аз ханда ва обод бошад! Аз самими қалби пок дар тамоми роҳи умратон файзу баракати заминӣ, оромии қалб ва роҳи равшан орзумандам! Мавлудат хуҷаста бошад, Ш N Шаҳло Наҷмиддинова
27 комментариев
26 классов
Марям Давлатова
Боз ҳам дар бораи мактаб, омӯзгор ва волидон.
Ҳамин субҳ шоҳиди ҳодисаи ногуворе шудам, ки нишондиҳандаи маърифати, аниқтараш бемаърифатии омӯзгори мактаб аст. Бонуи ёрдамчии ман дар хона, инсони хоксору шарифест. Ӯ аз роҳи дур, аз кунҷи дигари шаҳр меояд, то бо тамизкорӣ рӯзгорашро пеш барад. Имрӯз баробари корро сар карданаш занги телефонаш садо дод. Ӯ телефонро бардошт ва садояшро баланд монд, то дасташро аз кор наканад ва ман беихтиёр шоҳиди суҳбати онҳо шудам. Ин роҳбари синфи писараш будааст. Дар садои ин "омӯзгор" он қадар кибру нописандӣ буд, ки ба қавле "сари ман дуд кард". Суҳбат бо ибораи "ҳа ховӣ?" сар шуд. Мазмунаш давида биё, ин ҷо бачаат проблема кардаасст. Модари бечора шах шуд. "Чӣ хел проблема, тинҷӣ ҳаст? " аз он тараф "гапи телефонӣ нест. Омадӣ мефаҳмӣ". Модар ҳарчанд мехост, ягон тафсилоти ҳодисаро бифаҳмад, ки андак дилаш ором бигирад,ҷавоби ин "горемаҳлимма" ҳамон буд. Директор файрод кардай, биё.
Зан даступохӯрда ба ман менигарист, Апаҷон чӣ кор кунам, рафта гашта биёям, мешавад? Гуфтам, рав, хоҳ нохоҳ кор карда наметавонӣ. Ҳарчанд кори хонаи ман таъҷилӣ буд. Тинҷӣ бошад, тавонӣ биё.
Ва худам ба фикр фурӯ рафтам. Кист ин муаллима? аз тарзи гуфтораш пеши назарам портрети як зани сатанги дағалгуфтору бетарбия муҷассам шуд, ки аз салтанати худ ифтихор дорад. Дар садои ӯ ташвишу нигаронӣ аз тақдири шогирдон, ки шояд воқеан "проблема" карда бошанд, ягон зарра набуд. Ҳамон тантанае буд, ки ана ман акнун имкон дорам, ҳамаи шуморо несту нобуд кунам. Ба ибораи навтарин "трампо трамп".
Бале, кори муаллимӣ осон нест. Бале, дар мактабҳо муаллим намерасад. Бале, маоши муаллим кирои заҳмату мартабааш нест. Вале, кӣ ҳақ додааст, ки ту нисбати модари шогирд чунин муносибат дошта бошӣ? Ёрдамчии ман зани аз 40 боло, фарзанди қадрас дорад, аз мактабу муаллим қарздор нест. Агар замоне нафаре касби пуршарафу заҳматталаби муаллимиро интихоб карда бошад, донишгоҳи омӯзгориро хонда бошаду ҳамчун мутахассиси тарбияву таълим ба мактаб омада бошад, бояд омода бошад, ки наврасон баъзан "проблема" мекунанд.
Вазорати маориф, масъулияти тарбияро комилан, ба зиммаи волидон партофта, хатои бузург кард. Масъулияти волидон ва масъулияти муаллимон ҳар кадомаш дар ҷойи худаш аст. Муаллим барои шогирд намунаи одобу рафтори шоиста аст, ва худи ҳамин шакли муассири тарбия аст. Ҳақ нест, оне ки мегӯяд, ки муаллим фақат масъули фанҳост. Аксари фанҳои шуморо имрӯз аз интернет ҳам дарёфтан мумкин аст. Бигзор шогирд 6 соат ҳам дар мактаб гузаронад, вале ин 6 соати муҳиммаш аст. Кӯдак дар мактаб дарси иҷтимоӣ шудан, бо оламу одам муносибат бунёд кардан, рафоқату дӯстӣ, адолату баробариро ҳам меомӯзад. Ва мехоҳед ё не, муаллимон роҳнамои ин равандҳо мемонанд.
Айни замон чунин муаллимон, бадбахтона кам нестанд, ҳар рӯз ин ҷову он ҷо мо қиссае аз ин ҳолатҳо мешунавем. Дирӯз ҳам бо як оила дар бораи мушкилоти наврасии фарзандашон суҳбат доштем, он ҷо ҳам хулоса ҳамин бесалоҳиятии муаллимон буд, ки боиси мушкилоти ин оила гардидааст.
Ҳа камбуди муаллимон мақоли "аз оғили холӣ гови шохзан беҳ"ро ба хотир меорад. Ҳоло роҳи ҳалли ин масъала куҷост, бояд фикр кард. Осонтаринаш, маоши муаллими хуб, бояд аз 10 000 сомонӣ кам набошад..
Вале баҳоро бояд шогирдону волидон бидиҳанд. Тавассути пурсишномаҳо беном, ки ҳар сол дар охири соли таҳсил гузаронида бишавад.
Вагарна, танҳо барои озмун ғолиб тайёр кардан, хеши директор будан ва боз кадом як меъёрҳои аёну ноаён наметавонад, бехатарии равонии фарзандону волидонро таъмин намояд.
Барои ҳозир тамом вассалом.
Маорифи Тоҷикистон , Раёсати маорифи Душанбе. @актуальное
1 комментарий
13 классов
ПЕШ АЗ #ХОБ
Табақгардон
Дар маҳаллаи Калон ду ҳавлӣ рӯ ба рӯ буданд. Ҳавлии Ҳаким-савдогар ва ҳавлии Холаи Ойша. Ҳаким-савдогар ҳар рӯз бо мошини борбараш мол меовард, занаш бошад, ҳар ҳафта дар ҳавлӣ дег мезад ва бӯйи гӯшту равған тамоми маҳалларо мегирифт. Холаи Ойша бошад, бо нафақаи пирӣ ва пули андаке, ки писари маъюбаш аз бозор меёфт, рӯз мегузаронд.
Рӯзе зани Ҳаким-савдогар як табақ оши сергӯшту равғанро гирифту ба назди дари Холаи Ойша рафт.
— Хола, як каф ош овардам, насибатон будааст, гуфт ва табақро ба дасти пиразан дод.
Холаи Ойша бо ҳазор дуо табақро гирифт. Вале дар дилаш тарсу воҳима пайдо шуд. У медонист, ки қонуни нонавиштаи ин маҳалла чӣ гуна аст: табақ набояд холӣ баргардад.
Се рӯз Холаи Ойша дар фикр буд. Табақи чинии қиматбаҳои ҳамсоя дар болои ҷевони ӯ мисли як бори гарон меистод. Дар хона на гӯшт буд, на равғани хуб ва на меваи қимат. Чӣ тавр табақро баргардонад, ки ҳамсояи сарватмандаш ӯро масхара накунад?
Писари маъюбаш як рӯз аз бозор чанд дона себи андак латхӯрда ва як миқдор чормағз овард. Холаи Ойша себҳоро бо эҳтиёт пок кард, чормағзҳоро дар миёнаш гузошт ва бо дили ларзон дари ҳамсояро кӯфт.
Зани Ҳаким-савдогар дарро кушод. Ба табақ нигоҳ карду лабашро каҷ намуд.
— Холаҷон, ин чӣ овардаатон? Мо ин хел себҳоро ҳатто ба сагҳоямон намедиҳем. Агар чизе надоштед, табақро холӣ меовардед, ҳеҷ гап набуд. Мо ба чизҳои шумо муҳтоҷ нестем.
Холаи Ойша чизе нагуфт. Танҳо табақро дар кунҷи даҳлези ҳамсоя гузошту баргашт. Вай дар роҳ ба худ мегуфт: Худоё, чаро одамон некиро барои некӣ не, балки барои намоиш медиҳанд?
Ҳамон шаб Ҳаким-савдогар бо мошини бораш ба садама дучор шуд. Мошинаш пачақ гашт ва тамоми молаш дар зери чархҳо монд. Вай дар як шаб ҳама чизеро, ки дошт, аз даст дод. Саҳар, вақте зани Ҳаким дар ҳавлӣ мегирист, Холаи Ойша бо як коса шӯрбои бе гушт баромада гуфт:
— Духтарам, зиқ нашав. Мол меояд ва меравад, асосаш саломатӣ аст. Бигир, инро бо фарзандонат бихӯр.
Зани Ҳаким ба косаи шурбои бе гушт нигоҳ кард. Ин дафъа вай дигар лаб каҷ накард. Чунки фаҳмид, ки дар рӯзи сахт на оши сергӯшт, балки ҳамон косаи шӯрбои бе гушти ҳамсоя аст, ки ба кас қувват медиҳад.
Ин воқеият аст. Мо дар дунёи табақҳои пур ва дилҳои холӣ зиндагӣ дорем.
Шахлои Начмиддин 🌹 🌹 🌹 🌹 🌹
1 комментарий
27 классов
Джамшеди Махкампур
Ассалому Алейкум азизони дилу дида!
Имрӯз тақрибан аз соати 9:30 то соати 10:00 мусофире аз деҳаи Марғедар то деҳаи Рукнобод дар автомашинаи Хундай-Старекс нишаста ҳангоми фаромадан кашелёк худро фаромӯш намудааст, ки дар дохили кашелёк калитҳои магазин ва дарвоза низ ҳастанд!
Мутаассифона муштари шумораи мошин ва ба куҷо рафтанашро намедонад.
Эҳтиромона хоҳиш мекунем касе ёфта бошад баргардонад.
Ин ша Аллоҳ мукофотонида мешавад.
Шумора баро тамос:
92 670 89 11
1 комментарий
19 классов
Наргиси Муродалӣ
САРВАТ
(ҳикоя)
Кампир ду моҳ боз дар бистари беморӣ хоб буду чанд рӯзи ахир аз гулӯяш об ҳам намегузашт. Аммо болиши азизгияшро, ки он кадар калон ҳам набуду солҳои тӯлонӣ лаҳзае аз он ҷудо нашуда буд, ҳамоно аз оғӯшаш раҳо намекард.
Фарзандон кори модарро дида ба сӯйи ҳамдигар нигоҳи пурмаъно меафканданд.
Онҳо бо нигоҳ ба якдигар ҳарф мезаданд.
''Чӣ қадар модарамон сарвати дар болишбудаи худро дӯст медорад, ки ҳатто дар назми ҷонасту онро раҳо кардани нест''- мегуфтанд...
Собира-хола солҳо боз болишро эҳтиёт мекарду ба касе иҷозат намедод, ки онро аз пеши назараш дур кунад.
-Оча, даруни болиш тиллову нуқра доред, ё пули зиёд, ки аз он ҷудо намешавед?- гоҳу ногоҳ ҳазломез мепурсиданд, фарзандон.
-Чизе дорам, ки аз тиллову тангаву пулу мол қиматтар аст. Дар ин болиш нишонаи сарвати бебаҳои ман аст, - асроромез ҷавоб медод модару дар умқи чашмонаш ғӯссаи бепоёне падид меомад.
Фарзандон ба ин гуна суханони пардадори Собира-хола одат карда буданд. Бинобар ин кунҷкобиро ба худ эб намедиданд. Онҳо медонистанд, ки модарашон бармаҳал аз шавҳар мондаву сеи онҳоро бо азобҳои алиме тани танҳо ба воя расондааст. Таҳаммули пастию баландиҳои зиндагӣ бошад, хотири ӯро бисёр озурда гардонда. Инаст, ки модар зудранҷу озурдадил гашта буд.
-Санавбар, вақте ки маро ба хок мегузоранд, ҳамин болишро паҳлӯям монда гӯронед. Он гоҳ абадан осуда мешавам...
Суханони канда-кандаи кампир фарзандонро дар изтироб андохт.
''Наход, модарашон баъди марг ҳам аз сарвати худ даст кашидани нест?''- меандешиданд пеши худ.
-Хуб шудаст, очаҷон. Аммо шумо сиҳат шуда мехезед. Дар бораи марг наандешед,- ба таври худ тасалло дод модарро Санавбар.
Кампир хандаи талхе карду лабони парсинбастааш пир-пир ба паридан даромад.
Санавбар ба бародараш фармуд,то зуд ҳамсояашон амаки Валиро даъват кунад. Худаш бошад бо пахта лабони модарро зуд-зуд тар мекард.
Амаки Валӣ омад. Ӯ хабар дод, ки кампирро фурсати реҳлат фаро расидаасту ба хондани сурраи ''Ёсин''-сар кард...
Кампир чашмони чӯкидаи камнургардидаашро абадан пӯшид. Фарзандон, ки болиши азизгии модарро фақат барои бадар кардани рӯйпӯшу шустани он ба даст мегирифтанд, кунҷкобона кушоданд.
Онҳо бовар доштанд, ки модарашон даруни болиш чизи қиматеро ниҳон карда. Вале...
Даруни болиш дастбандаку пойпечи гавҳора ва либосҳои кӯдаки хурдсол боҳавсалаи тамом ҷой карда шуда буд.
Фарзандон аз нақли модар медонистанд, ки нахустфарзанди вай ҳанӯз дар синни ширхорагӣ бо сабаби беморие вафот карда. Аммо онҳо намедонистанд, ки модарашон тамоми умр аз ғами марги ӯ сухтаву он чизеро, ки ба тифлакаш таалуқ дошт, чун сарвате маҳфӯз доштааст.
Фарзандон сарвати модарро бо ӯ ба хок супурданд, то рӯҳи модарашон абадан осуда бошад.
1 комментарий
18 классов
Фильтр
загрузка
Показать ещёНапишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Дополнительная колонка
О группе
Сиришти хок аз охан чудо нест
Хаёти одами низ бе хато нест
Хаточуён хатои худ бичуед
Дар олам бе хато гайр аз Худо нест.
- 00000000
- 🇹🇯 Таджикистан, Душанбе
Показать еще
Скрыть информацию
Правая колонка