
Моҳи хайру моҳи эҳсон алвидоъ,
Моҳи зикру хатми Қуръон алвидоъ.
Мерави имрӯз аз даргоҳи мо,
Моҳи файзу роҳати ҷон алвидоъ.
Мешавем пазмони ту ҳар лаҳзае,
Моҳи сидқу моҳи дармон алвидоъ.
Мо накардем тавбае аз сидқи дил,
Моҳи авфу моҳи паймон алвидоъ.
Дам ба дам бо гиря мегӯем мо:
Моҳи хайру файзу эҳсон алвидоъ.
Меравад аз мову ту Моҳи накӯ,
Ҷайҳуни гӯ дида гирён: алвидоъ.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев