
Номардро ба нафрати мардон супурдаам.
Сар то ба пой дардаму дармонда нестам,
Бедардро ба довари дармон супурдаам.
Бар оҷизони шӯҳратам каҳдуди қаҳ-қаҳа,
Бар ҳосидони ҳимматам Девон супурдаам.
Рақсида ҳамчун оташак андар ҳалоки хеш,
Чун барқ хандарези фано ҷон супурдаам.
Ҳушёру маст водии ҳиҷрон гузаштаам,
Паймонаро ба вориси паймон супурдаам.
Гар бо ҳама ҳақорату таҳқир олиям,
Оли наҷоти хеш бар Сомон супурдаам.
Ёрони хасм гаштаву хоину сифларо,
Аз рӯи меҳр бар худи Яздон супурдаам!...


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев