
Падар баъди оне, ки ба ҳарфҳои духтараш гӯш дод, гуфт: Хуб духтарам, бо шавҳарат суҳбат хоҳам кард.
Рӯзи дигар падар ҳамаи мардҳои хонаводаашро, ки бо духтар маҳрам буданд дар хона ҷамъ кард, (ҳатто шавҳари духтарашро низ) ва ба ҳар яке чодаре дод ва ба ҳамсараш гуфт, ки духтарашонро нимаурён кунаду вориди хона созад.
Модар дастури шавҳарашро итоат намуд ва духтарро нимаурён ба хона фиристод.
Чун духтар ба хона даромад аз хиҷолат сурх шуд ва чи кор карданашро намедонист.
Падар чодарашро кушод ва гуфт: Биё духтарам, пинҳон шав. Аммо духтар нарафт.
Бародараш гуфтд: Биё зери чодари ман. Духтар қабул накард. Дар ин ҳангом ногаҳон чашми духтар ба шавҳараш афтод, ки ӯ низ дар он ҷамъ ҳозир аст. Дарҳол рафт ва худро зери чодари шавҳараш пинҳон намуд.
Баъдан падар рӯ сӯи духтараш карду гуфт: Дидӣ духтарам? Маҳрамтар аз шавҳарат бароят касе шуда наметавонад. Пас беҳтар аст биравӣ зиндагии худро пеш бубарӣ ва ту айбҳои шавҳаратро бипӯшонӣ ва ӯ айбҳои туро.
АЗ ҲАР ЗОВИЯ t.me/azharzoveya 🕊


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев